КИТОБИ АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ СОҲИБИ ҶОИЗА ГАРДИД
2026-07-27 09:34:11
23 июл дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Озмуни XХIII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, ки дар он дар номинатсияи«Илм ва маориф» китоби «Физикаи олам, сохтори материя ва фалсафаи ҳастӣ»-и Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумаи Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, ки бо 3 забон нашр шудааст, соҳиби ҷойи дуюм гардид.
Бояд гуфт, ки дар Озмуни XХIII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 6 давлат беш аз 70 китоб ворид гардид, ки беҳтарин намунаҳои китобҳои дар солҳои 2025-2026 чопшуда мебошанд. «Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» яке аз минбарҳои муҳим барои муаррифӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти ноширони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» аз соли 2004 аз ҷониби Шурои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдои китоб, китобпаҳнкунӣ ва умури ноширӣ доир карда мешавад.
Маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи сентябри соли 2026 дар арафаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор мегардад.