ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҚАДАМИ НАВ ДАР РОҲИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ
2026-06-26 09:00:55
«Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд. Вобаста ба ин, мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест».
Эмомалӣ Раҳмон
Сулҳу субот яке аз арзишмандтарин неъматҳои инсоният буда, рушду пешрафти давлатҳо ва зиндагии осоиштаи мардум маҳз ба мавҷудияти он вобаста аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ аз даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ гузаштааст, имрӯз бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Яке аз дастовардҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» мебошад. Ин ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардида, аҳаммияти бузурги байналмилалӣ дорад.
Ҳадафи асосии ин даҳсола муттаҳид намудани талошҳои давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳкими сулҳи пойдор, пешгирии низоъҳо, баланд бардоштани фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Дар шароите, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои нав, аз ҷумла муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ мебошад, чунин ташаббус барои амнияти башарият аҳаммияти фавқулода дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд». Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ишора мекунанд, ки сулҳи пойдор танҳо бо набудани ҷанг таъмин намешавад, балки он ба тарбияи фарҳанги сулҳ, эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулгароӣ ва ҳамкории созанда миёни мардуму давлатҳо такя мекунад. Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» аҳаммияти пешгирии низоъҳоро тавассути муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ таъкид намуда, кишварҳоро ба рушди фарҳанги сулҳ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, таҳкими дӯстии байни халқҳо ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳо даъват менамояд. Ин раванд ба ташаккули ҷомеаи амну босубот, рушди устувор ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои наслҳои имрӯзу оянда мусоидат мекунад. Ба таъбири дигар, Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки ояндаи осоишта танҳо дар сурате таъмин мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ арзишҳои сулҳ, ҳамзистии осоишта, таҳаммулгароӣ ва ҳамкории байналмилалиро ҳамчун пояи асосии рушди инсоният қабул ва амалӣ намояд.
Қатъномаи мазкур аз таҷрибаи нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 барои Тоҷикистон оғози марҳилаи нави рушд гардид. Маҳз ҳамин таҷрибаи сулҳофарӣ имрӯз ҳамчун намунаи арзишманд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи дигар таъкид менамояд, «Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд. Дар робита ба ин, мо чунин мешуморем, ки ҳалли ҳама гуна мушкилоти ҷаҳонӣ танҳо аз роҳи муколама ва ҳамкории созанда имконпазир аст». Ин суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулияти муштараки тамоми инсониятро дар назди наслҳои оянда таъкид менамоянд. Мафҳуми асосии ин андеша дар он аст, ки ҳар як давлат ва ҳар як ҷомеа бояд барои ҳифзи сулҳу субот, таъмини амният ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ саҳмгузор бошад. Зеро танҳо дар фазои сулҳу оромӣ ҷомеа метавонад ба рушди устувор, пешрафти илму маориф, иқтисод ва фарҳанг ноил гардад. Ҳамзамон, Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки дар ҷаҳони муосир ҳеҷ як мушкили глобалӣ бо роҳи зӯрӣ, низоъ ва мухолифат ҳал намешавад. Роҳи дурусти ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ муколама, эҳтироми ҳамдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда мебошад. Маҳз тавассути гуфтушунид ва талошҳои муштарак давлатҳо метавонанд ба сулҳи пойдор, эътимоди байниҳамдигарӣ ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ ноил шаванд. Аз ин рӯ, ин суханон на танҳо даъват ба сулҳ, балки роҳнамои муҳими сиёсати байналмилалӣ буда, ҳар як инсонро ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулгароӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди наслҳои оянда ҳидоят мекунанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо пешниҳоди ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам намудааст. Аз ҷумла, ташаббусҳои вобаста ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор, инчунин ин қатъномаи нав оид ба таҳкими сулҳ, аз эътибори баланди Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид шаҳодат медиҳанд.
«Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самтҳои маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи сулҳпарварӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар доираи он метавон барномаҳои омӯзишӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва ташаббусҳои муштаракро амалӣ намуд, ки ба таҳкими фарҳанги сулҳ мусоидат мекунанд.
Нақши ҷавонон дар татбиқи ҳадафҳои ин даҳсола хеле муҳим аст. Зеро ҷавонони имрӯз созандагони ҷомеаи фардо мебошанд. Аз ин рӯ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ ва ҳамзистии осоишта вазифаи муҳими давлат, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа мебошад.
Муассисаҳои таълимӣ низ дар амалисозии ин ташаббуси байналмилалӣ саҳми назаррас гузошта метавонанд. Бо баргузории конференсияҳо, мизҳои мудаввар, озмунҳои илмӣ, маҳфилҳои тарбиявӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни омӯзгорону донишҷӯён метавон ғояҳои сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиро густариш бахшид.
Қабули ин қатънома боз як далели равшани он аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар ҳалли масъалаҳои дохилии кишвар, балки дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ низ саҳми арзишманд мегузорад. Ин ташаббус обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам боло бурда, масъулияти ҷомеаи ҷаҳонро дар роҳи таъмини сулҳу амният бештар менамояд.
Хулоса, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» далели сиёсати сулҳпарварона, дурбинона ва инсондӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин иқдоми таърихӣ барои таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ, ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо ва таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзаву оянда саҳми арзишманд гузошта, масъулияти ҳар як инсонро дар ҳифзи сулҳ ва субот боз ҳам бештар мегардонад.
Тоҳир ОДИЛОВ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ