Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ФАРҲОД РАҲИМӢ: ШУМОРАИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ БА ЗИЁДА АЗ 28 ҲАЗОР НАФАР РАСИД
single-product

ФАРҲОД РАҲИМӢ: ШУМОРАИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ БА ЗИЁДА АЗ 28 ҲАЗОР НАФАР РАСИД

2026-07-13 11:55:53

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026 хабар дод, ки рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳа ба шумор рафта, дар ин самт нишондиҳандаҳои назаррас ба даст омадаанд.
Ба гуфтаи раиси Кумита, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 66 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият дошта, онҳо аз рӯйи 14 самти асосӣ ва 300 касбу ихтисос барои иқтисодиёти миллӣ кадрҳои коргарии баландихтисос омода менамоянд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 165 касбу ихтисос зиёд мебошад.

Академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2026 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 28 ҳазору 312 нафар хонанда, аз ҷумла 7 ҳазору 898 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 843 нафар зиёд буда, дар муқоиса бо соли 1991 шумораи хонандагон беш аз 10 ҳазору 456 нафар ё 37 фоиз афзоиш ёфтааст.
Зикр гардид, ки аз шумораи умумии хонандагон 25 ҳазору 198 нафар ё 89,1 фоиз дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 3 ҳазору 114 нафар ё 10,9 фоиз дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд. Нисбат ба соли гузашта шумораи хонандагони гурӯҳҳои буҷавӣ 4 ҳазору 242 нафар ва гурӯҳҳои шартномавӣ 601 нафар зиёд гардидааст, ки аз болоравии таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши касбҳои коргарӣ шаҳодат медиҳад.
Раиси Кумита таъкид кард, ки ҳадафи асосии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва мутобиқ сохтани низоми таҳсилоти касбӣ ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти мамлакат мебошад.
Ба гуфтаи академик Фарҳод Раҳимӣ, Кумита минбаъд низ ҷиҳати густариши шабакаи муассисаҳои таълимӣ, такмили муҳтавои таълим, зиёд намудани шумораи касбу ихтисосҳои замонавӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.