Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪСИС ВА ТАҲКИМИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ СУБОТИ ГЕОПОЛИТИКӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
single-product

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪСИС ВА ТАҲКИМИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ СУБОТИ ГЕОПОЛИТИКӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

2026-06-01 13:17:28

Таърихи давлатдории навини тоҷикон ба таври возеҳ собит менамояд, ки ташаккул ва таҳкими низоми мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ, яке аз муҳимтарин ва сарнавиштсозтарин иқдомҳои сиёсиву стратегии даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад, ки татбиқи муваффақонаи он, пеш аз ҳама, ба иродаи қавии сиёсӣ, ҷаҳонбинии давлатмеҳварона ва тафаккури геостратегии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи мустақим дорад.

Дар марҳилаи ниҳоят ҳассосу пуртазоди ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, замоне ки Тоҷикистон дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба буҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида, сохторҳои давлатӣ фалаҷ шуда буданд ва хатари аз байн рафтани давлатдории миллӣ ба воқеияти талхи сиёсӣ табдил меёфт, масъалаи таъсиси неруҳои мустақили ҳарбӣ ба ҳайси яке аз омилҳои калидии ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишвар аҳаммияти ҳаётӣ касб намуд. Дар чунин шароити мураккабу бесобиқа Тоҷикистон, бар хилофи аксари ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, бидуни доштани зерсохтори омодаи ҳарбӣ, аслиҳа, техника ва пойгоҳҳои мукаммали мудофиавӣ ба истиқлол расида буд, ки ин вазъият зарурати таъсиси Артиши миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадиро аз сифр ба миён овард. Маҳз бо ташаббус ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат 23 феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, баъдан 28 майи соли 1994 Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи муҳими низоми таъмини амнияти миллӣ ташкил гардиданд. Ин иқдоми таърихӣ на танҳо рамзи ташаккули низоми мустақили мудофиавии кишвар буд, балки ҳамчун қадами сарнавиштсоз дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи суботи сиёсӣ аҳаммияти бузурги таърихӣ касб намуд.

Пешвои миллат бо дарки амиқи моҳияти таҳдидҳои геополитикии минтақа ва воқеияти нооромиҳои дохиливу хориҷӣ ба хубӣ эҳсос менамуданд, ки бе мавҷудияти неруҳои касбии ҳарбӣ ва сохторҳои муназзами ҳифзи сарҳад нигоҳ доштани истиқлолият, таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ғайриимкон хоҳад буд. Аз ҳамин лиҳоз, дар шароите ки кишвар бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ ва норасоии имкониятҳои моддӣ рӯ ба рӯ буд, тамоми иқтидор ва захираҳои мавҷуда барои таъсиси дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ, мустаҳкам намудани инфрасохтори мудофиавӣ ва баланд бардоштани қобилияти ҷангии неруҳои сарҳадӣ равона карда шуданд. Маҳз натиҷаи ҳамин сиёсати хирадмандона ва тадбирҳои пайгиронаи роҳбарияти олии давлат мебошад, ки имрӯз Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як сохтори муқтадир, касбӣ, муҷаҳҳаз ва дорои имкониятҳои муосири ҳарбӣ табдил ёфта, дар таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои геополитикии кишвар нақши муассир мебозанд.

Сарҳади давлатӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ на танҳо хатти муайянкунандаи ҳудуди соҳибихтиёрии давлат, балки яке аз унсурҳои калидии истиқлолияти сиёсӣ, суботи дохилӣ ва амнияти миллӣ ба шумор меравад. Аз ин нуқтаи назар, ҳифзи сарҳади давлатӣ ҳамчун вазифаи муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва стратегӣ аҳаммияти махсус дошта, ба сатҳи қобилияти давлат дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботи ҷомеа робитаи мустақим дорад. Барои миллати тоҷик, ки дар тӯли таърих борҳо барои ҳифзи сарзамин ва арзишҳои давлатдории худ мубориза бурдааст, посдории марзу бум на танҳо вазифаи низомӣ, балки таҷассумгари номуси миллӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти таърихӣ мебошад.

Дар ин замина, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 августи соли 1997 ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ дар роҳи таҳкими заминаҳои қонунгузории ҳифзи марз аҳаммияти калидӣ дошта, барои танзими фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ ва таъмини мустақилонаи амнияти сарҳадӣ заминаи устувори сиёсиву ҳуқуқиро фароҳам овард.

Аҳаммияти геостратегӣ ва геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус вобаста ба мавқеи ҷуғрофии он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳаммарзӣ бо Афғонистон, боис гардидааст, ки масъалаи ҳифзи сарҳадҳои давлатӣ на танҳо аҳаммияти миллӣ, балки хусусияти фароминтақавӣ ва байналмилалӣ касб намояд. Тоҷикистон имрӯз дар сафи пеши мубориза бо таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.

Сарҳадбонони тоҷик бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, шуҷоат ва садоқат ба Савганди ҳарбӣ на танҳо марзи давлатии Тоҷикистон, балки фазои амниятии кишварҳои минтақа ва ҷомеаи байналмилалиро аз таҳдидҳои гуногуни фаромиллӣ ҳифз менамоянд. Ин омил бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ ва давлати масъулиятшинос дар таъмини суботи геополитикӣ ва амнияти глобалӣ саҳми арзишманд мегузорад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ масъалаи таъмини амнияти маънавӣ ва ҳифзи шуури сиёсии ҷавонон низ аҳаммияти хосса пайдо намудааст. Имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ ва неруҳои манфиатдор кӯшиш менамоянд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои иттилоотӣ ҷавононро ба ақидаҳои бегонаву харобиовар ҷалб намоянд. Аз ин рӯ, таҳкими тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва фарҳанги сиёсӣ бояд ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ гардад.

Дар ин раванд нақши муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва ҳайати афсарӣ ниҳоят муҳим мебошад, зеро маҳз онҳо метавонанд дар замири ҷавонон эҳсоси масъулиятшиносӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба давлату миллатро ташаккул диҳанд. Афсар дар ҷомеаи муосир на танҳо фармондеҳи низомӣ, балки тарбиятгари маънавӣ, мураббии сиёсӣ ва намояндаи давлат ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти ӯ дар ташаккули шахсияти сарбоз ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ нақши ҳалкунанда дорад.

Таҷрибаи таърихии солҳои истиқлолият нишон медиҳад, ки Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи беш аз се даҳсола аз тамоми имтиҳонҳои душвори сиёсиву амниятӣ бо сарбаландӣ гузашта, имрӯз ба яке аз ниҳодҳои муҳими таъминкунандаи субот, амният ва ҳифзи давлатдории миллӣ табдил ёфтаанд. Сарҳадбони тоҷик имрӯз рамзи шуҷоат, матонат, садоқат ба Ватан ва кафили сулҳу оромии ҷомеа мебошад.

Бо итминони комил метавон таъкид намуд, ки ҳайати шахсии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бо такя ба анъанаҳои неки давлатдории миллӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат вазифаи муқаддаси ҳифзи марзу буми Ватанро бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар таҳкими пояҳои истиқлолият, суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми боз ҳам арзишманд хоҳанд гузошт.

Муталиб МАҲМУДЗОДА,

муовини директор оид ба тарбияи

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд