Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҲУШЁРИЮ ЗИРАКИИ СИЁСӢ - СИПАРИ МУҚОВИМАТ БО ФИТНАҲОИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ
single-product

ҲУШЁРИЮ ЗИРАКИИ СИЁСӢ - СИПАРИ МУҚОВИМАТ БО ФИТНАҲОИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ

2026-07-06 09:29:15

«Мо борои дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон масъулем. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки пеш аз ҳама, ба рушди имкониятҳои инсонӣ таваҷҷуҳ намуда, наслеро тарбия намоем, ки дар ниҳоди он, пеш аз ҳама, манфиатҳои миллию давлатӣ дида шавад ва бо баъзе паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ истодагарӣ намоянд».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷаҳони муосир таҳдиду хатарҳои терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Ин зуҳуроти номатлуб на танҳо ба амнияту суботи кишварҳои алоҳида, балки ба рушди устувор, зиндагии осоиштаи мардум ва арзишҳои инсондӯстона таъсири манфӣ мерасонанд. Имрӯз мубориза бо терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди соҳибватан, махсусан ҷавонон мебошад.

Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои ифротгаро ва ташкилотҳои террористӣ бештар аз фазои маҷозӣ истифода намуда, бо паҳн намудани маводи таблиғотӣ, хабарҳои бардурӯғ, таҳрифи воқеият ва иғвоангезӣ кӯшиш мекунанд афкори ҷомеаро гумроҳ созанд. Ҳадафи асосии онҳо коста намудани эътимоди мардум ба давлат, барангехтани ихтилоф миёни шаҳрвандон ва халалдор сохтани суботу оромии ҷомеа мебошад.

Яке аз усулҳои асосии фаъолияти чунин афрод истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ мебошад. Онҳо бо истифода аз эҳсосоти мардум, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷавонони таҷрибаи кофии сиёсӣ надошта, кӯшиш менамоянд андешаҳои ифротиро паҳн намуда, бо роҳи фиреб ва таблиғоти ғаразнок онҳоро ба доми худ кашанд. Дар аксари ҳолатҳо барномаҳои онҳо бар пояи таҳрифи воқеият, туҳмат, буҳтон ва маълумоти беасос омода гардида, ҳадафашон танҳо ба вуҷуд овардани нобоварӣ нисбат ба давлат ва ҷомеа мебошад.

Миллати тоҷик таърихи талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст. Он солҳои вазнин ба ҳамагон дарси бузурги таърихӣ гардиданд, ки оқибати ифротгароӣ, ҷудоиандозӣ ва душманӣ танҳо харобӣ, қурбониҳои зиёд ва ақибмонии давлатро ба бор меорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди соҳибватан вазифадор аст, ки барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои давлатӣ саҳми худро гузорад.

Тайи як соли охир чунин таъсиррасониҳо ба ғайр аз ташкилот ва ҳаракатҳои дигари террористию экстремистии сатҳи минтақавӣ аз ҷониби ташкилотҳои террористию экстремистии «Ҳизби наҳзати ислом», ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24», «Паймони миллии Тоҷикистон», “Анҷумани муҳоҷирон”, барномаҳои интернетии “Ислоҳ-нет”, “Минбари муҳоҷир” дар шабакаи Ютуб ва даҳҳо саҳифаҳои шахсони бадхоҳу иғвоангез нисбат ба давлат бештар шуда истодаанд.

Чунончӣ саркардагон ва ҷонибдорони ташкилотҳои болозикр ҳамарӯза тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои интернетии YouTube, Facеbook ва ғайраҳо дар мавзӯъҳои гуногуни фаъолияти давлатӣ ва муносибатҳои иҷтимоии шаҳрвандон таблиғот бурда, бо ин роҳ мақсад доранд, ки алоқаҳои байни ҷомеа ва ҳокимияти давлатиро вайрон сохта, ба равандҳои иҷтимоию сиёсии мамлакат таъсиррасон бошанд.

Дар сомонаҳои интернетӣ хоини ватан Муҳаммадиқболи Садриддин бо даъвоҳои беасос, ҳарфҳои таҳқиромез, суханони ифротгароёна баромад карда, бо ин восита мехоҳад ҷавононро ба доми фиреби худ афтонда, гумроҳ кунад. Зеро ягона ҳадафи ин гуна зархаридони хориҷӣ танҳо ноором кардани вазъи орому осудаи кишвари соҳибистиқлоли мо аст. Аммо ҳаргиз ба ин мақсадҳои ғаразноки хеш намерасанд ва тирашон чун ҳамеша ба синаи худу хоҷагонашон мезанад, зеро имрӯз ҳар ҷавони худогоҳу меҳтандӯсти тоҷик сипари боэътимоди Ватан мебошад.

Муҳаммадиқболи Садриддин ва чанде дигар гумроҳон ҷинояткор ва бесаводу беҳувият ҳастанд, барои мардуми тоҷик коре накардаанду намекунанд, зеро онҳо ҷуз иғвову дасиса амали дигареро наметавонанд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушду созандагӣ қадам гузоштааст. Дар тамоми минтақаҳои мамлакат корҳои ободонӣ, сохтмони роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ идома доранд. Ин пешрафтҳо маҳз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида истодаанд.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд дар баробари иттилооте, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас мекунад, ҳушёр бошад, ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ намояд ва ба ҳар гуна овозаҳо ва таблиғоти иғвоангез бовар накунад. Баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иттилоотии ҷавонон яке аз роҳҳои муассири пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро мебошад.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ рисолати муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Танҳо бо меҳнати софдилона, эҳтироми қонун, дӯст доштани Ватан ва ваҳдати миллӣ метавонем ояндаи дурахшони кишвари азизамонро таъмин намоем.

Таҷрибаи бисёр кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои ифротгаро ва тундгаро бештар аз воситаҳои иттилоотӣ барои ҷалби ҷавонон истифода мебаранд. Онҳо бо истифода аз шиору ваъдаҳои фиребанда, таҳрифи воқеият ва паҳн намудани иттилооти якҷониба кӯшиш менамоянд, ки тафаккури ҷавононро тағйир диҳанд.

Ҷавонони Тоҷикистон бояд дарк намоянд, ки ояндаи давлат маҳз аз дониш, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии онҳо вобаста аст. Ҳар қадар ҷавонон ба илму дониш, касбомӯзӣ, технологияҳои муосир ва навоварӣ бештар рӯ оваранд, ҳамон андоза имконияти таъсирпазирии онҳо аз таблиғоти ифротӣ коҳиш меёбад.

Имрӯз вазифаи падару модар, омӯзгорон, зиёиён ва тамоми ниҳодҳои ҷомеа аз он иборат аст, ки дар байни наврасону ҷавонон ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ, қонун ва фарҳанги миллӣ тақвият бахшида шавад. Маҳз муҳити солими оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа метавонад ҷавононро аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорад.

Ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ рисолати муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз мебошад. Таърих собит намудааст, ки миллат танҳо дар фазои оромӣ метавонад рушд намояд, иқтисодиёти худро пеш барад, сатҳи зиндагии мардумро беҳтар созад ва обрӯи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшад.

Ватандӯстӣ танҳо дар сухан нест, балки дар меҳнати ҳалол, эҳтироми қонун, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафти ҷомеа зоҳир мегардад. Ҳар шаҳрванде, ки барои ободии Ватан, рушди иқтисод, тарбияи насли наврас ва ҳифзи арзишҳои миллӣ кӯшиш мекунад, дар таҳкими давлатдории миллӣ нақши арзишманд мегузорад.

Воқеан, ҳам имрӯз вазифаи ҷонии ҳар як инсони соҳибфазлу инсондӯст аз он иборат аст, ки бар зидди зуҳуроти номатлуби террористию экстремистӣ фаъолонаю оштинопазирона мубориза барад. Дар ин самт бепарвоӣ, сустиродагӣ ва аз ҳама хавфноктар-бетараф нашудан ҳаргиз раво нест. Ҳақ ба ҷониби шоири тавонои оламиён Саъдии Шерозӣ аст, ки мегӯяд:

Сари чашма шояд гирифтан ба бел,

Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.

Оре, ҳар як зуҳуроти номатлуберо, ки дар ҷамъият сар мезанад, саривақт пешгирӣ намудан ва ба вусъатёбии он роҳ надодан бояд аз вазифаҳои фаврии аҳли фаъоли ҷамъият ва ҳар як шахси соҳибфарҳангу ватандӯст бошад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамояд, ки «Зиракию сиёсиро аз даст надиҳед». Воқеан ҳам зиракии сиёсӣ ин шинохти воқеияти зиндагӣ, воқеияти таърихӣ ва ватандорӣ буда, бозгӯи фарҳанги баланди сиёсӣ ва маърифати волои ватандӯстии ҳар як шасх буда, гувоҳи он аст, ки чунин афрод барои ободоӣ, озодӣ, сулҳу субот, таҳкими аркони давлатдорӣ, муаррифии давлат, ҳифзи он аз унсурҳои бегона ва пешрафту инкишоф ҳамчун шахси солимфикр хидмат менамоянд.

Мо - ҷавонон ва мардуми шарифи Тоҷикистон зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Имрӯз мо - аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақти бачагон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯз - терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем.

Тоҳир ОДИЛОВ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ