Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ФАРҲОД РАҲИМӢ: ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ ЗИЁДА АЗ 115 ҲАЗОР ДОНИШҶӮ ТАҲСИЛ МЕКУНАД
single-product

ФАРҲОД РАҲИМӢ: ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ ЗИЁДА АЗ 115 ҲАЗОР ДОНИШҶӮ ТАҲСИЛ МЕКУНАД

2026-07-13 12:12:20

Рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии соҳа бо натиҷаҳои назаррас идома ёфта, айни замон дар ҷумҳурӣ 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият намуда, онҳо аз рӯйи даҳҳо самти омодагӣ ва садҳо ихтисоси замонавӣ барои бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ мутахассисони миёнаи касбиро омода менамоянд. Дар ин бора Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026 хабар дод.
Академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид кард, ки шумораи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ сол ба сол афзоиш ёфта, имрӯз дар ин муассисаҳо зиёда аз 115 ҳазор нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора қисми назаррасро духтарон ташкил дода, ин нишондиҳанда аз болоравии сатҳи дастрасии ҷавонон ба таҳсилоти касбӣ ва рушди баробарии гендерӣ дар соҳаи маориф шаҳодат медиҳад.
Зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2026 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолияти худро ба баланд бардоштани сифати таълим, такмили барномаҳои таълимӣ, рушди таҳсилоти амалигароёна, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо корфармоён ва мутобиқ намудани ихтисосҳо ба талаботи бозори меҳнат равона намуданд.
Ба иттилои раиси Кумита, дар ин давра барои беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисон ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим, рақамикунонии раванди таълим, таҳкими заминаи моддию техникӣ, таъсиси озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз, инчунин баланд бардоштани сатҳи тахассуси омӯзгорон идома ёфт.
Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ки рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани иқтисоди миллӣ бо мутахассисони соҳибкасб ба ҳисоб рафта, Кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва бахши хусусӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
Дар фарҷоми сухан раиси Кумита изҳор дошт, ки дар нимсолаи дуюми соли 2026 низ таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди инфрасохтори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, таъсиси ихтисосҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон равона карда хоҳад шуд.