Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ФАРҲОД РАҲИМӢ: БЕШ АЗ 13 ҲАЗОР ХОНАНДА ВА ОМӮЗГОРИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ИШТИРОК КАРДАНД
single-product

ФАРҲОД РАҲИМӢ: БЕШ АЗ 13 ҲАЗОР ХОНАНДА ВА ОМӮЗГОРИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ИШТИРОК КАРДАНД

2026-07-13 11:59:21

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар давраи ҳисоботӣ хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол дошта, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Ба гуфтаи раиси Кумита, бо мақсади иҷрои амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди маърифати миллӣ, фарҳанги китобхонӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва истеъдоди эҷодии ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ даври якуми озмунҳои ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Илм - фурӯғи маърифат» дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.
Академик Фарҳод Раҳимӣ иттилоъ дод, ки дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» 2 ҳазору як нафар хонанда ва омӯзгор иштирок намуда, аз ин шумора 225 нафар хонанда ва 61 нафар омӯзгор ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд. Ҳамчунин, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 3 ҳазору 191 нафар иштирок намуда, 214 нафар хонанда ва 211 нафар омӯзгор ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Аз ин шумора 61 нафар хонанда ва 10 нафар омӯзгор бо натиҷаҳои баланд ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Раиси Кумита афзуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ бо иштироки фаъолонаи хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор гардид. Дар даври якуми ин озмун 3 ҳазору 740 нафар иштирок намуда, 149 нафар хонанда ва 33 нафар омӯзгор ба даври дуюм роҳ пайдо карданд. Дар баробари ин, Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияҳои математика, физика, химия, биология, география, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гардида, дар он 4 ҳазору 326 нафар хонанда ва омӯзгор иштирок намуданд. Аз ин шумора 783 нафар хонанда ва 80 нафар омӯзгор ба даври дуюм роҳ ёфта, 58 нафар хонанда ва 14 нафар омӯзгор ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Ба таъкиди академик Фарҳод Раҳимӣ, иштироки густурдаи хонандагон ва омӯзгорон дар чунин озмунҳо аз болоравии сатҳи дониш, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва таваҷҷуҳи ҷавонон ба илм, китобу мутолиа ва арзишҳои фарҳангии миллат шаҳодат медиҳад.
Раиси Кумита афзуд, ки Кумита минбаъд низ барои омода намудани хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод тамоми имкониятҳоро сафарбар хоҳад намуд.