ФАРҲОД РАҲИМӢ: ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАЛАКАҲОИ КАСБӢ» БАРОИ РУШДИ ИҚТИДОРИ КАСБИИ ҶАВОНОН ЗАМИНАИ МУҲИМ ФАРОҲАМ ОВАРД
2026-07-13 12:05:45
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии хонандагону донишҷӯён, дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва муаррифии касбу ҳунарҳои замонавӣ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Ба гуфтаи раиси Кумита, фестивали мазкур бо ташаббуси Кумита ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор роҳандозӣ шуда, ба яке аз муҳимтарин чорабиниҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ табдил ёфтааст. Академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки дар даври аввали фестивал ҳазорон нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои гуногуни техникӣ, технологӣ, хизматрасонӣ, сохтмон, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, дӯзандагӣ, қаннодӣ, кафшергарӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар касбҳои серталаб маҳорату малакаи худро ба намоиш гузоштанд.
Ба иттилои раиси Кумита, дар натиҷаи баргузории даврҳои интихобӣ беҳтарин иштирокчиён ба даврҳои минбаъдаи фестивал роҳхат гирифта, маҳорати худро тибқи стандартҳои муосири касбӣ ва талаботи бозори меҳнат муаррифӣ намуданд.
Зикр гардид, ки баргузории фестивал барои таҳкими робитаи муассисаҳои таълимӣ бо истеҳсолот, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои коргарӣ ва рушди рақобатпазирии ҷавонон мусоидат намуда, имконияти арзёбии сатҳи омодагии касбии хонандагонро фароҳам овард.
Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои тарғиби омӯзиши касбҳои коргарӣ, баланд бардоштани мақому манзалати таҳсилоти касбӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аҳаммияти махсус дорад.
Ба таъкиди раиси Кумита, имрӯз рушди иқтисоди миллӣ ба мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир ниёз дорад. Аз ин рӯ, Кумита минбаъд низ баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ»-ро василаи муҳими баланд бардоштани сатҳи донишҳои амалӣ, рушди малакаҳои касбӣ ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат арзёбӣ намуда, барои боз ҳам густариш додани он тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.