НИҲОДИ НАВТАЪСИС ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2026-09-07 12:03:58
Соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса дошта, ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва омодасозии кадрҳои соҳибкасб ба ҳисоб меравад. Бо мақсади ислоҳоти ҳамаҷонибаи соҳа, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва мутамарказ намудани сиёсати давлатӣ дар ин самт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2023, №429 «Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
Бо сиёсати хирадмандона ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 - январи соли 2024, №10 Раҳимӣ Фарҳод, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Кумитаи мазкур ҳамчун ниҳоди навтаъсис дар муддати кӯтоҳ дар самти татбиқи сиёсати давлатии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ як қатор корҳои муҳимро ба анҷом расонида, барои такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мутобиқ намудани омодасозии кадрҳо ба талаботи бозори меҳнат ва таҳкими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 - майи соли 2024, №292 «Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, номгӯйи ташкилотҳои низоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар асоси шартнома (созишномаҳо)-и дуҷониба бо Кумита анҷом медиҳанд» тасдиқ карда шуданд.
Тибқи банди 1-и Низомномаи мазкур, «Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таълиму тарбия, фаъолияти илмию техникӣ, истеҳсолӣ, касбомӯзӣ, дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии тарбиятгирандагон, шунавандагон, таълимгирандагон, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ амалӣ менамояд».
Дар давраи фаъолияти Кумита барои такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа низ як қатор санадҳои муҳимми давлатӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 - декабри соли 2024, №653), Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №654), Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №655), Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №656) ва «Барномаи рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2029» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2025, №599) қабул гардиданд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» аз 1 октябри соли 2025, №2185, низ қадами муҳим дар самти таҳкими заминаҳои ҳуқуқии низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ ба шумор меравад. Қонуни мазкур барои танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳа, муайян намудани мақоми муассисаҳои таълимӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Муҳимияти рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гардидааст. Аз ҷумла, дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 31 августи соли 2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе Пешвои миллат иброз доштанд: «Дар солҳои охир рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат табдил ёфтааст. Зеро пешрафти саноат, энергетика, сохтмон, кишоварзии муосир, нақлиёт, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, технологияҳои рақамӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ бе кадрҳои соҳибкасбу соҳибҳунар ғайриимкон мебошад.
Бо дарназардошти ҳамин зарурат ва бо мақсади ташаккули низоми муосири касбомӯзӣ Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуд».
Пешвои миллат ҳамчунин таъкид намуданд, ки дар солҳои охир шумораи касбу ихтисосҳо дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз 230 ба 730 номгӯй расонида шудааст. Аз ҷумла, дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 14 самт ва 330 касбу ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 10 самт ва 400 ихтисос кадрҳои коргарӣ ва мутахассисон омода карда мешаванд.
Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тадриҷан ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардида, барои соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ кадрҳои зарурӣ омода менамояд. Васеъ гардидани номгӯйи касбу ихтисосҳо, махсусан дар самтҳои саноат, энергетика, технологияҳои рақамӣ, сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт ва хизматрасонӣ, барои қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни иқтисоди кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Айни замон дар кишвар 66 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 28 ҳазор нафар хонанда, аз ҷумла, қариб 8 ҳазор нафар духтарон таҳсил мекунанд. Теъдоди донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба 106 ҳазору 500 нафар расидааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2020–2021-ум 13 ҳазор нафар ва нисбат ба соли таҳсили гузашта 9 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Афзоиши шумораи муассисаҳои таълимӣ, васеъ гардидани доираи касбу ихтисосҳо ва зиёд шудани теъдоди хонандагону донишҷӯён нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ба таҳсилоти касбӣ сол ба сол бештар гардида истодааст. Дар баробари ин, фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим аз ҷумлаи омилҳои муҳимми баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар шароити рушди босуръати иқтисоди миллӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла, саноатикунонии босуръат, рушди иқтисоди рақамӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, нақши таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ боз ҳам муҳимтар мегардад. Омодасозии мутахассисони ҷавони дорои дониш, малака ва қобилияти рақобатпазир метавонад ба рушди истеҳсолот, баланд гардидани маҳсулнокии меҳнат ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо кадрҳои соҳибкасб мусоидат намояд.
Ҳамзамон, таҳкими робитаи муассисаҳои таълимии касбӣ бо корхонаҳо ва ташкилотҳо, рушди низоми таҳсилоти дуалӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим ва ба талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ метавонад самаранокии омодасозии кадрҳоро боз ҳам баланд бардорад.
Дар маҷмуъ, аз дастовардҳои бадастовардаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати нисбатан кӯтоҳ бармеояд, ки ислоҳоти соҳа марҳила ба марҳила ва дар заминаи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, афзоиши шумораи касбу ихтисосҳо, зиёд гардидани теъдоди таълимгирандагон ва мутобиқсозии таҳсилоти касбӣ ба талаботи бозори меҳнат аз ҷумлаи дастовардҳои муҳим дар ин самт мебошанд.
Бо дарназардошти равандҳои муосири рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, метавон итминон дошт, ки Кумита дар татбиқи низоми зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар солҳои минбаъда низ ба яке аз ниҳоди асосии омодасозии кадрҳои соҳибкасб ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ табдил ёфта, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
Шоҳиддин НАҶМУДДИНЗОДА, муовини директор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ