ЭЪЛОН
2026-07-28 14:50:48
Ба диққати ҳамаи кормандон ва омӯзгорони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ!
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон аз ҷониби Кумита Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ, рушди устувор ва ояндаи миллӣ» баргузор мегардад.
Дар доираи конференсия масъалаҳои марбут ба дастовардҳои даврони истиқлол, нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин дурнамои рушди миллӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Бинобар ин, аз кормандон, омӯзгорон ва муҳаққиқони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки мақолаҳои илмӣ, таҳлилӣ ва маърифатии худро ба унвони конференсия пешниҳод намоянд.
Мақолаҳои пешниҳодшуда пас аз баррасӣ дар шакли маҷмӯаи алоҳидаи маводи конференсия ба нашр расонида мешаванд. Маҷмӯа қабл аз конференся нашр гардида, ба муалифон тақдим мегардад
Муҳлати қабули мақолаҳо то 20 августи соли равон муқаррар шудааст. Мақолаҳоро метавонед бо нишонии зерин ирсол кунед:
Суроға: шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Нусратулло Махсум 77/5, идораи рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар»
E-mail: jahonihunar2024@gmail.com
Телефонҳо: 235-73-30; 881-88-80-41