Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТИБ - АРҶГУЗОРӢ БА КАСБИ МУҚАДДАСИ ИНСОНӢ
single-product

ТИБ - АРҶГУЗОРӢ БА КАСБИ МУҚАДДАСИ ИНСОНӢ

2026-08-19 16:07:32

Рӯзи кормандони соҳаи тиб яке аз рӯзҳои муҳимми касбӣ ба ҳисоб рафта, барои арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои шабонарӯзии табибон, ҳамшираҳои шафқат, дорусозон, кормандони миёна ва хурди тиббӣ, олимону омӯзгорони соҳаи тандурустӣ ва ҳамаи шахсоне, ки баҳри ҳифзи саломатии ҷомеа содиқона фаъолият менамоянд, заминаи хуб фароҳам меорад. Ин рӯз, махсусан дар арафаи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маънои бештарро касб мекунад. Зеро дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста рушд намуда, барои ҳифзи саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони соҳа тадбирҳои пайваста амалӣ гардида истодаанд.
Табиб касест, ки дар лаҳзаҳои душвортарини зиндагӣ дар паҳлуи инсон қарор мегирад. Ӯ бо донишу таҷриба, масъулиятшиносӣ, меҳрубонӣ ва иродаи қавӣ барои наҷоти ҷони инсон мубориза мебарад. Хизмату заҳмати кормандони соҳаи тиб бо соату рӯз маҳдуд намешавад. Шабу рӯз, рӯзҳои ид ва дигар рӯзҳо, дар ҳолатҳои фавқулода ва лаҳзаҳои ҳассоси ҳаёт онҳо вазифаи касбии худро содиқона иҷро менамоянд. Табиб, пеш аз ҳама, ба савганди касбӣ ва виҷдони инсонӣ такя мекунад. Ҳар табобати муваффақ, ҳар ҷони наҷотёфта ва ҳар табассуми беморе, ки саломатии худро дубора пайдо кардааст, натиҷаи меҳнати фидокоронаи кормандони соҳаи тандурустӣ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи тандурустӣ сол ба сол бештар гардида, барои рушди инфрасохтори соҳа, муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос тадбирҳои муҳим амалӣ шудаанд. То имрӯз дар саросари мамлакат муассисаҳои нави тиббии дорои шароити муосир бунёд гардида, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, таваллудхонаҳо, марказҳои ташхисӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ сохтаву таҷдид шудаанд. Ин раванд шаҳодати он аст, ки ҳифзи саломатии миллат яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Дар баробари сохтмони иншооти нав, ба рушди тибби муосир, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, ташхиси саривақтӣ, пешгирии бемориҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисон низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Имрӯз низ дар доираи барномаҳои рушди соҳа лоиҳаҳои нави сохтмон, таҷдид ва муҷаҳҳазсозии иншооти тандурустӣ амалӣ гардида, барои фароҳам овардани шароити беҳтари хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ имкониятҳои бештар фароҳам оварда мешаванд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ ҳамчун сармояи муҳимми инсонӣ ва омили асосии рушди ҷомеа эътироф гардидааст.
Ҳангоме, ки сухан дар бораи соҳаи тандурустӣ ва табибон меравад, наметавон аз номи бузурги Абуалӣ ибни Сино ёд накарду саҳми ӯро дар рушди илми тиб нодида гирифт.
Абуалӣ ибни Сино - табиб, донишманд, файласуф ва мутафаккири бузурги тоҷик буда, осори илмии ӯ дар рушди тибби ҷаҳонӣ нақши бузург гузоштааст. Номи ӯ дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун яке аз бузургтарин донишмандони асрҳои миёна бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Яке аз машҳуртарин осори ӯ - «Ал-Қонун фи-т-тиб» асари бузурги илмии тиббӣ мебошад, ки садсолаҳо ҳамчун сарчашмаи муҳими донишҳои тиббӣ истифода шудааст. Мероси илмии Сино имрӯз низ аҳамияти бузурги таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дорад. Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои гиромидошти номи ин фарзанди фарзонаи миллат корҳои муҳим анҷом дода шудаанд. Дар аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон кӯчаҳои марказӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино гузошта шуда, яке аз баландтарин қуллаҳои Помир бо баландии 7134 метр низ номи ин нобиғаи ҷаҳони илмро дорад.
Ҳамчунин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника таъсис дода шудааст, ки барои қадрдонии олимону донишмандон ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни илмӣ хизмат менамояд. Соли 2026 барои илми тиб ва муаррифии номи Абуалӣ ибни Сино дар арсаи байналмилалӣ воқеаи муҳимми таърихӣ ба амал омад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026, №1180, Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд. Ҳадафи асосии он эътирофи дастовардҳои бузург дар соҳаи тиб ва арҷгузорӣ ба саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб дар ҷаҳон мебошад. Таъсиси чунин ҷоиза аҳамияти на танҳо миллӣ, балки байналмилалӣ дорад. Он метавонад ба таҳкими ҳамкории илмӣ, рушди тадқиқоти тиббӣ, дастгирии олимону табибони соҳибистеъдод ва муаррифии боз ҳам васеи мероси илмии миллати тоҷик мусоидат намояд.
Имрӯз номи Абуалӣ ибни Сино ҳамчун рамзи дониш, илм, табобат, инсонпарварӣ ва садоқат ба саломатии инсон садо медиҳад. Аз ин рӯ, барои кормандони соҳаи тиб ва махсусан барои насли ҷавони табибон омӯзиши мероси Сино бояд яке аз самтҳои муҳими маънавӣ ва касбии онҳо бошад. Дар замони муосир пешрафти соҳаи тандурустӣ танҳо ба бунёди биноҳои нав ва хариди таҷҳизоти замонавӣ вобаста нест. Неруи асосии соҳа мутахассиси донишманд, масъулиятшинос ва инсонпарвар мебошад. Аз ин рӯ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, омӯзиши технологияҳои муосири тиббӣ, такмили ихтисос ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Кормандони соҳаи тиб бояд дар баробари дониши касбӣ дорои фарҳанги баланди муошират, масъулияти шаҳрвандӣ, меҳрубонӣ ва эҳтиром ба бемор бошанд. Зеро барои бемор сухани нек, муносибати самимӣ ва умеди табиб низ метавонад бахше аз раванди табобат гардад. Имрӯз мо бо эҳсоси сипосу эҳтиром ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ - табибон, ҳамшираҳои шафқат, момодояҳо, дорусозон, кормандони ташхисгоҳҳо, кормандони ёрии таъҷилӣ, омӯзгорони муассисаҳои тиббӣ, олимон ва дигар мутахассисони соҳа арҷ мегузорем. Заҳмати онҳо дар ҳифзи муҳимтарин неъмати инсон - саломатӣ ва ҳаёт арзиши бузург дорад.

Комилҷон ДУСТМУРОДЗОДА,
директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор