РУШДИ БЕСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ТОҶИК ДАР 35-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
2026-05-25 10:47:49
(Ба ифтихори 25-уми май-Рӯзи ҷаҳонии футбол)
«Футбол на танҳо яке аз намудҳои маъруф ва густаришёфтаи
варзиш дар байни халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон аст, балки яке аз василаҳои
муҳимми солимгардонӣ, рушди ҷисмониву равонӣ ва таҳкими руҳияи инсондӯстиву
ҳамбастагӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо футбол дар кишвари мо дар
марҳалаи нави рушд қарор дошта, шумораи ҳаводорону варзишгарон, махсусан, миёни
наврасону ҷавонон пайваста афзуда истодааст».
Эмомалӣ Раҳмон.
Футбол имрӯз танҳо як навъи варзиш набуда, балки яке аз
падидаҳои бузурги фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ин бозӣ
новобаста аз миллат, нажод, забон ва дину фарҳанг мардумони оламро муттаҳид
намуда, ҳамчун забони умумии инсоният хизмат мекунад. Миллионҳо нафар мухлисон
дар гӯшаву канори ҷаҳон маҳз тавассути футбол эҳсоси дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ
ва ҳамбастагиро таҷриба менамоянд.
Дар шароити имрӯза футбол ба як василаи муҳими муаррифии
давлатҳо дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Кишварҳое, ки ба рушди варзиш,
бахусус футбол таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, дар баробари тарбияи ҷавонони
солим, обрӯ ва нуфузи худро низ дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳким мебахшанд. Ҷумҳурии
Тоҷикистон низ дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди футбол аҳамияти махсус дода,
имрӯз ҳамчун яке аз кишварҳои рӯ ба рушди минтақа дар ин самт шинохта мешавад.
Муждаи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали
Муттаҳид оид ба расман эълон гардидани 25-уми май ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии футбол»
барои тамоми дӯстдорони ин бозии маҳбуб мояи ифтихору сарфарозӣ гардид. Бояд
таъкид намуд, ки ин ташаббуси муҳим аз ҷониби Рустами Эмомалӣ, Президенти
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи
Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Қобили зикр аст, ки қатъномаи мазкур бо дастгирии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва ҳамчунин кишварҳои Баҳрайн ва Либия ба тасвиб расид. Дар он
аҳамияти варзиш, махсусан футбол, дар таҳкими сулҳ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва
ҳамкории байналмилалӣ махсус таъкид гардидааст. Ин иқдоми таърихӣ бори дигар
нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз на танҳо дар арсаи сиёсӣ, балки дар
самти дипломатияи варзишӣ низ мавқеи устувор касб намудааст.
Баъди ба ҳайси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон
интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ тамоми низоми футболи кишвар тадриҷан симои
нав гирифт. Барномаҳои муосири рушд роҳандозӣ гардида, дар тамоми соҳаҳои
футбол тартибу низоми касбӣ ҷорӣ карда шуд. Маҳз дар ҳамин давра барои рушди
футболи кӯдакону наврасон, такмили фаъолияти мактабҳои варзишӣ, баланд
бардоштани сатҳи доварӣ ва омодасозии мутахассисони соҳа тадбирҳои мушаххас
амалӣ гардиданд.
Бо ташаббуси роҳбарияти Федератсия нахустин шабакаҳои
махсуси варзишии кишвар ТВ “Варзиш” ва ТВ “Футбол” таъсис дода шуданд, ки имрӯз
дар тарғиби варзиш ва муаррифии дастовардҳои футболи тоҷик нақши муҳим доранд.
Ҳамзамон сомонаи расмии Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият
оғоз намуда, барои дастрасии мухлисон ба ахбори расмӣ ва шаффофияти фаъолияти
соҳа замина фароҳам овард.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан ба яке аз марказҳои
муҳими футболи минтақа табдил ёфта истодааст. Бесабаб нест, ки қароргоҳи
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, CAFA дар шаҳри Душанбе ҷойгир буда,
роҳбарии онро низ Рустами Эмомалӣ ба уҳда дорад. Имрӯз дар варзишгоҳҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии сатҳи баланд байни дастаҳои
наврасон, ҷавонон, бонувон ва футзал мунтазам баргузор мегарданд, ки ин нишонаи
эътимоди ҷомеаи футболи Осиё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Баргузории чунин
чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ пеш аз ҳама аз суботи сиёсӣ, фазои оромиву
амният ва инфрасохтори замонавии кишвар шаҳодат медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон
имрӯз ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва варзишдӯст дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хос
пайдо кардааст.
Ҳамаи ин дастовардҳо, пеш аз ҳама, ба шарофати сиёсати
хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодаанд.
Бо дастгирии бевоситаи давлату Ҳукумат як қатор барномаҳои давлатии рушди
футбол қабул гардида, барои бунёди инфрасохтори замонавии варзишӣ заминаҳои
мусоид фароҳам оварда шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии
футбол» қайд намуданд, ки «Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар саросари кишвар
беш аз 7500 майдону майдончаҳои варзшӣ танҳо барои бозии футбол сохта, ба
истифода дода шудаанд. Дар як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 101
майдончаи замонавии футбол мавриди истифода қарор дода шуд».
Воқеан ҳам дар солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 7500 майдону
майдончаҳои футболбозӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар сохта ва мавриди истифода
қарор дода шуданд. Илова бар ин, аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон беш
аз 30 майдончаи хурди футболбозии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд
гардиданд, ки имрӯз макони дӯстдоштаи наврасону ҷавонон ба шумор мераванд.
Имрӯз Конфедератсияи футболи Осиё иҷозати баргузории мусобиқаҳои байналмилалиро
дар як қатор варзишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла варзишгоҳи “20-солагии
Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд, варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор,
инчунин варзишгоҳи “ТАЛКО-АРЕНА”-и шаҳри Турсунзода додааст. Ин худ далели
равшани мутобиқ гардидани зерсохтори варзишии кишвар ба талаботи байналмилалӣ
мебошад.
Бояд махсус таъкид кард, ки футбол танҳо бозӣ нест, футбол
мактаби бузурги тарбия, василаи ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва
дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Ҷавононе, ки ба варзиш машғуланд, аз бисёр
амалҳои номатлуб дур монда, барои ояндаи худ ва ҷомеа шахсиятҳои солим ба воя
мерасанд.
Дар баробари ин, рушди футболи занона низ дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон солҳои охир суръати тоза гирифтааст. Имрӯз дастаҳои бонувон дар
мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ фаъолона ширкат намуда, саҳми худро дар рушди
варзиши кишвар мегузоранд. Инчунин таваҷҷуҳ ба футболи кӯдакону наврасон бештар
гардида, мактабҳои махсуси варзишӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат фаъолият
доранд.
Ҳамчунин, дастовардҳои тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
солҳои охир мояи ифтихори ҳар як сокини кишвар гардидааст. Баромадҳои шоистаи
мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла роҳ
ёфтан ба марҳилаҳои муҳими қаҳрамонии Осиё, нишон медиҳанд, ки футболи тоҷик
имрӯз дар масири дурусти рушд қарор дорад. Метавон бо итминон гуфт, ки футболи
Тоҷикистон имрӯз давраи нави рушду эҳёро аз сар мегузаронад. Ҷомеаи футболи
кишвар бо иродаи қавӣ ва дастгирии давлату Ҳукумати кишвар барои расидан ба
дастовардҳои боз ҳам бузургтар талош дорад.
Идомаи ин раванд метавонад Тоҷикистонро дар ояндаи наздик ба
яке аз давлатҳои пешрафтаи футболи минтақа табдил диҳад. Зеро футбол имрӯз на
танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими обрӯи байналмилалии давлат,
муаррифии фарҳангу тамаддун ва муттаҳидсозии ҷомеа мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар пойтахти азизамон шаҳри
Душанбе сохтмони варзишгоҳи муосири дорои 30 ҳазор ҷои нишаст бо суръати баланд
идома дошта дар арафаи анҷомёбист. Варзишгоҳи мазкур мутобиқ ба меъёрҳои
байналмилалӣ бунёд гардида, барои баргузории мусобиқаҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ
пешбинӣ шудааст. Бунёди чунин иншооти азим бори дигар аз таваҷҷуҳи махсуси
давлату Ҳукумат ба рушди соҳаи варзиш ва махсусан футбол дарак медиҳад. Иншооти
мазкур дар оянда метавонад ба яке аз марказҳои асосии баргузории мусобиқаҳои
байналмилалӣ дар минтақа табдил ёбад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби CAFA зиёда аз 18
мусобиқаи байналмилалӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардидааст. Бозиҳои
марҳилаҳои интихобии чемпионатҳои Осиё миёни наврасону ҷавонон, мусобиқаҳои
байни дастаҳои футболи занона ва инчунин фестивалҳои футбол барои кӯдакон борҳо
дар шаҳрҳои гуногуни кишвар доир шуда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари меҳмондӯсту
варзишпарвар муаррифӣ намудаанд.
Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (САFА) ва
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба маврид
таъкид намудааст, ки «Дар футбол барои расидан ба натиҷа вақт лозим аст. Кори
мо дар наздиктарин маврид самара хоҳад дод».
Ин суханон имрӯз дар дили миллионҳо мухлисони футболи тоҷик
ҳисси умед, боварӣ ва ифтихори миллиро бедор месозанд. Зеро воқеан ҳам,
натиҷаҳои солҳои охир собит намуданд, ки сиёсати дуруст ва дастгирии пайваста
метавонад ҳар орзуро ба воқеият табдил диҳад.
Хулоса, рушди босуръати футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
самараи сиёсати созандаи давлату Ҳукумати кишваричунин бо талошҳои пайвастаи
роҳбарияти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Имрӯз футбол дар
кишвар на танҳо як намуди варзиш, балки рамзи ваҳдат, дӯстӣ, ватандӯстӣ ва
муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.
Бешак, санаи 25-уми май ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии футбол» дар
саҳифаҳои таърихи варзиши ҷаҳон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мояи ифтихори
ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки маҳз ташаббуси ҷониби Тоҷикистон
ва Рустами Эмомалӣ боис гардид, ки ин рӯз расман дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф
шавад. Ин иқдоми таърихӣ мақому нуфузи Тоҷикистонро дар ҷомеаи байналмилалӣ боз
ҳам баландтар намуд.
Имрӯз ҷомеаи футболи кишвар бо руҳияи тоза ва иродаи қавӣ ба
сӯи фардои дурахшон қадам мегузорад. Умед аст, ки дар солҳои наздик
футболбозони тоҷик дар бузургтарин мусобиқаҳои ҷаҳон иштироки фаъол намуда,
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаҳои байналмилалӣ боз ҳам
баландтар хоҳанд бардошт.
Бо чунин ниятҳои нек тамоми дӯстдорони футбол, варзишгарон,
мураббиён ва мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро ба муносибати «Рӯзи ҷаҳонии
футбол» самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, рӯҳу илҳоми тоза,
сарбаландиву саодат ва дастовардҳои бузургу беназир орзу менамоем.
Футбол имрӯз омили муттаҳидсозандаи миллатҳо ва василаи
таҳкими дӯстии халқҳо гардидааст. Бигзор чароғи футбол ҳамеша дар Тоҷикистони
соҳибистиқлол фурӯзон бошад ва насли ҷавони кишварро ба сӯи пирӯзию комёбиҳо
раҳнамун созад!
Тоҳир ОДИЛОВ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ,
муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии
«Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ»