ЭҲЁИ НОМИ НЕК: БУНЁДГУЗОРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ
2026-06-01 13:25:40
Ин мавзӯъ аз муҳимтарин ва ҳассостарин саҳифаҳои таърихи миллати мост. Шахсиятҳое чун Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз ҷумлаи фарзандони содиқу ҷоннисори миллат буданд, ки барои ташаккул ва таҳкими давлати тоҷикон хизматҳои бузург анҷом доданд. Аммо онҳо дар солҳои 30-юм қурбони тӯҳмат, беадолатӣ ва зулми сиёсӣ гардиданд.
Имрӯз, баъд аз гузашти даҳсолаҳо, номи неку хизматҳои онҳо
дубора эҳё гардида, ҷойгоҳи шоистаи худро дар таърихи миллат соҳиб шудаанд. Пос
доштани хотираи ин абармардон, омӯзиши зиндагӣ ва корномаи онҳо ва расонидани
ҳақиқати таърих ба наслҳои оянда, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бедордил
ва ватандӯсти Тоҷикистон мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки роҳи истиқлолу давлатдории миллати
тоҷик осон набуд. Дар солҳои 20–30-юми асри гузашта, дар шароити ниҳоят душвори
сиёсӣ, гурӯҳе аз фарзандони ҷоннисори миллат барои ҳифзи ҳастии тоҷикон ва
бунёди давлати Тоҷикистон мубориза бурданд.
Имрӯз, пас аз гузашти қариб як аср, адолати таърихӣ барқарор
мегардад. Миллати тоҷик номи неки онҳоро дубора эҳё намуда, бо эҳтироми хос
хотираи онҳоро гиромӣ медорад.
Наҷотбахшони миллат дар он солҳои сарнавиштсоз Нусратулло
Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад буданд. Нақши онҳо дар таърихи
давлатдории тоҷикон бисёр бузург аст.
Нусратулло Махсум - яке аз роҳбарони аввалини Тоҷикистони
Шӯравӣ буд, ки тамоми ҳастии худро барои ҳифзи миллати тоҷик сарф кард. Ӯ бар
зидди тақсимоти ноодилонаи ҳудудии соли 1924 садо баланд намуда, барои ба
Тоҷикистон ҳамроҳ кардани марказҳои
таърихии тоҷикон - Бухоро ва Самарқанд мубориза бурд.
Шириншоҳ Шоҳтемур - сиёсатмадори дурандеш ва муборизи роҳи
давлатдории тоҷикон буд. Бо талошҳои пайгиронаи ӯ Тоҷикистон соли 1929 аз
ҷумҳурии мухтор ба Ҷумҳурии Иттифоқӣ табдил ёфт. Ӯ барои ҳифзи ҳувияти миллӣ
хизматҳои бузург анҷом дод.
Нисор Муҳаммад - маорифпарвари маъруфе буд, ки барои рушди
маориф, кушодани мактабҳо, аз байн бурдани бесаводӣ ва тарбияи зиёиёни тоҷик
саҳми арзанда гузошт.
Аммо сарнавишти ин фарзандони содиқи миллат бисёр фоҷиабор
буд. Дар солҳои 1937–1938 онҳо бо туҳматҳои сохта ҳамчун «душмани халқ» ва
«ҷосус» ба қатл расонида шуданд. Солҳои зиёд номи онҳо пинҳон ва ё таҳриф
мешуд, вале ҳақиқат ниҳоят пирӯз гардид.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ба
эҳёи ҳақиқати таърихӣ оғоз кард. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
номи ин фидоиёни миллат сафед гардида, хизматҳои онҳо дар сатҳи давлатӣ қадр
шуданд. Ба Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон»
дода шуд. Ин қадрдонӣ нишонаи арҷгузории давлат ва миллат ба хизматҳои бузурги
ин фарзандони фидоии тоҷик буд. Бо ин иқдом, адолати таърихӣ барқарор гардида,
номи онҳо ҳамчун поягузорони давлатдории муосири тоҷикон дубора зинда шуд.
Имрӯз корнома ва ҷоннисориҳои Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ
Шоҳтемур барои насли ҷавон намунаи ватандӯстӣ, садоқат ба миллат ва хизмат ба
давлат ба шумор меравад.
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳайкалҳо, ёдгориҳо ва маконҳои зиёде ба
номи онҳо гузошта шудаанд. Ин ҳама нишонаи он аст, ки миллат фарзандони содиқи
худро ҳаргиз фаромӯш намекунад.
Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Ҷаноби Олӣ раванди эҳёи
номи ин қаҳрамонҳои миллат марҳилаи нав пайдо кард. 19 майи соли 2026 қисмате
аз хоки оромгоҳҳои Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз
шаҳри Москва ба Тоҷикистон оварда шуда, дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе бо
иштироки намояндагони давлат, аҳли зиё ва пайвандони онҳо бо эҳтироми хос ба
хок супурда шуданд. Ин рӯйдод ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат бар туҳмат ва
эҳтироми миллат ба фарзандони фидоии худ арзёбӣ мешавад.
Бо итминон метавон гуфт, ки хатти сиёҳи «душмани миллат» аз
номи онҳо барои ҳамеша пок шуд ва ҷойи онро номи пурифтихори «Қаҳрамони миллат»
гирифт. Хотираи неки онҳо имрӯз яке аз пояҳои маънавии истиқлолу давлатдории
тоҷикон мебошад.
ҲУСЕЙНЗОДА Гулхумор Дадобой,
номзади илмҳои филология, директори Коллеҷи технологии шаҳри
Душанбе