НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЭҲЁИ МЕРОСИ ИЛМИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО
2026-06-01 13:15:30
Дар таърихи тамаддуни башарӣ шахсиятҳое мавҷуданд, ки бо осори илмӣ, фалсафӣ ва фарҳангии худ на танҳо ба даврони зиндагии хеш, балки ба тамоми марҳилаҳои рушди инсоният таъсири амиқ гузоштаанд. Яке аз чунин нобиғагони ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ки дар илму фарҳанги Шарқ ва Ғарб мақоми баланд дошта, ҳамчун файласуф, табиб, донишманд ва мутафаккири барҷаста шинохта шудааст. Осори гаронбаҳои ӯ дар соҳаҳои тиб, фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ, ахлоқ, мусиқӣ ва дигар бахшҳои илмӣ то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ доштаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифз, омӯзиш ва тарғиби мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Хусусан, дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатӣ дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси илмӣ ва фарҳангии ниёгон, инчунин муаррифии шахсиятҳои бузурги тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сатҳи нав баромад. Яке аз муҳимтарин иқдомҳо дар ин самт қабули фармонҳо ва қарорҳои давлатӣ оид ба гиромидошти мероси Абӯалӣ ибни Сино ва таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи ӯ мебошад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино аҳамияти бузурги сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмӣ дошта, ба таҳкими худшиносии миллӣ, рушди илму маърифат ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд. Ин иқдом на танҳо барои эҳёи мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино, балки барои рушди тафаккури илмӣ ва муаррифии арзишҳои тамаддуни тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муассир дорад.
Осори илмии Абӯалӣ ибни Сино беш аз 450 асарро дар бар мегирад, ки қисми зиёди онҳо ба соҳаҳои тиб, фалсафа, мантиқ ва табиатшиносӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, асари машҳури ӯ - «Ал-Қонун фи-т-тиб» дар тӯли чандин аср ҳамчун китоби асосии тиббӣ дар донишгоҳҳои Аврупо ва Шарқ истифода мешуд. Ин асар дорои маълумоти муфассал оид ба бемориҳо, усулҳои ташхис ва муолиҷа буда, дар рушди илми тиб саҳми беназир гузоштааст. Дар баробари илмҳои тиббӣ, Абӯалӣ ибни Сино дар рушди фалсафа низ нақши бузург бозидааст. Ӯ масъалаҳои марбут ба ҳастӣ, маърифат, ахлоқ ва ҷомеаро мавриди таҳлил қарор дода, дар ташаккули фалсафаи асримиёнагӣ таъсири амиқ гузоштааст. Осори ӯ дар кишварҳои гуногун паҳн гардида, то имрӯз ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фалсафӣ мавриди омӯзиш қарор доранд.
Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун намояндаи барҷастаи тамаддуни тоҷикону форсҳо дар ташаккули фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст. Осори ӯ нишон медиҳанд, ки миллати тоҷик аз қадим соҳиби тамаддуни ғанӣ ва фарҳанги пешрафта будааст. Аз ин рӯ, омӯзиш ва тарғиби мероси ӯ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ аҳамияти махсус доранд. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди сиёсӣ ва фарҳангӣ ворид гардид. Дар ин давра масъалаи эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи мероси таърихӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги миллат ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ҳифз ва
омӯзиши мероси фарҳангии миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Бо ташаббуси
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бузурги таърихӣ ва фарҳангӣ баргузор гардида,
осори шахсиятҳои барҷастаи тоҷик аз нав нашр ва таҳқиқ шуданд.
Дар доираи сиёсати фарҳангии давлат барои гиромидошти Абӯалӣ ибни Сино як қатор
тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, баргузор намудани ҳамоишҳои
байналмилалӣ, нашри осори илмии ӯ, таъсиси марказҳои илмӣ ва бунёди муҷассамаҳо
аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошанд. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ омӯзиши
осори Абӯалӣ ибни Сино густариш ёфта, мавзӯъҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ
ба барномаҳои таълимӣ ворид карда шуданд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба баланд
бардоштани маърифати илмӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат намуданд.
Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино барои қадрдонии хизматҳои олимон, муҳаққиқон ва шахсиятҳое пешбинӣ шудааст, ки дар рушди илм, тиб, фалсафа ва фарҳанг саҳми арзанда мегузоранд. Ин иқдом аҳамияти бузург дошта, ба баланд гардидани нуфузи илмии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Аҳамияти дигари фармон дар он зоҳир мегардад, ки он барои эҳёи суннатҳои илмии гузаштагон замина фароҳам меорад. Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун рамзи илму маърифат муаррифӣ гардида, ҷавонон ба омӯзиши илм ва фаъолияти эҷодӣ ҳидоят мешаванд.
Фармон барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад. Бо таъсиси ин ҷоиза олимону муҳаққиқони хориҷӣ низ ба омӯзиши мероси Абӯалӣ ибни Сино таваҷҷуҳ зоҳир намуда, робитаҳои илмии Тоҷикистон бо марказҳои илмии ҷаҳон таҳким меёбанд. Ҷоизаҳои илмӣ дар рушди ҷомеа нақши муҳим доранд. Онҳо муҳаққиқонро ба фаъолияти илмӣ ҳавасманд намуда, барои рушди илм ва технология шароити мусоид фароҳам меоранд. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино низ дар ҳамин замина аҳамияти бузург дорад.
Ин ҷоиза ба рушди соҳаҳои гуногуни илм, бахусус тиб ва фалсафа мусоидат менамояд. Олимоне, ки дар таҳқиқоти илмӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд, бо ин ҷоиза қадрдонӣ шуда, барои идомаи фаъолияти илмии худ имкониятҳои нав пайдо мекунанд. Ҳамзамон, ҷоиза барои ташаккули муҳити солими илмӣ мусоидат менамояд. Дар натиҷаи баргузории озмунҳо ва ҳамоишҳои илмӣ муҳаққиқон имконият пайдо мекунанд, ки таҷрибаи худро мубодила намуда, натиҷаҳои илмии худро муаррифӣ кунанд.
Эҳёи мероси илмӣ ва фарҳангии ниёгон барои таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти калон дорад. Миллате, ки таърих ва фарҳанги худро мешиносад, метавонад арзишҳои миллиро ҳифз намуда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми худро устувор гардонад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар ҳамин самт нақши муҳим мебозад. Ин иқдом ҷавононро ба омӯзиши таърих ва фарҳанги миллат ҳидоят намуда, ҳисси ифтихори миллиро тақвият медиҳад.
Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун яке аз фарзандони барҷастаи миллати тоҷик намунаи олии донишмандӣ, заковат ва инсонпарварӣ мебошад. Муаррифии мероси ӯ ба ҷавонон барои тарбияи насли худшинос ва ватандӯст мусоидат мекунад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳамияти бештар касб менамояд. Аз ин рӯ, иқдомҳои давлатӣ дар самти эҳёи мероси илмии гузаштагон барои ҳифзи фарҳанги миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа нақши муҳим доранд. Нақши дигари ин ҷоиза дар рушди илмҳои тиббӣ хеле муҳим мебошад. Азбаски Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун табиби бузург шинохта шудааст, ҷоизаи ба номи ӯ метавонад барои рушди тибби муосир ва таҳқиқоти тиббӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд бо таърих ва фарҳанги миллати худ ошно бошанд. Осори Абӯалӣ ибни Сино метавонад барои тарбияи ахлоқӣ, илмӣ ва маънавии ҷавонон таъсири мусбат расонад. Дар осори Ибни Сино масъалаҳои марбут ба донишандӯзӣ, ахлоқи инсонӣ, тарбияи шахсият ва арзиши илм мавқеи муҳим доранд. Ӯ илмро омили асосии пешрафти ҷомеа медонист ва инсонҳоро ба омӯзиши пайваста даъват менамуд.
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои нав метавонанд мероси илмии Абӯалӣ ибни Синоро амиқ омӯзанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмӣ баргузории конференсияҳо, семинарҳо ва маҳфилҳои илмӣ ба омӯзиши осори ӯ мусоидат менамояд. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино метавонад ҷавонони боистеъдодро ба корҳои илмӣ ҷалб намояд. Вақте ҷавонон мебинанд, ки давлат ба илм ва дониш аҳамияти калон медиҳад, онҳо бештар ба таҳсил ва таҳқиқот таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои муаррифии мероси Абӯалӣ ибни Сино дар сатҳи ҷаҳонӣ корҳои назаррасро анҷом додааст. Бо ташаббуси роҳбарияти давлат ҳамоишҳои байналмилалӣ баргузор гардида, осори Ибни Сино ба забонҳои гуногун нашр шудаанд. Инчунин, Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, дар самти ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд. Чунин ҳамкориҳо барои муаррифии дастовардҳои тамаддуни тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ аҳамияти калон доранд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ
ибни Сино низ ба таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ин
иқдом нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибтамаддун ба рушди илм ва
фарҳанг аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Муаррифии Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун шахсияти
ҷаҳонӣ инчунин ба густариши дипломатияи фарҳангӣ мусоидат мекунад. Тавассути
илм ва фарҳанг давлатҳо метавонанд робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан
судмандро тақвият бахшанд. Сино ҳамчун яке аз бузургтарин намояндагони
тамаддуни тоҷикон дар рушди илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми беназир гузоштааст.
Осори ӯ то имрӯз арзиши илмӣ ва маънавии худро нигоҳ дошта,
барои инсоният ҳамчун сарчашмаи дониш хизмат мекунанд.
Сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳёи мероси миллӣ барои рушди
ҷомеа аҳамияти калон дорад. Бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиш ва тарғиби мероси Абӯалӣ ибни Сино
ба сатҳи нав баромада, барои таҳкими худшиносии миллӣ ва боло бурдани нуфузи
байналмилалии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ҷоизаи байналмилалии
Абӯалӣ ибни Сино метавонад барои рушди илм, дастгирии олимон ва тарбияи насли
наврас дар рӯҳияи донишандӯзӣ ва ватандӯстӣ саҳми муҳим гузорад.
Сарвиноз НУРУЛЛОЁН,
муовини директор оид ба таълими
Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.