ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ: ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ БУНЁДИ ҶОМЕАИ МУОСИРИ ИТТИЛООТӢ
2026-07-02 10:25:40
Дар ҷаҳони муосир технологияҳои рақамӣ ба яке аз муҳимтарин омилҳои рушди давлатҳо табдил ёфтаанд. Имрӯз сатҳи рақобатпазирии иқтисодӣ, самаранокии идоракунии давлатӣ, сифати хизматрасониҳо ва ҳатто нуфузи байналмилалии кишварҳо аз дараҷаи рушди инфрасохтори рақамӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ вобастагии зич дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо такя ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ роҳи ташаккули ҷомеаи рақамиро интихоб намуда, дар ин самт қадамҳои устувор мегузорад.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҷамъбасти як марҳилаи таърихии давлатсозӣ, балки фурсати муносиб барои арзёбии дастовардҳо дар самти рақамикунонии идоракунӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва гузариш ба ҳукумати электронӣ мебошад. Агар солҳои аввали истиқлолият масъалаҳои асосӣ ба ҳифзи давлатдорӣ, барқарорсозии иқтисод ва таҳкими сулҳу субот равона шуда бошанд, имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи иқтисоди рақамӣ ва идоракунии интеллектуалӣ ворид гардидааст.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ имкониятҳои техникӣ ва технологӣ маҳдуд буданд. Шумораи истифодабарандагони интернет хеле кам, шабакаҳои алоқа нокифоя ва аксари хизматрасониҳои давлатӣ танҳо дар шакли анъанавӣ анҷом дода мешуданд. Бо вуҷуди ин, тадриҷан бо рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи ислоҳот заминаи гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ фароҳам гардид.
Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди технологияҳои рақамӣ ҳамчун яке аз самтҳои стратегии пешрафти мамлакат муайян шудааст. Қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, густариши шабакаҳои алоқа, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва такмили заминаҳои ҳуқуқӣ далели он аст, ки давлат рақамикунониро воситаи муҳими баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва рушди иқтисодӣ меҳисобад. Яке аз муҳимтарин самтҳои ин раванд гузариш ба ҳукумати электронӣ мебошад. Ҳукумати электронӣ низоми нави муносибатҳои давлат ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад, ки дар он хизматрасониҳо зуд, шаффоф ва дастрас пешниҳод мешаванд. Маҳз чунин низом метавонад омилҳои инсонӣ, вақти зиёдатӣ, коғазбозӣ ва баъзе ҳолатҳои коррупсиониро коҳиш диҳад.
Имрӯз дар Тоҷикистон тадриҷан хизматрасониҳои давлатӣ ба шакли электронӣ мегузаранд. Пардохти андозу боҷҳо, бақайдгирии баъзе хизматрасониҳо, пешниҳоди маълумотномаҳо, истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ ва фаъолияти як қатор сохторҳои давлатӣ аллакай бо истифода аз технологияҳои рақамӣ амалӣ мешаванд. Ин тағйирот вақти шаҳрвандонро сарфа карда, сифати хизматрасониро беҳтар мегардонад.
Бо ибтикори роҳбарияти давлат масъалаи рушди иқтисоди рақамӣ низ аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Имрӯз рақамикунонӣ тамоми бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, молия ва тиҷоратро фаро гирифта истодааст. Технологияҳои рақамӣ имконият медиҳанд, ки истеҳсолот самараноктар, идоракунӣ дақиқтар ва хизматрасонӣ босифаттар гардад.
Соҳаи маориф яке аз самтҳое мебошад, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ тағйироти назаррасро аз сар гузаронд. Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо синфхонаҳои компютерӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, истифодаи китобхонаҳои электронӣ, платформаҳои омӯзишӣ ва захираҳои рақамӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсил мусоидат менамояд. Имрӯз ҷавонони тоҷик имконияти бештар доранд, ки ба донишҳои ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо кунанд ва малакаҳои рақамии худро такмил диҳанд.
Дар бахши тандурустӣ низ технологияҳои иттилоотӣ нақши муҳим мебозанд. Ҷорӣ намудани низомҳои электронии бақайдгирии беморон, нигоҳдории маълумоти тиббӣ, хизматрасониҳои рақамӣ ва истифодаи технологияҳои муосири ташхис сатҳи хизматрасонии тиббиро беҳтар намуда истодааст.
Рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ низ яке аз нишонаҳои пешрафти иқтисоди миллӣ мебошад. Имрӯз пардохтҳои электронӣ, ҳамёнҳои рақамӣ, хизматрасониҳои бонкии фосилавӣ ва низомҳои пардохти ғайринақдӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон мавқеи устувор пайдо кардаанд. Ин раванд шаффофияти гардиши маблағҳоро таъмин намуда, ба рушди соҳибкорӣ ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ рушди инфрасохтори рақамӣ мебошад. Солҳои охир шабакаҳои нахи оптикӣ васеъ гардида, сифати алоқа беҳтар ва дастрасии аҳолӣ ба интернет бештар шудааст. Бо густариши шабакаҳои муосири алоқа имкониятҳои нав барои рушди тиҷорати электронӣ, таҳсилоти фосилавӣ, хизматрасониҳои давлатӣ ва иқтисоди рақамӣ фароҳам меоянд.
Дар ин замина рушди зеҳни сунъӣ, таҳлили додаҳои калон, автоматикунонии идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар истеҳсолот метавонад барои Тоҷикистон имкониятҳои нави иқтисодӣ ба вуҷуд оварад. Агар имрӯз ба омода намудани кадрҳои рақамӣ ва рушди инноватсия таваҷҷуҳи бештар дода шавад, дар солҳои наздик кишвар метавонад мавқеи худро дар иқтисоди рақамии минтақа боз ҳам мустаҳкам намояд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ рақобати давлатҳо бештар ба рақобати технологияҳо мубаддал гардидааст. Аз ин рӯ, ояндаи Тоҷикистон низ ба сатҳи рушди илм, инноватсия, иқтисоди рақамӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ вобастагӣ дорад. Бо истифода аз имкониятҳои даврони соҳибистиқлолӣ, сиёсати пайгиронаи давлат дар самти рақамикунонӣ ва иштироки фаъоли ҷавонони соҳибтахассус метавон итминон дошт, ки Тоҷикистон дар солҳои оянда низ роҳи ташаккули ҳукумати электронии муосир ва ҷомеаи рақамиро бо қадамҳои устувор идома хоҳад дод. Ин раванд яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол буда, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи пешрафт, навоварӣ ва рушди устувори мамлакат арзёбӣ мегардад.
Дар маҷмуъ, 35 соли Истиқлоли давлатӣ нишон дод, ки Тоҷикистон танҳо ба бунёди роҳу неругоҳҳо ва иншооти иҷтимоӣ маҳдуд нашуда, ҳамзамон барои ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва идоракунии муосир низ заминаи устувор гузоштааст. Рақамикунонии иқтисодиёт, густариши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва гузариш ба ҳукумати электронӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳимми ин марҳилаи рушди кишвар мебошанд.
Ҷонибек ШОАЗИЗОВ,
омӯзгори фанҳои тахассусии Литсейи
касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе