РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО
2026-08-28 09:25:29
(Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар солаҳои охир низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ислоҳоти пайваста қарор дорад. Сабаби асосии ин раванд зарурати рушди мунтазами ҷомеа, аз ҷумла такмили захираи зеҳнии инсон мебошад, ки ҳамчун ҷузъи асосии некӯаҳволии иҷтимоию иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.
Низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамчун механизми асосии чунин рушд баромад мекунад, зеро он бар равандҳои низоммандсозӣ, коркарди эҷодии донишҳо ва таҷрибаҳои иҷтимоию фарҳангии наслҳои пешин, инчунин азхудкунии мақсаднок ва муташаккили онҳо асос ёфтааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ин замина на танҳо барои интиқоли дониш, балки барои ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди қобилияти фикрронӣ ва омодасозии мутахассисони ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ мусоидат менамояд.
Илова бар ин, рушди зеҳнии ҷомеа заминаи асосии навсозӣ ва фаъолияти инноватсионӣ дар шароити иқтисоди муосири ҷаҳонӣ мебошад. Аз он ки то кадом андоза сатҳи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба талабот ва тамоюлҳои муосири ҷаҳонӣ наздик мегардад, некӯаҳволии ҷомеа, устувории иқтисодӣ давлат ва мавқеи он дар муносибатҳои байналмилалӣ вобастагӣ дорад.
Ҳамин тариқ, вазифаи такмил ва рушди низоми таҳсилотиибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке
аз масъалаҳои муҳимтарин, мубрам ва афзалиятноки ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Ислоҳоти пайвастаи соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бояд ба баланд бардоштани сифати таълим, рушди иқтидори зеҳнии инсон, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба талаботи тағйирёбандаи ҷомеа ва иқтисодӣ муосир равона карда шавад.
Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки таҳсилот дар ҳаёти мо ҳамеша нақши бузург доштааст ва дорад. Зеро он ояндаи миллат ва давлати мо ба ҳисоб меравад. Аксарияти инсонҳо, шояд на ҳама, вале қисми зиёди ҷомеа ба гирифтани таҳсилот, бахусус ба гирифтани таҳсилоти босифат, манфиатдор мебошанд. Дар солҳои охир масъалаи зерин бештар мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа қарор гирифтааст: «Оё имрӯз кӯдакон таҳсилоти босифат мегиранд?» Дар мактаб ва ҳатто дар оила пайваста таъкид менамоянд, ки агар ту хуб таҳсил кунӣ, дар оянда соҳиби касби арзанда ва сердаромад хоҳӣ шуд. Аммо оё воқеан чунин аст? Бояд эътироф кард, ки сифати таҳсилот дар замони мо ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ қарор надорад.
Дар ин маврид метавон як қатор мушкилоти асосиро ҷудо намуд. Мушкилоти аввал — баҳогузории таълимгирандагон бо истифода аз меъёрҳои якхела ва ягона мебошад. Оё чунин муносибат дуруст аст? Зеро қобилиятҳои инсон аз ҳамдигар фарқ мекунанд: дар баъзеҳо хотира ва тафаккури мантиқӣ беҳтар инкишоф ёфтааст, дар дигарон бошад, қобилияти эҷодӣ бештар рушд кардааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки шахс камқобилият ё аз ҷиҳати зеҳнӣ суст мебошад. Асри XXI асри технологияҳои иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар рӯз ҳаҷми иттилооти нав афзоиш меёбад. Азхуд ва дар хотир нигоҳ доштани ҳамаи ин иттилоот дар як вақт амалан ғайриимкон аст. Ҳатто омӯзгорон низ наметавонанд ҳамеша ба дурустии ҳамаи маълумоти мавҷуда итминони комил дошта бошанд, зеро дониш ва иттилоот босуръат тағйир ёфта, баъзе маълумот бо гузашти вақт кӯҳна ва аз аҳамият соқит мегардад.
Мушкилоти дуюм — сатҳи пасти робита ва пайдарҳамӣ байни зинаҳои гуногуни таҳсилот мебошад. Ин масъала, махсусан, ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни соли якуми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дахл дорад. Дар замони муосир барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ натиҷаҳои имтиҳонҳои дохилшавӣ ва холҳои бадастовардашуда аҳамияти калон доранд. Аммо барои бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ на ҳамеша ба толибилмон донишу малакаи кофӣ медиҳад. Аз ин рӯ, бисёре аз волидон маҷбур мешаванд барои фарзандони худ омӯзгорони хусусӣ ҷалб намоянд ва аз хизматрасонии дарсҳои иловагӣ истифода баранд. Хизматрасонии омӯзгорони хусусӣ бошад, арзиши нисбатан баланд дошта, на ҳамаи оилаҳо имконияти истифодаи онро доранд. Аз ин ҷо чунин таассурот ба вуҷуд меояд, ки имкониятҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва талаботи низоми давлатӣ ба ҳамдигар пурра мутобиқат намекунанд.
Мушкилоти сеюм — мавҷуд будани таҳсилот, вале набудани ҷойи кор мебошад. Шахс таҳсил намуда, соҳиби диплом мегардад, аммо баъд аз хатми муассисаи таълимӣ маълум мешавад, ки аз рӯйи ихтисоси гирифтааш пайдо намудани ҷойи кори муносиб душвор аст. Ин ҳолат бо чӣ алоқаманд мебошад? Яке аз сабабҳои асосӣ дар он аст, ки имрӯз дар бисёре аз соҳаҳои фаъолияти меҳнатӣ аз довталабон таҷрибаи корӣ талаб карда мешавад. Бисёре аз корфармоён намехоҳанд шахсонеро ба кор қабул намоянд, ки таҷрибаи корӣ надоранд. Аммо хатмкунандаи нав аз куҷо бояд ин таҷрибаро ба даст орад? Ин масъала ҳанӯз ҳам ба таври пурра ҳал нашудааст. Дар гузашта, вақте ки насли калонсол, аз ҷумла бобову бибиҳо ва падару модарони мо таҳсил мекарданд, онҳо ба ояндаи худ бо итминон менигаристанд. Дар он давра пайдо намудани ҷойи кор аз рӯйи ихтисоси гирифташуда нисбатан осонтар буд. Имрӯз бошад, дар баъзе мавридҳо барои ба даст овардани ҷойи кори муносиб на танҳо сатҳи таҳсилот, балки таҷрибаи корӣ, малакаҳои касбӣ ва дигар омилҳо низ нақши муҳим мебозанд.
Мушкилоти дигар, ки эҳтимол на танҳо ба соҳаи маориф, балки ба бисёр соҳаҳои дигар низ дахл дорад, маблағгузории нокифоя мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб дар низоми таҳсилот дар баъзе ҳолатҳо норасоии кадрҳои соҳибихтисос ба назар мерасад. Барои мутобиқ шудан ба талаботи замон зарур аст, ки таҷҳизот ва воситаҳои техникии муассисаҳои таълимӣ мунтазам нав карда шаванд, технологияҳои муосир ба раванди таълим ворид карда шаванд ва муҳити мусоиди таълимӣ фароҳам оварда шавад. Аммо на ҳамаи муассисаҳои таълимӣ барои иҷрои чунин корҳо имкониятҳои молиявии кофӣ доранд.
Мушкилоти панҷум — душвории интихоби касб ва муайян намудани ихтисосе мебошад, ки дар оянда ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бошад. Бисёре аз ҷавонон ба интихоби касби ояндаи худ боварии комил надоранд ва намедонанд, ки кадом соҳаи фаъолият барои онҳо мувофиқ ва ҷолиб мебошад. Ин, бешубҳа, яке аз масъалаҳои муҳим барои таълимгирандагон ва донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Пас, чӣ гуна метавон ба онҳо дар интихоби дурусти касб кӯмак расонд? Яке аз роҳҳои самаранок метавонад мулоқот ва муоширати таълимгирандагону донишҷӯён бо мутахассисони муваффақи соҳаҳои гуногун бошад. Чунин вохӯриҳо ба ҷавонон имкон медиҳанд, ки дар бораи хусусиятҳои касб, талаботи бозори меҳнат, имкониятҳои рушди касбӣ ва мушкилоти соҳаи интихобкардаашон маълумоти бештар ба даст оранд.
Мушкилоти дигар — нокифоя будани самти амалии
таҳсилот мебошад. Таҳсилоти муосир бояд на танҳо ба азхуд намудани донишҳои назариявӣ ва тарбияи шахсият, балки ба ташаккули малакаҳои амалии таълимгирандагону донишҷӯён низ равона карда шавад. Дар раванди таҳсил ба таълимгирандагон донишу малакаҳое дода мешаванд, ки метавонанд барои рушди минбаъдаи онҳо замина фароҳам оваранд. Аммо дар ҳаёти воқеӣ инсон на ҳамеша ба тамоми донишҳои назариявии дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯхташуда ниёз пайдо мекунад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки таълим бо ҳаёти воқеӣ ва фаъолияти амалии инсон робитаи мустақим дошта бошад. Дар замони технологияҳои иттилоотӣ шахс ҳангоми зарурат метавонад маълумоти иловагиро аз сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла интернет, китобҳои электронӣ ва дигар захираҳои иттилоотӣ дастрас намояд. Аз ин рӯ, вазифаи асосии муассисаи таълимӣ бояд на танҳо додани ҳаҷми зиёди иттилоот, балки омӯзонидани тарзи ҷустуҷӯ, таҳлил, арзёбӣ ва истифодаи дурусти иттилоот бошад.
Аз ин ҷо саволи муҳим ба миён меояд: барои он ки муассисаи таълимӣ на танҳо донишҳои назариявӣ диҳад, балки дар баробари ин шахсияти таълимгирандаро инкишоф диҳад, чӣ бояд кард? Ба андешаи мо, дар китобҳои дарсӣ бояд на танҳо масъалаҳо ва супоришҳои назариявӣ, балки масъалаҳои амалӣ низ ҷой дода шаванд, ки таълимгиранда метавонад бо онҳо дар ҳаёти ҳаррӯза ва фаъолияти минбаъдаи касбӣ рӯ ба рӯ шавад. Чунин муносибат ба таълим имконият медиҳад, ки донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ пайваст гардида, қобилияти мустақилона фикр кардан, таҳлил намудан, қабули қарор ва ҳалли масъалаҳо дар таълимгирандагон ташаккул ёбад.
Дар замони муосир низоми таҳсилот ба рушди инноватсионӣ ва истифодаи технологияҳои нав равона шудааст. Бо вуҷуди ин, танҳо такя кардан ба навовариҳо барои ҳалли тамоми мушкилоти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ кофӣ нест. Зарур аст, ки ба вазъи воқеии имрӯза, талаботи ҷомеа ва мушкилоти мавҷудаи соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ объективона назар карда шавад. Ҳалли чунин масъалаҳои муҳим танҳо дар сурати ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, падару модарон, ҷомеа ва мақомоти давлатӣ имконпазир мегардад.
Барои рушди низоми муосири таҳсилот зарур аст, ки технологияҳои нав дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба таври мақсаднок ва самаранок ҷорӣ карда шаванд. Ҳамзамон, муассисаҳои таълимӣ бояд бо заминаи зарурии моддию техникӣ, илмӣ-методӣ ва иттилоотӣ таъмин карда шаванд. Танҳо дар сурати фароҳам овардани чунин шароит метавон сифати таҳсилотро баланд бардошта, таълими муосир, рақобатпазир ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯро ташкил намуд.
Ҳамин тариқ, рушди низоми муосири таҳсилот вазифаи танҳо муассисаи таълимӣ ё омӯзгор нест. Ин масъала ба тамоми ҷомеа дахл дорад. Барои ба вуҷуд овардани низоми таҳсилоти босифат зарур аст, ки мазмун ва усулҳои таълим мунтазам такмил дода шуда, робитаи назария ва амалия таҳким ёбад, имкониятҳои баробар барои гирифтани таҳсилоти босифат фароҳам оварда шаванд, интихоби касбӣ дуруст ба роҳ монда шавад ва муассисаҳои таълимӣ бо технологияву таҷҳизоти муосир таъмин гарданд. Танҳо тавассути ҳамкории муштарак ва қабули қарорҳои асоснок метавон мушкилоти мавҷудаи низоми таҳсилотро коҳиш дода, барои рушди устувори соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифат, эҷодкор ва рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам овард.
н.и.п., дотсент Маҳмудзода Қумринисо Нурали
Муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз