ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ СОЛИМГАРДОНИИ СОҲИЛИ УНҶӢ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
2026-07-08 15:36:15
8 июл бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави маъмурии Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Абдуллоев бунёд гардида, барои қабули беморон бо 50 ҳуҷра, 100 ҷойи хоб ва 30 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.
Ифтитоҳи иншооти мазкур боз як қадами муҳим дар самти рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мегардад. Сарвари давлат зимни боздид аз шароити фароҳамшуда ба сифати корҳои сохтмонӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва имкониятҳои хизматрасонии марказ баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.
Дар марказ шуъбаҳои қабул, ҳуҷраҳои хоб, бахши физиотерапия, ҳуҷраҳои асаб, бемориҳои занона, ҳамчунин дилу рагҳои хунгард фаъолият менамоянд. Дар маркази солимгардонӣ мутахассисони касбиву дорои тахассуси баланд фаъолият намуда, хизматрасонӣ тибқи стандартҳои муосир ба роҳ монда шудааст.
Саҳни бинои маркази солимгардонӣ сабзкорӣ шуда, нишастгоҳҳои замонавӣ барои беморон имкони хуби истироҳату фароғатро ба миён овардаанд.
Зимни суҳбат бо масъулон роҳбари давлат таъкид намуданд, ки ҷалби сармояи хусусӣ ба соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буда, чунин ташаббусҳо ба беҳдошти саломатии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд.
Маркази солимгардонии Соҳили Унҷӣ минбаъд ба сокинони ноҳия ва минтақаҳои атроф хизмат расонида, дар таҳкими тандурустии ҷомеа саҳми назаррас хоҳад гузошт.