НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ВА ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
2026-08-17 09:42:25
Таърихи навини давлатдории тоҷикон бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зич алоқаманд буда, ҳамчун сиёсатмадорони бонуфузи ҷаҳони муосир эътироф шудааст. Дар тӯли солҳои сарварӣ, саҳми Пешвои миллат дар рушди кишвар, дар сатҳи байналмилалӣ ва дар эҳёи давлати навини тоҷикон эътирофи баланд касб намудааст. Бо дастгирӣ ва таҳти роҳбарии оқилонаи ӯ субот, пешрафт ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвари мо сол то сол баланд арзёбӣ мегардад, ки ин худ далели равшани сиёсати хирадмандонаи давлат мебошад. Президенти кишвар бо сабру таҳаммул ва донишу заковати сиёсии худ давраҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони иқтисодӣ ва мушкилоти амниятиро паси сар намуда, ба мардуми хеш осудагӣ, пешрафт ва рушди бемайлони иқтисодиро таъмин намуд. Гувоҳи бевоситаи ин раванди созанда мардуми тоҷик, аз ҷумла олимон, мебошанд, ки бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди инфрасохтор, сохтмони роҳҳо, пулҳо, иншооти энергетикӣ, инчунин рушди соҳаҳои маориф, илм ва кишоварзӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои судманди байналмилалиро дар сатҳи баланд мушоҳида менамоянд. Илова бар ин, дар ин давра дастовардҳои назарраси кишвар дар ҷодаи сиёсати хориҷӣ ва мустаҳкам намудани мавқеи он дар арсаи ҷаҳонӣ низ ба чашм мерасад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар тӯли 35 соли ташаккули давлати миллии тоҷикон, бунёди миллати соҳибихтиёр ва давлати ягонаи демократӣ, ки бар пояҳои ҳуқуқ устувор буда, ҳадафи он бунёди ҷомеаи муттаҳид аст, ҷавонон саҳмгузор ва ташаббускор буда, дар ин раванд ба сиёсати ободкоронаи давлат пайравӣ менамоянд. Дар ин замина, наслҳои ҷавон ҳамчун ниҳоли навраси давлатдории тоҷикон боис ба ифтихори миллат мегарданд. Дар мавриди мавқеи ҷуғрофӣ ва фарҳангии кишвар бошад, бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ифтихормандест, ки бо сарварии оқилу доно дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир аст. Ин кишвари тоҷикон аз ҷиҳати фарҳанг ва таърих бой буда, ҳамчун мардуми ориётабор шинохта шудааст. Ба ин монанд, кишвари мо яке аз давлатҳоест, ки бо қуллаҳои баланди Помир, дарёҳои Вахш ва Амударё дар ҷаҳон шинохта шуда, бо ташаббусҳои Сарвари давлат оид ба масъалаҳои об ва иқлим маъруфияти хоса пайдо намудааст.
Агар ба самти сиёсати хориҷии кишвар назар афканем, маълум мегардад, ки дар давраи истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста сиёсати хориҷии худро бар пояи сулҳ, ҳамкории созанда ва эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ роҳандозӣ намуда, як қатор ташаббусҳои сатҳи ҷаҳониро пешбарӣ кардааст. Агар ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон асосан ба масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор бахшида шуда бошанд, ташаббуси нав ба арзиши умумибашарии сулҳ равона гардидааст, ки аҳамияти он дар шароити муосири ҷаҳонӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Бо такя ба ҳамин мулоҳиза бояд гуфт, ки маҳз ташаббуси ободкоронаи мардуми тоҷик буд, ки боиси қабули қатъномаи мазкур гардид қатъномае, ки нишонаи эътирофи байналмилалии нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ин иқдом инчунин таҷрибаи сулҳофарини Тоҷикистонро, ки баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба даст омадааст, ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳо ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Дар робита ба ин, гуфтан ба маврид аст, ки ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалӣ густариши фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ байни миллатҳо мебошад. Қатъномаи қабулшуда ба принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид такя намуда, давлатҳои узвро ба ҳалли баҳсҳо тавассути роҳҳои осоишта, рушди муколама ва таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо даъват менамояд.
Дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои рушди илмҳои тиб, тарбияи олимони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи таълими фанҳои дақиқ ва ҷалби хонандагону донишҷӯён ба корҳои илмӣ тадбирҳои гуногун амалӣ гардидаанд, ки натиҷаҳои назарраси онҳо имрӯз возеҳу равшан ба мушоҳида мерасанд. Ин раванд имрӯз низ идома дошта, ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф табдил ёфтааст. Дар хотима бояд гуфт, ки мо, ҷавонони имрӯзаи кишвар, барои пешравии минбаъдаи ватан ва ободии он кӯшиши пайгирона ба харҷ дода, худро вазифадор медонем, ки роҳи ободкоронаи Пешвои миллатро бо садоқат идома диҳем.
Дилшод Васихов – мудири кафедраи забонҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор