БОЗДИДИ РАИСИ КУМИТА АЗ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД
2026-09-11 16:14:03
11 сентябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ аз Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод боздид ба амал овард.
Зимни
боздид раиси Кумита бо фаъолияти таълимию истеҳсолии муассиса, шароити таҳсилу
касбомӯзии хонандагон, вазъи пойгоҳи моддию техникии литсей ва раванди
омодасозии мутахассисони ҷавон шинос гардид.
Иттилоъ
дода шуд, ки Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод соли 1964 бо мақсади
омода намудани кадрҳои коргарӣ барои сокинони водии Рашт таъсис ёфта, дар тӯли
фаъолияти чандинсолааш дар омодасозии кадрҳои соҳибкасб барои минтақа ва дигар
шаҳру ноҳияҳои кишвар саҳми назаррас гузоштааст.
Дар
солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин муассиса на танҳо ҷавонони Тоҷикистон, балки
касбомӯзон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ ба таҳсил фаро гирифта
мешуданд. Муассиса дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ҷойгир буда, дорои бинои
таълимии сеошёна, хобгоҳи чорошёна, ошхона, сехҳои қаннодию техникӣ ва дигар
иншооти ёрирасон мебошад.
Қайд
гардид, ки дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ бинобар вазъи мураккаби сиёсиву
иҷтимоӣ фаъолияти муассиса низ ба мушкилоти муайян рӯ ба рӯ гардид. Бо
дастгирии давлат ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати
барқарорсозӣ, таъмиру тармим ва таҳкими заминаи моддию техникии муассиса амалӣ
карда шуданд.
Тибқи
иттилои директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод Диловаршоҳ Бедориев,
айни ҳол дар муассиса беш аз 130 нафар касбомӯз аз рӯйи ихтисосҳои
тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, фермер-соҳибкор, ҳисобдор ва дӯзанда
таҳсил менамоянд. Ба таълиму тарбияи онҳо 30 нафар омӯзгор машғул буда, барои
баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии хонандагон корҳои мунтазам ба
роҳ монда шудаанд.
Гуфта
шуд, ки яке аз бартариҳои муассиса мавҷудияти заминаи мусоиди техникӣ барои
гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ба ҳисоб меравад. Литсей дорои чор трактор,
автомобил, комбайни ғалладарав ва синфхонаҳои махсуси омӯзиши воситаҳои техникӣ
мебошад. Касбомӯзон дар баробари донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалиро низ
бевосита бо истифода аз техника ва таҷҳизоти мавҷуда такмил медиҳанд.
Таъкид
гардид, ки дар муассиса ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва касбҳои дастӣ низ
таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Хонандагон, бахусус духтарон, дар
синфхонаҳои дӯзандагӣ зери роҳбарии омӯзгорони соҳибтаҷриба нозукиҳои
дӯзандагӣ, чеварию гулдӯзӣ ва дигар ҳунарҳои мардумиро меомӯзанд. Маҳсулоти
омоданамудаи онҳо дар чорабиниҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шуда,
ба рушди эҷодкорӣ ва соҳибкасб гардидани ҷавонон мусоидат менамояд.
Зикр
шуд, ки масъалаи фарогирии ҷавонон ба таҳсилоти касбӣ низ яке аз самтҳои муҳими
фаъолияти муассиса ба шумор меравад. Литсей имконият дорад шумораи бештари
довталабонро ба касбомӯзӣ ҷалб намояд. Айни замон дар он баробари сокинони
ноҳияи Тоҷикобод, ҷавонон аз ноҳияҳои гирду атроф низ таҳсил мекунанд.
Бояд
гуфт, ки Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод яке аз муассисаҳои муҳими
касбомӯзии минтақаи Рашт ба ҳисоб рафта, дар тӯли фаъолияти худ дар омода
намудани кадрҳои соҳибкасб барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ва
минтақа саҳми назаррас гузоштааст. Дар давоми фаъолияти муассиса беш аз 17
ҳазор нафар онро аз рӯйи ихтисосҳои гуногун хатм намуда, имрӯз дар соҳаҳои
гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, минтақа ва ҷумҳурӣ фаъолияти меҳнатӣ доранд.
Зимни
боздид таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати иқтисоди миллӣ ва афзоиши
талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони соҳибкасб, таҳкими заминаи моддию
техникии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва васеъ
намудани имкониятҳои омӯзиши касбу ҳунар аҳамияти муҳим дорад.
Раиси
Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, зимни шиносоӣ бо имкониятҳои литсей ба
масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсил, истифодаи самараноки пойгоҳи моддию
техникӣ, рушди таълими амалӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба касбомӯзӣ ва омода
намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳ зоҳир намуд.