Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ФАРҲОД РАҲИМӢ: ДАР ШАШ МОҲ 18 САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ТАҲИЯ ГАРДИД
single-product

ФАРҲОД РАҲИМӢ: ДАР ШАШ МОҲ 18 САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ТАҲИЯ ГАРДИД

2026-07-13 11:52:55

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти Кумита дар самти таъминоти ҳуқуқӣ, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, коргузорӣ ва назорати иҷрои супоришҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Ба гуфтаи раиси Кумита, фаъолияти сохтор дар ин давра дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Кумита ба роҳ монда шуда, барои такмили заминаи ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ як қатор санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардиданд.
Тавре ки академик Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Кумита 18 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 9 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 9 фармоиши раиси Кумита омода гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 санад зиёд мебошад. Дар ин давра, ҳамчунин лоиҳаҳои як қатор қарорҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вобаста ба хоҷагиҳои таълимию истеҳсолӣ, гузариш ба маблағгузории сарикасӣ, муқаррар намудани меъёри ягонаи хӯроки гарм барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, тартиби таъмини хонандагон бо хобгоҳ, қоидаҳои қабул ва дигар санадҳои соҳавӣ таҳия шуданд.
Зимни нишаст таъкид гардид, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз қабл Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» имзо гардида, он дар матбуоти расмӣ чоп шуд ва барои татбиқи минбаъда ба ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ирсол шудааст.
Раиси Кумита иттилоъ дод, ки ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳо ва баррасии масъалаҳои муҳими соҳа дар шаш моҳи соли равон 23 ҷаласаи машваратии назди раиси Кумита баргузор гардида, дар онҳо 460 масъала мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳамзамон, 6 ҷаласаи назоратӣ бо баррасии 74 масъалаи муҳим доир шуда, барои иҷрои саривақтии онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Кумита дар ин давра ба 19 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазорату идораҳо хулоса пешниҳод намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 адад зиёд мебошад. Дар самти коргузорӣ бошад, ба Кумита дар шаш моҳи соли ҷорӣ 2916 ҳуҷҷати расмӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, супоришҳои мақомоти олии давлатӣ, мактубҳои вазорату идораҳо ва муассисаҳои тобеъ ворид гардида, мутобиқи талаботи қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, раиси Кумита хабар дод, ки ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба Кумита дар давраи ҳисоботӣ 263 муроҷиат ворид гардида, ба 258 муроҷиат ҷавобҳои расмӣ пешниҳод шуда, 5 муроҷиати дигар мавриди баррасӣ қарор доранд. Илова бар ин, роҳбарияти Кумита дар доираи қабули шаҳрвандон 22 маротиба рӯзи қабул баргузор намуда, 39 нафар шаҳрвандро ба ҳузур пазируфта, масъалаҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба таъкиди раиси Кумита, такмили заминаи ҳуқуқӣ, таҳкими низоми коргузорӣ ва назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита маҳсуб ёфта, ин раванд дар нимсолаи дуюми соли 2026 низ бо ҷиддият идома хоҳад ёфт.