Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ИФТИТОҲИ ФОСИЛАВИИ ДУ БИНОИ НАВИ МТМУ, БИНОИ ИЛОВАГИИ ШУЪБАИ ВКД ДАР НОҲИЯ ВА МАҶМААИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
single-product

ИФТИТОҲИ ФОСИЛАВИИ ДУ БИНОИ НАВИ МТМУ, БИНОИ ИЛОВАГИИ ШУЪБАИ ВКД ДАР НОҲИЯ ВА МАҶМААИ ВАРЗИШӢ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

2026-06-20 13:50:38

20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар маҳаллаи Сохтмончиёни шаҳраки Мунк пас аз таъмиру навсозии пурра Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи Иброҳим Раҳмонзода ба истифода дода шуд. Муассиса дорои 25 синфхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар шароити зарурии таълиму тарбия буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар деҳаи Айлодара бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншоот аз синфхонаҳои бо васоити муҳими таълимӣ муҷаҳҳаз ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат буда, барои 600 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи ин муассиса намунавӣ буда, ҳамин гуна мактабҳо аллакай дар се деҳа сохта шудааст ва тибқи нақша дар 6 деҳаи дигар низ бояд бунёд ёбад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин ду муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Ховалинг барои қариб 2 ҳазор хонанда дар ду баст имкониятҳои нави таҳсил муҳайё гардидааст.

Дар идомаи тадбирҳо бинои нави иловагии маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ховалинг ва майдончаи варзишии назди он ба истифода дода шуд. Иншоот аз 19 утоқи корӣ ва толори маҷлис иборат буда, бо таҷҳизоти муосири хизматрасонӣ таъмин гардидааст.

Ҳамчунин дар деҳаи Дараи Мухтор Маҷмааи варзишии нав, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдулло Ҳасанов бунёд ёфтааст, ифтитоҳ гардид. Маҷмаа дорои толорҳои варзишӣ, майдончаи футбол, ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳои истироҳатӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда, ба рушди варзиш ва ташкили истироҳати фаъол нигаронида шудааст.

Ифтитоҳи иншооти мазкур идомаи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими инфрасохтори маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина фароҳам меорад.