ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ
2026-05-25 09:58:23
Устодону омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён ва дӯстдорони варзиш!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос ҳамаи шумо - аҳли
соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, варзишгарон, мураббиён ва ҳаводорони
футболро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки ҳамасола 25 май бо ибтикори
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе,
президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар асоси
қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон
имрӯз ҳамчун кишвари ташаббускор ва ҷонибдори таҳкими арзишҳои инсондӯстона,
дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва тарзи ҳаёти солим дар арсаи байналмилалӣ эътироф
гардидааст. Қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол
шаҳодати нуфузи афзояндаи Тоҷикистон ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз иқдомҳои
созандаи роҳбарияти олии мамлакат мебошад.
Футбол имрӯз танҳо як намуди варзиш набуда, омили
муҳими таҳкими дӯстӣ, ваҳдат, тарбияи ҷисмониву маънавии ҷавонон ва василаи
муаррифии миллатҳо дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Маҳз тавассути рушди варзиш,
бахусус футбол, метавон насли солим, худшиносу ватандӯст ва дорои иродаи қавиро
тарбия намуд.
Боиси хушнудист, ки имрӯз дар
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар таваҷҷуҳ ба рушди варзиш,
тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии футбол рӯз аз рӯз бештар мегардад.
Дар ин замина, соли дуюм аст, ки бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ин иқдоми
ҷаҳонии Тоҷикистон мусобиқаҳои футбол ва футзал миёни хонандагону донишҷӯёни
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои дарёфти Ҷоми раиси Кумита
дар се давр бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор мегарданд.
Ин мусобиқаҳо барои таҳкими дӯстӣ, эҳтироми
ҳамдигар, рушди маҳорати варзишӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави футбол мусоидат
менамоянд. Хушбахтона, сол аз сол теъдоди иштирокчиён ва сатҳи рақобат дар ин
чорабиниҳои варзишӣ афзоиш ёфта, ғолибону фаъолон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва
ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, бо мақсади таҳкими фарҳанги варзишӣ ва
иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои гуногун, аз ҳисоби кормандони дастгоҳи
марказӣ ва муассисаҳои зерсохтори Кумита тими варзишии “Таҳсилот” таъсис дода
шудааст, ки ду сол боз дар мусобиқаҳои варзишии шаҳриву ҷумҳуриявӣ иштироки
фаъолона намуда, бо рӯҳияи баланди рақобат ва натиҷаҳои назаррас соҳаро
муаррифӣ мекунад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки варзиш имрӯз ба ҷузъи муҳими
фаъолияти касбӣ ва фарҳанги ташкилотӣ табдил ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки дар сохтори Кумита Коллеҷи
тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Филиали коллеҷи мазкур дар шаҳри Бӯстон амал
мекунанд, ки дар самти тарбияи варзишгарони касбӣ, омода намудани мутахассисони
соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди инфрасохтори варзишии кишвар нақши арзишманд
доранд. Хатмкунандагони ин муассисаҳо имрӯз дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва
байналмилалӣ Тоҷикистонро бо сарбаландӣ намояндагӣ намуда истодаанд.
Мо итминон дорем, ки таваҷҷуҳи пайвастаи давлату
Ҳукумат ба рушди варзиш, бахусус футбол, дар оянда барои кашфи истеъдодҳои нав,
баланд гардидани нуфузи варзиши тоҷик ва иштироки шоистаи ҷавонони кишвар дар
мусобиқаҳои байналмилалӣ заминаи боз ҳам устувор фароҳам меорад.
Дар ин рӯзи фархунда ба ҳамаи варзишгарон,
мураббиён, омӯзгорон, донишҷӯён ва дӯстдорони футбол сиҳатмандӣ, неруи тоза,
иродаи қавӣ, пирӯзиҳои нав ва дастовардҳои арзандаро орзу менамоям. Бигзор
варзиш, бахусус футбол, ҳамеша василаи муттаҳидсозандаи ҷавонон, тарғибгари
сулҳу дӯстӣ ва рамзи ифтихори миллӣ бошад!
Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак!