ДАР КУМИТА БА ХОТИРИ ҚАБУЛИ «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИСУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027 – 2036» ҲАМОИШИТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
2026-06-26 11:07:33
Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» барои солҳои 2027-2036 ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш раиси Кумита академик
Фарҳод Раҳимӣ, муовинони раис, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ,
инчунин роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
мамлакат тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ
зикр кард, ки бегоҳии 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи
махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои
оянда» қабул намуд. Тавассути ин санади муҳим давлатҳои узви СММ уҳдадории
муштараки худро ҷиҳати таҳкими сулҳ, густариши муколама ва ҳамбастагии байни
наслҳо ҳамчун пояҳои асосии таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.
Таъкид карда шуд, ки дар қатънома
ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, аз ҷумла иродаи наҷоти наслҳои оянда аз
офати ҷанг ваҳалли мусолиматомези баҳсҳо инъикос ёфта, ҳамчунин аҳамияти
Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ ҳамчун санади муҳими байналмилалӣ
эътироф гардидааст.
Сипас, роҳбарони як қатормуассисаҳои
таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакат доир ба ин мавзуъ маърӯза
намуданд. Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки мутобиқи қатънома солҳои
2027-2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои
оянда эълонгардида, ҳадафҳои он мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама,
мусолиҳа ва ҳамбастагии байни наслҳо, инчунин ба инобат гирифтани манфиатҳои
наслҳои оянда дар қабули қарорҳо мебошад.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки дар қатънома
таҷрибаи давлатҳое, ки тавассути равандҳои сиёсии фарогир, чораҳо иэътимодсоз,
барқарорсозии пас аз низоъ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар пешбурди сулҳ саҳм
гузоштаанд, ҳамчун намунаи арзишманд истиқбол гардидааст. Инчунин, азтаҳаввулоти
мусбат дар Осиёи Марказӣ, бахусус талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистонва Ӯзбекистон
дар ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ истиқбол карда шудааст.
Дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки
қабули ин қатъномаи муҳими байналмилалӣ боз як дастоварди бузурги Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда,
он дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯз барои таҳкими фарҳанги сулҳ,
ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти бузург дорад.
Иштирокдорони ҳамоиш ин иқдоми
таърихиро бо қаноатмандӣ истиқбол намуда, онро мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди
Тоҷикистон арзёбӣ карданд.