Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ
single-product

РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

2026-07-03 11:14:20

35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи эҳёи воқеӣ ва рушди бесобиқаи фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Агар ба таърихи навини кишвар назар афканем, ба хубӣ мушоҳида мегардад, ки фарҳанг дар тамоми ин солҳо ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва омили асосии таҳкими худшиносии миллӣ мавқеи марказӣ касб намудааст. Маҳз тавассути сиёсати фарҳангпарварона арзишҳои миллӣ ҳифз гардида, мероси гаронбаҳои ниёгон эҳё ва барои наслҳои оянда ҳифз шудааст.
Истиқлол барои миллати тоҷик имконияти бузурге фароҳам овард, то мардум ба таъриху фарҳанги худ бо нигоҳи тоза рӯ оваранд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар ба мушкилоти зиёд, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароити мураккаб нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ аҳаммияти хос пайдо кард. Баъди барқарор гардидани сулҳу субот марҳилаи нави рушди фарҳанг оғоз ёфт ва соҳа тадриҷан ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Дар ин давра садҳо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таъмиру барқарор карда шуданд. Қалъаҳои қадимӣ, осорхонаҳо, китобхонаҳо, театрҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ симои нав гирифтанд. Ба масъалаи ҳифзи мероси таърихӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Ин иқдомҳо имкон фароҳам оварданд, ки таърихи куҳанбунёди тоҷикон ба таври шоиста муаррифӣ гардад ва наслҳои ҷавон бо сарчашмаҳои фарҳанги миллӣ бештар ошно шаванд.
Дар даврони истиқлол таҷлили санаҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ ба анъанаи муҳим табдил ёфт. Ҷашнҳои бузурги миллӣ ва байналмилалӣ ба эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими худшиносии мардум мусоидат намуданд. Таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 2500-солагии Истаравшан, 3000-солагии Ҳисор, 5500-солагии Саразм ва дигар санаҳои таърихӣ аҳаммияти бузурги фарҳангӣ доштанд. Ин чорабиниҳо ҷаҳонро бори дигар бо тамаддуни бостонии тоҷикон ошно сохтанд ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Дар солҳои истиқлол санъати тасвирӣ низ марҳилаи нави рушдро оғоз намуд. Рассомони тоҷик дар мавзӯъҳои таърихӣ, ватандӯстӣ, истиқлол, ваҳдат ва арзишҳои миллӣ асарҳои арзишманд офариданд. Галереяҳо ва намоишгоҳҳои сершумор ташкил гардида, барои муаррифии эҷодиёти рассомон шароити мусоид фароҳам омад. Имрӯз санъати тасвирии Тоҷикистон ҳамчун оинаи зиндагии ҷомеа ва таҷассумгари арзишҳои миллӣ мавқеи хоси худро дорад.
Яке аз дастовардҳои муҳим дар солҳои истиқлол эҳёи ҷашнҳои миллӣ мебошад. Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ дубора мақоми шоиста пайдо карданд. Ин ҷашнҳо на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ эътироф гардиданд. Махсусан ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз муваффақияти бузурги фарҳангии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, рушди китобдорӣ, фаъолияти осорхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ ва муассисаҳои таълимии соҳа барои баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷомеа мусоидат намуд. Бунёди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ ва даҳҳо иншооти фарҳангии дигар барои рушди фарҳанг заминаи устувор фароҳам овард.
Дар замони истиқлол фарҳанг ба василаи муҳимми муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон табдил ёфт. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар кишварҳои гуногун, намоишҳои байналмилалӣ, фестивалҳо ва форумҳои фарҳангӣ имконият доданд, ки дастовардҳои фарҳангии миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гарданд. Ин раванд дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши назаррас бозид.
Имрӯз, дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, метавон бо итминон гуфт, ки фарҳанги миллӣ ба яке аз соҳаҳои пешрафтаи ҷомеа табдил ёфтааст. Дар ин давра арзишҳои миллӣ эҳё гардиданд, мероси таърихиву фарҳангӣ ҳифз шуд, шароити мусоид барои рушди эҷодкорон фароҳам омад ва фарҳанг ба омили муҳими таҳкими ваҳдат, худшиносӣ ва давлатдории миллӣ мубаддал гардид.
Таҷрибаи 35 соли истиқлол нишон медиҳад, ки рушди устувори ҳар давлат пеш аз ҳама ба фарҳанги он вобаста аст. Миллате, ки фарҳанги худро ҳифз мекунад, ҳувияти худро нигоҳ медорад ва метавонад дар байни халқҳои ҷаҳон мақоми шоистаро соҳиб шавад. Аз ин рӯ, дастовардҳои фарҳангии даврони истиқлол на танҳо натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи давлат, балки самараи талошҳои тамоми ҷомеа ба хотири ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ мебошанд. Маҳз ҳамин арзишҳо Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи боз ҳам дурахшон раҳнамун месозанд ва фарҳанги миллӣ ҳамчун чароғи роҳнамои миллат дар роҳи пешрафту ободонӣ хизмат хоҳад кард.
 
Оразбону АБДУЛВАДУДОВА,
муовини директор оид ба тарбияи
Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов