Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА САҲМИ ШОИСТАИ ОН ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ
single-product

ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА САҲМИ ШОИСТАИ ОН ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ

2026-07-02 10:34:30

Дар ҷаҳони муосир, ки башарият бо низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои сиёсӣ ва гуманитарӣ рӯ ба рӯ мебошад, масъалаи таҳкими сулҳу субот ба яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар чунин шароит, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳамкории созанда ташаббуси нави байналмилалии худро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта гардид.

Қабули ин қатънома аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид боз як далели равшани эътирофи нақши Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор мебошад. Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки солҳои зиёд ба пешбурди ҳамкорӣ, муколама ва ҳалли осоиштаи масъалаҳои ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.

Асосгузори ин ташаббуси муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо пешниҳоди ин иқдоми созанда Тоҷикистон бори дигар мавқеи худро ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори таҳкими амнияту ҳамкории байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат буда, ба таҳкими фарҳанги сулҳ, густариши муколамаи созанда ва таъмини зиндагии осоишта барои наслҳои имрӯзу оянда равона гардидааст. Тоҷикистон, ки худ таҷрибаи барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллиро пас аз солҳои душвор аз сар гузаронидааст, имрӯз ин таҷрибаро ҳамчун намунаи арзишманд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд.

Мақсади асосии Даҳсолаи байналмилалӣ таҳкими фарҳанги сулҳ, густариши муколама байни давлатҳо ва тамаддунҳо, пешгирии низоъҳо, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳ ва ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда мебошад. Дар доираи ин Даҳсола ба рушди таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, адолат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Хусусияти муҳимми ин ташаббус дар он аст, ки он на танҳо масъалаҳои имрӯза, балки масъулияти ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба ояндаи инсоният дар маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Ҷалби кӯдакон, ҷавонон ва насли калонсол ба муколама, тарбияи фарҳанги сулҳ ва ташаккули тафаккури масъулиятшиносӣ барои наслҳои оянда аз самтҳои муҳимми амалисозии ин Даҳсола ба ҳисоб мераванд.

Ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аҳаммияти ҳамкории минтақавиро тақвият мебахшад. Дар солҳои охир давлатҳои Осиёи Марказӣ тавонистанд тавассути муколама ва эътимодсозӣ як қатор масъалаҳои муҳимро бо роҳҳои осоишта ҳал намоянд. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва иродаи сиёсӣ метавон ба сулҳу суботи пойдор ноил гардид.

Қабули Қатъномаи мазкур дар айёми таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ низ рамзи муҳимми сиёсӣ ва маънавӣ дорад. Барои мардуми Тоҷикистон сулҳ танҳо мафҳуми сиёсӣ нест, балки неъмати бебаҳоест, ки бо заҳмату фидокории фарзандони миллат ба даст омадааст. Аз ин рӯ, пешниҳоди чунин ташаббус дар сатҳи байналмилалӣ идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба ҳамбастагӣ, таҳаммулпазирӣ ва муколама ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ метавонад ба платформаи муассири ҳамкории давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳкими сулҳи пойдор мубаддал гардад.

Дар маҷмуъ, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» саҳми арзишманди кишвар дар таҳкими амният ва сулҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ин иқдом обруву нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам баланд бардошта, бори дигар собит месозад, ки кишвари мо ҳамчун ҷонибдори сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ нақши фаъол ва созанда дорад.

Парвина МУРОДОВА, муаллими калони кафедраи фанҳои табиии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова