МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
2026-08-11 10:17:10
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
оид ба баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ, рушди устувор ва ояндаи миллӣ»
Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2026 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ, рушди устувор ва ояндаи миллӣ» баргузор мегардад.
Ҳадафи конференсия таҳлили илмии дастовардҳои даврони истиқлол, омӯзиши таҷрибаи давлатсозӣ, баррасии нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин муайян намудани дурнамои рушди миллӣ мебошад.
Ба иштирок дар конференсия омӯзгорон, олимон, муҳаққиқон, докторантон, унвонҷӯён, магистрантон, кормандони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар муҳаққиқони соҳа даъват карда мешаванд.
Самтҳои асосии конференсия:
- 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамои рушди давлатдорӣ;
- Нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлол, сулҳу ваҳдати миллӣ ва давлатсозии навини тоҷикон;
- Истиқлол ва рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон;
- Рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар даврони истиқлол;
- Рақамикунонӣ, инноватсия ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир;
- Тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ;
- Масъалаҳои мубрами педагогика, методикаи таълим ва технологияҳои муосири омӯзиш;
- Таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ.
Талабот ба мақолаҳои илмӣ:
Ба конференсия мақолаҳои илмии аслӣ, ки қаблан дар дигар нашрияҳо ба табъ нарасидаанд ва ба мавзуъҳои конференсия мувофиқ мебошанд, қабул карда мешаванд. Мақола бояд дорои сохтори илмии зерин бошад:
- унвони мақола;
- ному насаби муаллиф(он);
- дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ ва вазифа (агар мавҷуд бошад);
- номи муассиса;
- матни асосии мақола (муқаддима, таҳлил, натиҷа ва хулоса);
- рӯйхати адабиёти истифодашуда.
- ҳаҷми мақола: аз 5 то 10 саҳифа.
Талаботи техникӣ:
- ҳуруф – Times New Roman;
- андозаи ҳуруф – 14;
- фосилаи байни сатрҳо – 1,5;
- ҳошияҳо – 2 см аз ҳамаи тарафҳо;
- абзатс – 1,25 см;
- рақамгузории саҳифаҳо – дар поёни саҳифа.
Мақола бояд муаллифӣ бошад ва бо истифода аз зеҳни сунъӣ навишта нашуда бошад. Иқтибосҳо ва истинодҳо бояд тибқи меъёрҳои қабулшудаи илмӣ оварда шаванд. Муаллифон барои саҳеҳии маълумот, далелҳо, омор, иқтибосҳо ва риояи меъёрҳои ахлоқи илмӣ масъул мебошанд.
Мақолаҳо аз ҷониби ҳайати таҳририя ва комиссияи илмии конференсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, танҳо мақолаҳои ба талаботи илмӣ ҷавобгӯ барои нашр тавсия дода мешаванд. Маводи қабулшуда пеш аз баргузории конференсия дар шакли маҷмӯаи илмии маводи конференсия ба табъ расонида шуда, ба иштирокчиён ва муаллифон дастрас карда мешавад.
Муҳлати қабули мақолаҳо: то 20 августи соли 2026.
Мақолаҳо ба суроғаи зерин ирсол карда шаванд:
Суроға: шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Нусратулло Махсум 77/5, идораи рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар»
E-mail: jahonihunar2024@gmail.com
Телефонҳо: 2-35-73-30; 881-88-80-41; 200-12-73-73