Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > АЗ ҲАМКОРИҲОИ ДӮСТОНА ТО ШАРИКИИ НАВИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН ВА МУҒУЛИСТОН
single-product

АЗ ҲАМКОРИҲОИ ДӮСТОНА ТО ШАРИКИИ НАВИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН ВА МУҒУЛИСТОН

2026-07-23 09:24:12

(Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Муғулистон (20-22 июли соли 2026)

Дар шароити муосири низоми байналмилалӣ, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ҳарчи бештар бар пояи эътимоди сиёсӣ, эҳтироми мутақобила, ҳамкории созанда ва манфиатҳои муштарак ташаккул меёбанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна, мутавозин ва «дарҳои кушода»-ро бо муваффақият амалӣ намуда истодааст.

Маҳз ҳамин сиёсати дурбинона имкон фароҳам овардааст, ки Тоҷикистон имрӯз бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва боэътимод шинохта шавад.

Дар доираи ин сиёсати хориҷӣ муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Муғулистон низ солҳои охир мазмуну муҳтавои тоза касб намуда, ба сатҳи сифатан нав ворид гардидааст. Гарчанде ду кишвар аз лиҳози ҷуғрофӣ аз ҳамдигар дур ҷойгир бошанд ҳам, онҳоро арзишҳои умумии сулҳ, эҳтироми истиқлолу соҳибихтиёрӣ, риояи ҳуқуқи байналмилалӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда ва талош барои рушди устувор ба ҳам наздик месозанд.

Сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Муғулистон, ки рӯзҳои 20-22 июли соли 2026 баргузор гардид, дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон ҳамчун рӯйдоди муҳими сиёсӣ ва оғози марҳилаи нави шарикии стратегӣ арзёбӣ мегардад. Ин сафар идомаи мантиқии муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ буда, барои таҳкими ҳамкориҳои дарозмуддат дар тамоми самтҳои афзалиятнок заминаи устувор гузошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Муғулистон 24 апрели соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаанд. Дар тӯли зиёда аз се даҳсола муносибатҳои байни ду давлат дар асоси эҳтироми мутақобила, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар ва манфиатҳои муштарак рушд ёфтаанд. Дар ин давра заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ташаккул ёфта, ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, кишоварзӣ, энергетика, маориф, илм, фарҳанг, сайёҳӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ тадриҷан густариш пайдо намуд.

Ҳамзамон, Тоҷикистону Муғулистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ аз ташаббусҳои ҳамдигар пуштибонӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои об, амнияти озуқаворӣ ва рушди устувор мавқеи наздик доранд. Дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо арзишманд мебошад.

Сафари давлатии нахустини Пешвои миллат ба Муғулистон дар соли 2009 барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ замина гузошт. Аз ҳамон давра муносибатҳои ду кишвар тадриҷан рушд намуда, ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун вусъат ёфтанд. Марҳилаи нави рушди муносибатҳо баъди сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои 23–26 июли соли 2025 оғоз гардид. Дар ҷараёни он сафар масъалаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илму маориф, фарҳанг, варзиш, энергетика, рақамикунонӣ ва амнияти минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, 11 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санадҳо заминаи боэътимод барои рушди муносибатҳои дарозмуддати ду кишварро фароҳам оварданд.

Сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон дар рӯзҳои 20–22 июли соли 2026 идомаи мантиқии ҳамон раванд буда, муносибатҳои ду кишварро ба сатҳи нави стратегӣ бардошт. Дар доираи музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва логистика, кишоварзӣ, маориф, илм, фарҳанг, сайёҳӣ, ҷавонон, технологияҳои рақамӣ, амнияти иттилоотӣ ва ғайра мавриди баррасии амиқ қарор доданд. Дар анҷоми музокирот Изҳороти муштараки сарони давлатҳо қабул гардида, 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки онҳо асоси ҳуқуқии рушди муносибатҳои дарозмуддати ду кишварро боз ҳам таҳким бахшиданд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини ин сафар ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ ва омӯзиш мебошад. Ин санади муҳим марҳилаи нави ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф оғоз намуда, барои рушди таҳсилоти касбӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.Дар доираи татбиқи ин ёддошт ҷонибҳо метавонанд: мубодилаи омӯзгорону донишҷӯёнро густариш диҳанд, барномаҳои муштараки таълимиро таҳия намоянд, курсҳои такмили ихтисос ташкил кунанд, семинару конференсияҳои байналмилалӣ баргузор намоянд, технологияҳои рақамӣ ва усулҳои муосири таълимро ҷорӣ созанд, ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотиро тақвият бахшанд, барномаҳои муштараки омодасозии кадрҳои баландихтисосро роҳандозӣ намоянд. Бо назардошти рушди босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ ва бозори меҳнат, чунин ҳамкориҳо барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон аҳаммияти калидӣ доранд.

Барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамкорӣ имконият медиҳад, ки таҷрибаи пешқадами Муғулистонро дар самти тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир аз худ намоянд.

Инчунин, истифодаи технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таҳсилоти электронӣ ва омӯзиши амалии истеҳсолӣ метавонад сифати таълимро боз ҳам баланд бардорад.

Дар доираи сафар 21 июли соли 2026 дар шаҳри Улан-Батор Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид. Дар кори форум намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва доираҳои сармоягузории ду кишвар иштирок намуда, масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд. Аз ҷумла масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд: ҷалби сармоягузории хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, рушди содироту воридот, густариши ҳамкориҳои саноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди логистика ва транзит, технологияҳои рақамӣ, энергетика ва гидроэнергетика. Ин форум метавонад барои рушди ҳамкориҳои соҳибкорӣ ва афзоиши гардиши савдои хориҷии ду кишвар заминаи устувор гузорад.

ҶумҳурииТоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, иқтидори баланди кишоварзӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва мавқеи муҳими транзитӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҷумҳурии Муғулистон бошад, дорои захираҳои бузурги маъданҳои кӯҳӣ, рушди чорводорӣ, имкониятҳои саноатӣ ва мавқеи муҳими иқтисодӣ дар Осиёи Шарқӣ мебошад. Ҳамгироии имкониятҳои иқтисодии ду кишвар метавонад ба рушди ҳамкориҳои истеҳсолӣ, сармоягузорӣ, илмӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ такони ҷиддӣ бахшад.

Дар баробари ин, густариши ҳамкориҳо байни донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, ташкилотҳои ҷавонон ва муассисаҳои фарҳангӣ метавонад муносибатҳои мардумиро боз ҳам таҳким бахшад.

Хулоса, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Муғулистон воқеан яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 ба шумор меравад. Натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ, ба имзо расидани 12 санади нави ҳамкорӣ, инчунин Ёддошти тафоҳум дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ собит месозанд, ки муносибатҳои ду кишвар аз марҳилаи ҳамкориҳои дӯстона ба сатҳи шарикии нави стратегӣ ворид гардидаанд. Бешубҳа, татбиқи амалии санадҳои баимзорасида ба рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, афзоиши сармоягузорӣ, густариши тиҷорат ва таҳкими дӯстии байни мардумони Тоҷикистону Муғулистон мусоидат хоҳад кард. Ҳамин тариқ, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Муғулистон имрӯз дар асоси эътимоди сиёсӣ, эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои муштарак босуръат рушд намуда, ҳамчун намунаи ҳамкориҳои созандаи байналмилалӣ метавонад барои таъмини сулҳу субот, рушди устувор ва шукуфоии ҳар ду давлат хизмат намояд.

Тоҳир ОДИЛОВ, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ