Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН
single-product

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

2026-07-29 15:28:13

29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии «Бозиҳои оянда-2026» вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.