БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМ, ТАҲСИЛОТ, РУШДИ МИЛЛӢ ВА УФУҚҲОИ ОЯНДА ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»
2026-09-04 12:42:23
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «35 соли Истиқлоли давлатӣ: дастовардҳои илм, таҳсилот, рушди миллӣ ва уфуқҳои оянда дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат» баргузор гардид.
Дар кори конфронс олимону донишмандон, профессорону омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муҳаққиқон, намояндагони вазорату идораҳо, аҳли зиё ва дигар намояндагони соҳа иштирок намуданд.
Кори конфронсро муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон марҳилаи сарнавиштсоз ва пурмуҳтавои давлатсозӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва фароҳам овардани заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин давра кишвар роҳи мураккаби барқарорсозӣ ва рушди давлатдориро тай намуда, барои пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму маориф ва таҳсилоти касбӣ, имкониятҳои нав фароҳам овард.
Гуфта шуд, ки таҷлили 35-солагии Истиқлол фурсати муносибест барои бознигарии роҳи тайшуда, таҳлили дастовардҳо, муайян намудани мушкилоти мавҷуда ва тарҳрезии вазифаҳои нав дар роҳи рушди устувори кишвар, зеро Истиқлол барои давлат имконияти мустақилона муайян намудани самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, пешбурди сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таҳкими низоми миллӣ ва рушди соҳаҳои калидии ҳаёти ҷомеаро фароҳам овард. Дар ин миён илму маориф ҳамчун пояи рушди ҷомеа ва таҳсилоти касбӣ ҳамчун василаи омода намудани мутахассисони соҳибкасб мавқеи махсус доранд.
Дар қисми расмии конфронс масъалаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва нақши он дар таъмини рушди устувори Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар робита ба ин мавзуъ таъкид гардид, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи бисёр душвор буданд. Ба даст омадани сулҳу ризоияти миллӣ шароити заруриро фароҳам овард, ки неруи ҷомеа аз муқовимат ба созандагӣ, аз мушкилоти сиёсӣ ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона карда шавад. Дар ин замина Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам суханронӣ намуда, аҳамияти сулҳу ваҳдати миллиро дар таҳкими давлатдорӣ ва рушди ҷомеа баён кард.
Таъкид шуд, ки сулҳ танҳо набудани низоъ нест. Сулҳ шароити зиндагии созанда, таҳсил, меҳнат, фаъолияти илмӣ, рушди иқтисод ва тарбияи насли оянда мебошад. Маҳз дар фазои сулҳу субот метавон муассисаҳои таълимӣ бунёд намуд, неруи илмиро тақвият бахшид, технологияҳои навро ҷорӣ кард ва барои ҷавонон имкониятҳои бештар фароҳам овард.
Дар идомаи конфронс нақши адабиёт ва фарҳанги миллӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ баррасӣ гардид. Дар ин бахш Шоири халқии Тоҷикистон, сарходими шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филология, профессор Аскар Ҳаким суханронӣ намуда, зикр кард, ки адабиёт дар шинохти таърих, арзишҳои миллӣ ва рӯҳи замон нақши бузург дошта, метавонад равандҳои муҳими таърихиро тавассути каломи бадеӣ ба ҷомеа бозгӯ намояд. Дар шароити соҳибистиқлолӣ рушди адабиёт, фарҳанг ва худшиносии миллӣ аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат ба шумор меравад. Пас аз суханрониҳои ифтитоҳӣ кори конфронс ба қисми маърӯзаҳои пленарӣ гузашт.
Дар қисмати пленарии конфронс директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова Ғафурӣ Зоир Саъдулло дар мавзӯи «Омодасозии омӯзгори муосир дар шароити таҳаввули низоми миллии маориф ва таҳсилоти касбӣ: мушкилот, талабот ва дурнамои рушд» маърӯза намуда, зарурати баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгор, рушди ҷаҳонбинӣ, малакаҳои рақамӣ, қобилияти таҳлилӣ ва омодагӣ ба талаботи нави замонро таъкид кард.
Зикр шуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳо нақши омӯзгор ҳамчун роҳнамои дониш, тарбия ва ташаккули ҷаҳонбинии насли нав боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, рушди худи шахсияти омӯзгор бояд дар маркази ислоҳоти низоми маориф қарор дошта бошад.
Дар идомаи конфронс директори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ дар мавзӯи «Истиқлоли давлатӣ - пояи рушди иқтисод ва ояндаи дурахшони давлат» маърӯза намуд. Зикр шуд, ки Истиқлол барои кишвар имконият фароҳам овард, ки самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодиро мустақилона муайян намуда, барои рушди иқтисоди миллӣ ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда заминаҳои устувор фароҳам созад. Таъкид гардид, ки рушди иқтисоди миллӣ бо рушди неруи инсонӣ иртиботи мустақим дошта, омода намудани мутахассисони дорои малакаҳои замонавӣ яке аз шартҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Яке аз бахшҳои муҳими конфронс ба масъалаи рақамикунонии таҳсилоти касбӣ бахшида шуд. Директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе Ҳусейнзода Гулхумор Дадабой дар мавзӯи «Гузариши таҳсилоти касбии технологӣ дар шароити рақамикунонӣ: муаммоҳо, имкониятҳо ва дурнамои рушд» маърӯза кард.
Дар ҷараёни баррасии мавзӯъ таъкид шуд, ки рақамикунонӣ тағйири муҳтавои таълим, усулҳои омӯзиш, муносибати омӯзгор ва донишҷӯ, низоми арзёбӣ ва талабот ба малакаҳои касбиро тақозо мекунад. Зикр гардид, ки иқтисоди муосир мутахассисони дорои саводи рақамӣ, қобилияти истифодаи технологияҳои нав ва омодагӣ ба омӯзиши пайвастаро талаб менамояд. Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бояд ба муҳити нави технологӣ мутобиқ шуда, таълимро ба талаботи бозори меҳнат наздиктар созанд.
Дар идомаи ҳамоиш масъалаи сармояи инсонӣ ва нақши таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар рушди он баррасӣ гардид. Директори Литсейи касбии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе Иматшозода Зинатшо Хизматшо дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири таълим, тарбия, илм ва рушди сармояи инсонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ» маърӯза намуд. Таъкид гардид, ки дар асри XXI сармояи инсонӣ ба яке аз омилҳои асосии рушди давлатҳо табдил ёфтааст. Дониш, малака, касбият, таҷриба, эҷодкорӣ ва қобилияти мутобиқшавӣ ба талаботи нави бозори меҳнат аз унсурҳои муҳими сармояи инсонӣ мебошанд. Маҳз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои бисёре аз ҷавонон нуқтаи оғози воридшавӣ ба муҳити касбӣ ба ҳисоб рафта, дар омода намудани кадрҳои коргарӣ ва техникӣ нақши муҳим доранд.
Дар анҷоми қисми пленарии конфронс масъалаи рушди муҳити илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баррасӣ шуд. Директори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод Игамова Ирода Худойбердиевна дар мавзӯи «Зарурати ташкили шӯроҳои диссертатсионӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ: имкониятҳо, мушкилот ва дурнамо» маърӯза намуд.
Зимни суханронӣ масъалаи тақвияти иқтидори илмии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди таҳқиқотӣ, дастгирии омӯзгорони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ ва пайвастани фаъолияти илмӣ бо ниёзҳои амалии соҳаи таҳсилоти касбӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Зикр гардид, ки рушди муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бояд танҳо ба раванди таълим маҳдуд нашуда, муҳити илмӣ-таҳқиқотӣ низ дар он тадриҷан тақвият ёбад. Ташаккули чунин муҳит метавонад барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди иқтидори илмии омӯзгорон ва ба вуҷуд овардани робитаи бештар байни илм ва амалия мусоидат намояд.
Ҳамин тариқ, дар қисми пленарии конфронс масъалаҳои муҳимми марбут ба рушди давлатдорӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, фарҳанг, иқтисод, саноатикунонӣ, таҳсилоти касбӣ, омодасозии омӯзгор, рақамикунонӣ, сармояи инсонӣ ва рушди иқтидори илмии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Меҳвари асосии ҳамаи маърӯзаҳо андешаи он буд, ки дастовардҳои 35 соли Истиқлол натиҷаи сиёсати созанда, сулҳу субот, заҳмати содиқонаи мардуми кишвар ва рушди пайвастаи соҳаи таҳсилоти касбӣ мебошанд.
Дар конфронс таъкид гардид, ки дар шароити муосир рақобати давлатҳо бештар ба сатҳи дониш, технология, сифати таҳсилот ва рушди сармояи инсонӣ вобаста мегардад. Аз ин рӯ, вазифаи муассисаҳои таълимӣ омода намудани насли дорои донишҳои муосир, касбияти баланд, ҷаҳонбинии васеъ, тафаккури созанда ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Кори конфронс баъд аз нисфирӯзӣ дар бахшҳои алоҳида идома меёбанд. Дар бахшҳо масъалаҳои гуногуни марбут ба рушди илм, таҳсилот, таълиму тарбия, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, рақамикунонӣ, рушди методикаи таълим, омодасозии кадрҳо, иқтисод, саноат ва дигар самтҳои марбут ба рушди миллӣ мавриди баррасии олимон, муҳаққиқон ва омӯзгорон қарор хоҳанд гирифт. Интизор меравад, ки натиҷаи муҳокимаҳои бахшҳо, пешниҳоду андешаҳои олимон ва мутахассисон дар таҳияи тавсияҳои илмӣ-амалӣ барои такмили минбаъдаи низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ истифода шаванд.
Бояд гуфт, ки Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун минбари муҳими андешаронӣ ва таҳлили дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баргузор гардида, имконият фароҳам овард, ки намояндагони илму маориф дар атрофи масъалаҳои муҳими рушди миллӣ табодули афкор намоянд. Меҳвари ҳамаи масъалаҳои матраҳшуда як андешаи муҳимро тақвият бахшид: Истиқлол заминаи давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат шарти субот, таҳсилоти касбӣ неруи пешбаранда, илм роҳнамои рушди ҷомеа ва таҳсилоти касбӣ василаи омодасозии неруи инсонӣ барои ояндаи кишвар мебошад. Баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар ин раванд аҳамияти хос дошта, барои таҳкими муҳити илмӣ, рушди тафаккури таҳлилӣ, табодули таҷриба ва таҳияи пешниҳодҳои созанда ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Қисмати расмию пленарии конфронс бо таъкиди зарурати идомаи корҳои созанда, рушди илму маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос ба анҷом расид.