Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ СОҲИБТАХАССУС ВА ТАЪМИНИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ ДАР ТОҶИКИСТОН
single-product

ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ СОҲИБТАХАССУС ВА ТАЪМИНИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

2026-06-01 13:23:03

Рушди шуғли пурмаҳсул бо дигар афзалиятҳои миллии кишвар, аз қабили рушди сармояи инсонӣ зич алоқаманд аст. Дар иртибот ба ин бояд зикр намуд, ки дараҷаи номукаммали қисме аз захираҳои меҳнатӣ омили асосӣ барои ба таври пурмаҳсул бо кор таъмин нагардидани онҳо мегардад. Зиёда аз ин, дараҷаи касбият бевосита бо андозаи пардохти музди меҳнат алоқамандӣ дорад.

Баланд бардоштани сифати шуғли аҳолӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сифати захираҳои меҳнатиро дар назар дошта, дар насли наврас ташаккул ёфтани малакаҳои заминавиро пешбинӣ менамояд, ки он барои бомуваффақият ворид шудан ба фаъолияти меҳнатӣ зарур мебошад.

Дар шароити иқтисодиёти муосир таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз омилҳои муҳими рушди бозори меҳнат ва таъмини шуғли пурмаҳсул ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, масъалаи омода намудани мутахассисони соҳибкасб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти калон дорад, зеро рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, сохтмон, хизматрасонӣ, энергетика ва технология ба қувваи кории тахассуснок ниёз дорад.

Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба ҷавонон имконият медиҳад, ки касбҳои коргариро аз худ намоянд ва зуд ба бозори меҳнат ворид шаванд. Коллеҷҳо ва литсейҳои касбӣ мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла: кафшергар, барқчӣ, дуредгар, ронанда, ошпаз, дӯзанда, техник, оператори компютерӣ омода мекунанд.

Дар Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом низ ҳамасола мутахассисони соҳибкасбро аз рӯи ихтисосҳои барои талаботи бозори меҳнат мувофиқ омода намуда истодаанд. Ин гуна муассисаҳо дар паст кардани сатҳи бекорӣ, махсусан миёни ҷавонон, нақши муҳим мебозанд.
Бояд қайд намуд, ки таҳсилоти миёнаи касбӣ барои тайёр намудани мутахассисони сатҳи миёна равона шуда, хатмкунандагони коллеҷҳо метавонанд дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ фаъолият намоянд ё таҳсили худро дар муассисаҳои олии таълимӣ идома диҳанд. Ин низоми таълим барои мутобиқ намудани малакаҳои ҷавонон ба талаботи бозори меҳнат мусоидат мекунад.

Нақши асосии таҳсилоти касбӣ дар таъмини шуғли пурмаҳсул дар баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии ҷавонон дар бозори меҳнат, коҳиш додани бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини иқтисодиёт бо кадрҳои соҳибтахассус, рушди соҳибкорӣ ва худиштиғолӣ, баланд шудани ҳосилнокии меҳнат ва ҳ.к. зоҳир мегардад. Зеро, шахсони соҳиби касб имконияти бештар барои пайдо кардани ҷойи кори муносиб дошта, бо рушди касбомӯзӣ шаҳрвандон метавонанд дар дохили кишвар бо шуғли муносиб таъмин шаванд.

Ҳамзамон, корхонаҳо ва ташкилотҳо низ маҳз ба мутахассисони амалии дорои малакаи касбӣ эҳтиёҷ доранд. Бисёр хатмкунандагони муассисаҳои касбӣ метавонанд фаъолияти мустақилона оғоз намоянд. Донишу малакаи касбӣ ба сифати кор ва самаранокии истеҳсолот таъсири мусбат мерасонад. Бо вуҷуди ин, дар низоми таҳсилоти касбӣ баъзе мушкилот низ вуҷуд доранд: норасоии таҷҳизоти муосир, мутобиқ набудани баъзе барномаҳо ба талаботи бозор, кам будани ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корфармоён, паст будани шавқи баъзе ҷавонон ба касбҳои техникӣ. Барои беҳтар намудани вазъ: навсозии базаи моддию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим, тақвияти ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо бахши хусусӣ, ташкили таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, дастгирии давлатии касбомӯзӣ зарур аст.

Ҳамин тавр, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар таъмини шуғли пурмаҳсул ва рушди устувори иқтисоди миллӣ нақши калидӣ дорад. Омода намудани кадрҳои рақобатпазир метавонад ба баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

САНГИНЗОДА Эмин Нӯъмон,номзади илмҳои иқтисодӣ омӯзгори кафедраи иқтисод ва иттилооти Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом