Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО - ҚАДАМИ НАВ ДАР РУШДИ ИЛМИ ТИБ
single-product

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО - ҚАДАМИ НАВ ДАР РУШДИ ИЛМИ ТИБ

2026-06-01 13:11:51

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 2026, таҳти рақами 1180 фармонро "Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб" имзо кард. Ин қарор натанҳо барои илми ватанӣ, балки барои тамоми ҷомеаи илмӣ ва тиббии байналмилалӣ низ як рӯйдоди таърихӣ аст. Мувофиқи фармон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуда, Фонди махсуси Ҷоиза таъсис дода шудааст ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки низомнома ва тартиби кори Ҷоизаро таҳия ва тасдиқ кунад.

Ҳадафи асосии Ҷоизаи нави байналмилалӣ эътирофи дастовардҳои барҷаста дар соҳаи тиб, дастгирии тадқиқоти илмӣ ва ҳавасмандгардонии рушди илми тиб мебошад. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино нишонаи равшани таваҷҷӯҳи махсуси давлат ба рушди илм, тандурустӣ ва ҳамкории байналмилалии илмӣ мебошад, ки қадами муҳим дар омӯзиши мероси илмии Абуалӣ ибни Сино хоҳад буд. Ин Ҷоиза ба олимони сатҳи ҷаҳонӣ барои саҳмашон дар рушди соҳаи тандурустӣ ва илм дода мешавад. Мавзӯъҳои тандурустӣ, беҳдошт (гигиена) ва пешгирии сироятҳо дар асарҳои Абуалӣ ибни Сино, ки мероси ӯ имрӯз ҳам муҳим боқӣ мемонад ва саҳми назаррас дар соҳаи тандурустии ҷаҳонӣ мегузорад, нақши асосиро мебозанд.

Таърих гувоҳ аст, ки фарзонафарзандони некуноми миллати тоҷик тули мавҷудияташ барои баланд бардоштани мақому мартабаи шахсиятҳое, ки эътибору шарафро барояш овардааст, ҷаҳду кӯшишҳои беназире намудаанд. Воқеан зинда гардонидани руҳи ниёгон як навъ арҷгузорӣ дар баробари бузургии эшон аст ва вазифаи ҷонии мост то ин андешаи созгорро дар ниҳоди хеш парварда бошем. Яке аз шахсиятҳое, ки пайваста дар ин самт заҳмат мекашанд, Пешвои муаззами миллат мебошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин олими тиббу фалсафа Абуалӣ ибни Синоро «Мутафаккири абадзинда» номида, барои хидматҳояш пайваста арҷгузорӣ мекунад.

Дар суханрониҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо осори офаридаи бузурги Абуалӣ ибни Сино, аз қабили «Ал-Қонун фи-т-тиб» ва «Китобу-ш-шифо»-ро ҳамчун сарвати миллат ва тамаддуни башарӣ васф мекунад. Маҳз ҳамин донишу заковати бемисли ӯ буд, ки то ҳол номи ӯро ба некӣ ёд меоранд. Ташаббуси сарвари давлат дар ростои таъсис додани Ҷоизаи байналмилалии "Абуалӣ ибни Сино"-ро метавон як таҳаввулоте дар сиёсати маорифпарваронаи ҷомеаи ҷаҳонӣ номид, ки дар таърих беназиру мондагор аст.

Ин ҷоиза барои эътирофи саҳми Абуалӣ ибни Сино фарзанди бузурги мардуми тоҷик, дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар сатҳи ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст. Тадқиқотҳои илмӣ, назарияҳо ва тавсияҳои амалии Абуалӣ ибни Сино на танҳо аҳамияти илмӣ ва амалии худро то имрӯз нигоҳ медоранд, балки ба таҳкими саломатии ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус дар соҳаи пешгирии бемориҳои сироятӣ, ки дар солҳои охир ба як нигаронии ҷиддӣ барои башарият табдил ёфтааст, мусоидат мекунанд. Ин ташаббус барои ҳифз ва таблиғи мероси ғании илмии ин мутафаккир, табиб ва олими бузург, ки номаш дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовор дорад, равона шудааст.

Абуалӣ ибни Сино ба таври ҳаққонӣ яке аз асосгузорони тибби илмӣ ҳисобида мешавад. Асари муҳими ӯ, "Қонуни тиб", дар тӯли асрҳо ҳамчун китоби асосии тиббӣ дар бузургтарин донишгоҳҳои Шарқ ва Аврупо хидмат кардааст. Дар таҳқиқоти худ, олими бузург донишҳои анатомия, физиология, ташхис ва табобати бемориҳоро ба низом дароварда, пояҳои тибби муосирро асос гузоштааст. Мероси илмии Абуалӣ ибни Сино имрӯз ҳам муҳим боқӣ мемонад. Андешаҳои ӯ дар бораи пешгирии бемориҳо, муносибати инфиродӣ ба беморон, нақши беҳдошт (гигиена) ва тарзи ҳаёти солим ҳамчун асосҳои муҳими тибби муосир боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, номи Абуалӣ ибни Сино рамзи таҳқиқоти илмӣ, инсондӯстӣ ва хидмат ба инсоният аст.

Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино барои Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад. Ин натанҳо эҳтиром ба фарзанди бузурги миллати тоҷик, балки эътирофи саҳми мактаби илмии тоҷик дар рушди илми ҷаҳонӣ низ мебошад. Дар тӯли солҳои истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди илми тибб ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Таъсиси ин Ҷоизаи нави байналмилалӣ барои рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ ва тақвияти мавқеи байналмилалии илми тоҷик ангезаи иловагӣ хоҳад бахшид. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб барои муттаҳид кардани беҳтарин намояндагони илми тиб аз саросари ҷаҳон, мусоидат ба рушди таҳқиқоти инноватсионӣ ва ҳифзи анъанаҳои инсондӯстонаи таъсисдодаи Абӯалӣ ибни Сино равона шудааст.

Таъсиси ин Ҷоизаи бонуфуз як қадами устувор дар тақвияти мақоми Тоҷикистон ҳамчун давлате мебошад, ки ба илм эҳтиром мегузорад, олимонро дастгирӣ мекунад ва мероси аҷдоди бузурги худро бошарафона ҳифз мекунад. Абӯалӣ ибни Сино рамзи бузургии фарҳанги тоҷик буд, боқӣ мемонад ва мероси ҷовидонаи ӯ ба рушди илми тибби ҷаҳонӣ ва пешрафти инсоният хизмат мекунад.

АМИРЗОДА Шарофиддин Рустам,

Директори Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон,

номзади илмҳои тиб