Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > АНҶОМИ САФАРИ ДАВЛАТӢ ДАР МУҒУЛИСТОН
single-product

АНҶОМИ САФАРИ ДАВЛАТӢ ДАР МУҒУЛИСТОН

2026-07-23 08:49:09

22 июл сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон, ки аз 20 то 22 июл ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо Сарвари кишвари мизбон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух масоили рушду густариши муносибатҳои ҳамкориро баррасӣ намуданд. Аз руи натиҷаи музокироти миёни Тоҷикистону Муғулистон 12 санади нав ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Муғулистон дар бораи густариш ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон буд.

Ҳамчунин, рӯзҳои 20 - 21 июл дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Улан-Батор Ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Муғулистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Муғулистон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Улан-Батор меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Муғулистон самимона гусел намуданд.

22 июл Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муғулистон ба Ватан баргаштанд.