Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НЕЪМАТИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАСЪУЛИЯТИ МИЛЛӢ
single-product

НЕЪМАТИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАСЪУЛИЯТИ МИЛЛӢ

2026-08-24 09:03:40

9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид ва аз ҳамон рӯз миллати тоҷик имкони воқеӣ пайдо кард, ки сарнавишти худро мустақилона муайян намояд.

Истиқлолият барои мардуми тоҷик на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ гардид.

Дар он давраи бисёр ҳассос ва тақдирсоз зарур буд, ки барои пойдории давлат ва таҳкими ваҳдати ҷомеа заминаҳои устувори ҳувияти миллӣ фароҳам оварда шаванд. Эҳёи забони давлатӣ, ҳифзу рушди фарҳанг, муаррифии таърихи куҳанбунёди тоҷикон, таҳкими арзишҳои миллӣ ва пазируфтани рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ - дар ташаккули тафаккури миллӣ нақши муҳим бозиданд. Ҳамзамон, сохтмони мактабҳо, донишгоҳҳо, роҳҳо, неругоҳҳо ва густариши робитаҳои байналмилалӣ ба мардум неру ва эътимоди тоза бахшида, барои рушди минбаъдаи кишвар замина гузоштанд.

Бо вуҷуди ин, роҳи расидан ба ин дастовардҳои бузург барои миллати тоҷик осон набуд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 яке аз санҷишҳои сахттарин дар таърихи навини Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин фоҷиаи миллӣ ба ҳаёти ҳазорҳо шаҳрвандон таъсири ҷуброннопазир расонида, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро барои солҳои зиёд ба ақиб андохт.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оилаҳоро пароканда намуда, ба ояндаи давлат ва миллат хатари ҷиддӣ эҷод кард.

Дар чунин шароити мураккаб, иродаи қавии мардум ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат барои барқарор намудани сулҳу субот нақши ҳалкунанда бозиданд. Бо шарофати ваҳдати миллӣ ва сиёсати сулҳҷӯёна Тоҷикистон аз ин марҳилаи душвор гузашта, ба роҳи созандагӣ, бунёдкорӣ ва рушди устувор қадам гузошт.

Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр арзишманд мебошад.

Бо иқдомҳои созанда ва сиёсати дурбинонаи худ Ӯ тавонист сулҳу оромиро дар кишвар барқарор намуда, барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварад.

Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти миллӣ имкониятҳои нав ба вуҷуд овард. Татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат - ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд.

Амалӣ гардидани ин ҳадафҳо барои рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.

Боиси ифтихор аст, ки дар тӯли 35 соли Истиқлолият Тоҷикистон ба кишвари рӯ ба рушд ва пешрафта табдил ёфтааст. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои азими созандагию ободонӣ анҷом дода шуда, садҳо иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва истеҳсолӣ бунёд гардидаанд.

Имрӯзҳо низ дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншооти нави таъиноти гуногун идома дошта, барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд.

Дар баробари ин, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи шоистаи худро касб намудааст. Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар самти ҳифзи захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ пайдо намудаанд. Ин иқдомҳо обрӯ ва нуфузи кишвари моро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшидаанд.

Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихор, сарфарозӣ ва масъулияти баланд мебошад.

Дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ моро водор месозанд, ки барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва рушди минбаъдаи давлат саъю кӯшиши бештар намоем.

Дар фарҷом бояд таъкид кард, ки Истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддасест, ки ба осонӣ ба даст наомадааст. Он маҳсули ҷоннисориҳои фарзандони ватандӯст, заҳматҳои содиқонаи мардум ва хиради давлатдории Роҳбарияти олии кишвар мебошад.

Аз ин рӯ, ҳифзу таҳкими Истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Биёед, ин неъмати бузургро қадр намоем ва барои пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро доштани Ватан, давлат ва зиндагӣ кардан бо номи тоҷик дар арсаи ҷаҳон аз бузургтарин неъматҳои зиндагӣ маҳсуб меёбад.

САИДОВ БЕҲРӮЗ МУМИНОВИЧ - муовини директор оид ба корҳои таълими Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат