35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: СОЛҲОИ БУНЁДКОРӢ, СОЗАНДАГӢ ВА ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
2026-08-19 16:11:23
Барои мардуми сарбаланду шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2026 соли басо таърихӣ ба ҳисоб рафта, соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавре ба ҳамагон маълум аст, аз 9 сентябри соли 1991, ки Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро эълон намуд, то имрӯз 35 сол сипарӣ гардид. Ин давра на танҳо солҳои озодӣ, балки солҳои пур аз заҳмат, бунёдкорӣ, созандагӣ, сулҳҷӯӣ, рушди устувор ва ташаббусҳои байналмилалӣ буд.
Мо бояд даврони гузаштаро ба даврони ҳозира хуб дарк намоем, маҳз солҳои аввали истиқлоли барои Тоҷикистон давраи сангинтарин буда, ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони иқтисодӣ ва нооромиҳои сиёсӣ кишварро дар ҳолати вазнин қарор дода буданд. Бо вуҷуди ин, бо талошҳои пайваста ва роҳбарии оқилонаи сарвари давлат Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандони шуҷои ватан сулҳ барқарор гардид. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 пояи устувори ваҳдати миллӣ ва давлатсозии навинро гузошт. Имрӯз бошад, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони маҳбуб ҳукумфармост ва ин яке аз бузургтарин неъмат ва дастоварди 35 соли истиқлол ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намуд, ки яке аз хусусиятҳои барҷастаи ин давра вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ маҳсуб меёбад. Ба ифтихори ин ҷашни бузург дар саросари кишвар ҳазорҳо иншоотҳои гуногун ба нақшагирифташуда бунёду азнавсозӣ гардиданд. Ёдовар мешавем, ки соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025, №1102 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардид. Дар доираи ин иқдом аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони ватандӯст сохтмони роҳу, пулҳо, мактабҳо, беморхонаҳо, иншоотҳои варзишӣ, корхонаҳои саноатӣ ва биноҳои истиқоматии бисёрошёнагӣ бунёд гардид, инчунин новобаста аз ташаббуси соҳибкорон, шаҳрвандони бо нангу номуси деҳаву маҳалаҳо низ дар корҳои созандагӣ барои рушди маҳалҳо аҳамияти калон дошт. Ин ташаббусҳо натанҳо симои шаҳру ноҳияҳоро тағйир дод, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мусоидат намуд ва ҳисси баланди шаҳрвандонро нишон дод.
Дар тӯли беш аз 35 соли созандагӣ кишвари азизамон давраҳои гузариш аз мушкилот ба осоиштагӣ, аз вайрониҳо ба ободонӣ ва аз ҷудоӣ ба ваҳдат буда, нишон доданд, ки истиқлол ин танҳо эъломия нест, балки масъулияти доимӣ, заҳмати рӯзмарра ва ҳамкории тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Имрӯз бо як ҳисси баланд метавон гуфт, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, амну ором ва рӯ ба рушду тарақиёт аст. Воқеан ҳам Истиқлол на танҳо ёдбуди гузашта, балки иқдоми нав барои ояндаи ободу шукуфои Ватан мебошад. Ҳар як иншооти бунёдшуда, ҳар як роҳи мумфарш ва ҳар як кӯшиши шаҳрвандон ҳиссае дар таҳкими истиқлол ва шукуфоии ватану миллат аст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар тӯли 35 сол Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои стратегии худро пайгирона ва ҳадафмандона амалӣ намудааст, аз ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ бо бунёди роҳҳои замонавӣ, нақбҳо ва пулҳо, ки минтақаҳои дурдастро ба ҳам пайваст ва кишварро ба масири транзитӣ табдил дод; таъмини истиқлолияти энергетикӣ ё сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла Нерӯгоҳи оби барқии “Роғун”, ки бо маром идома дорад ва насби лоиҳаи панелҳои офтобӣ; саноатикунонии босуръат ё таъсиси корхонаҳои нав, афзоиши истеҳсолот ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи корӣ. Барои Тоҷикистон 35 соли истиқлол давраи таҳкими давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат, рушди иқтисодӣ, сохтмони инфрасохтор, пешрафти маориф, густариши ҳамкориҳо ва ташаббусҳои байналмилалӣ мебошад.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро таҳким бахшид ва ташаббусҳои глобалӣ дар масъалаи обу иҷлим, ҳифзи пиряхҳо, таҳкими сулҳ ва ҳамкориҳои васеъ бо созмонҳои байналмилалӣ нуфузи кишварро воқеанҳам баланд бардошт. Вобаста ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷонибӣ Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Мутаҳид ҷонибдори гардидаанд, мухтасар ёдовар мешавем, маҳз ин ташаббусҳо нишон дод, ки кишвар дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, махсусан дар соҳаи обу иқлим ва таҳкими сулҳ, мавқеи фаъол дорад.
Соли байналмилалии оби тоза эълон шудани соли 2003 яке аз аввалин ташаббусҳои бузурги Тоҷикистон дар соҳаи об пешниҳод намудани эълони соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза буд. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» - 2005-2015 бошад, бо мақсади таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои истифодаи самараноки об, беҳтар намудани дастрасӣ ба оби тоза ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти вобаста ба захираҳои обӣ буд ва нишон дод, ки норасоии об масъалаи умумии башарият мебошад. Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” - 2018-2028, конфронси СММ оид ба об дар соли 2023, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо (21 март), конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе (рӯзҳои 29-31 майи соли 2025), Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ - 2025-2034 ва ғайра аз ҷумлаи тадбирҳои ҷаҳонии кишваранд,
Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳз зери сиёсатҳои сулҳҷӯёнаи кишвари азизамон дар арафаи таҷлили 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ, 25 июни соли 2026 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абармарди таърихсоз, Қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсус таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»-ро қабул намуд.
Сулҳу субот пояи асосии ҳаёти осоишта, рушди устувор ва пешрафти ҳамаҷонибаи ҳар як давлат ва миллат аст. Барои халқи тоҷик ин арзишҳо дар даврони истиқлол маънои махсус касб кард, зеро он на танҳо натиҷаи талошҳои зиёд, балки самараи иродаи сиёсӣ, хирадмандӣ ва ҷоннисории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи сарбаланди кишвар мебошанд. Қабули ҳамаи санадҳои байналмилалӣ бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат бо пуштибони ва эътимод аз ҷонибӣ Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид истиқбол мегарданд.
Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ кишвари тамадунофар Тоҷикистони маҳбуб роҳи пурпечутоби давлатсозӣ, барқарорсозӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоиро тай намуд ва Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон оғози марҳилаи нави таърихӣ гардид. Пас, ҳар яки моро зарур аст, ки зери сиёсатҳои маорифпарварона, сулҳҷӯёна, ҷавонпарварона ва фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин неъмати бузург, ки ном Истиқлол аст, ҳифз намоем ва саҳмгузор дар ободу пешрафти ватани азизи худ бошем.
Хайрулло СОДИҚЗОДА, директори Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Левакант