Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > БОЗДИДИ РАИСИ КУМИТА АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ВА ОМОДАГИҲО БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР КОЛЛЕҶИ ПОЛИТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
single-product

БОЗДИДИ РАИСИ КУМИТА АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ВА ОМОДАГИҲО БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР КОЛЛЕҶИ ПОЛИТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

2026-07-30 09:04:29

Имрӯз Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ аз Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара боздид намуда, бо рафти корҳои сохтмонӣ, сатҳи омодагии муассиса ба соли нави таҳсил ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Зимни боздид Раиси Кумита нахуст ба рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Парки технологии Коллеҷ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо масъулини соҳа ва намояндагони ширкати сохтмонӣ доир ба ҷараёни иҷрои корҳо, сифати корҳои анҷомдодашуда ва нақшаҳои минбаъдаи бунёдкорӣ суҳбат намуд.

Таъкид гардид, ки бунёди инфрасохтори нави таълимӣ ва истеҳсолӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ намудани низоми таҳсилоти касбӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Парки технологии Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо дастгирии Бонки исломии рушд бунёд гардида, дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд.

Дар ҷараёни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар дохили Парки технологӣ таъсиси як қатор корхонаҳои илмӣ-истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар ин ҷо истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, коркарди шир ва гӯшт, истеҳсоли маҳсулоти ғаладонагӣ ва коркарди ашёи хом то ба сатҳи маҳсулоти тайёр ба роҳ монда мешавад. Амалӣ гардидани чунин иқдом имкон медиҳад, ки донишҷӯён дар баробари аз худ намудани донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалиро низ дар шароити воқеии истеҳсолӣ ба даст оварда, ба фаъолияти мустақилонаи касбӣ омодагии бештар пайдо намоянд.

Раиси Кумита зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ таъкид намуд, ки Парки технологӣ бояд ҳамчун як маркази пайвандгари таҳсилот, илм ва истеҳсолот фаъолият намуда, дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси техникӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва рушди истеҳсолоти ватанӣ саҳми назаррас гузорад.

Ҳамзамон, дар доираи омодагиҳо ба соли нави таҳсил дар муассиса корҳои зарурӣ ҷиҳати таъмиру таҷдиди синфхонаҳо, омодасозии озмоишгоҳҳо, устохонаҳои таълимӣ, майдонҳои таълимӣ ва варзишӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои донишҷӯён ва омӯзгорон ба роҳ монда шудааст.

Раиси Кумита зимни шиносоӣ бо вазъи омодагии коллеҷ ба соли нави таҳсил масъулини муассисаро вазифадор намуд, ки корҳои омодагӣ дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шуда, барои оғози соли нави таҳсил тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шавад. Таъкид гардид, ки синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои таълимӣ бояд бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, раванди таълим бо дарназардошти талаботи нави бозори меҳнат ва рушди босуръати технология ба роҳ монда шавад.

Академик Фарҳод Раҳимӣ зимни суҳбат бо масъулин таъкид намуд, ки корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ бояд бо риояи қатъии меъёрҳои муҳандисиву техникӣ ва талаботи муосири сохтмонӣ анҷом дода шаванд. Ҳамзамон, ба масъулини дахлдор ҷиҳати назорати сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи самараноки маблағҳо, сари вақт ба анҷом расонидани корҳои боқимонда ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти таълимӣ ва истеҳсолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қайд гардид, ки ба истифода додани бинои нави таълимӣ ва Парки технологии Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассиса ва соҳаи таҳсилоти касбӣ рӯйдоди муҳим ба ҳисоб рафта, ба таҳкими заминаи моддию техникии муассиса, баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои техникӣ ва тавсеаи имкониятҳои таълимии донишҷӯён мусоидат хоҳад кард.