ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН БО СОЗМОНҲОИ ҶАҲОНӢ ДАР ЗАРФИ 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
2026-05-19 11:07:32
Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон на танҳо оғози марҳилаи нави таърихӣ, балки заминаи мусоид барои ташаккули сиёсати мустақили хориҷӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ гардид. Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон тавонист ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор ва дорои сиёсати хориҷии мутавозин дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи устувори худро касб намояд.
Ҳамкориҳои
судманд бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ин давра барои рушди
иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими амният, баланд гардидани нуфузи байналмилалӣ ва
беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми назаррас гузоштанд.
Аз
рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти олии кишвар таҳти сарварии Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати “дарҳои боз”-ро пеш гирифта, ҳамкориҳои
густурдаро бо давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монд. Тоҷикистон ба узвияти
даҳҳо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, имрӯз ҳамчун узви
фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Яке аз
муҳимтарин самтҳои сиёсати хориҷии кишвар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид
мебошад. Тоҷикистон соли 1992 узви ин созмони бонуфуз гардид ва аз ҳамон давра
то имрӯз дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ иштироки фаъол дорад. Маҳз
ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дар
соҳаи обу иқлим пешниҳод намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд.
Имрӯз
ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об яке аз
намунаҳои муваффақи дипломатияи байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Пешниҳодҳои
ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла “Соли байналмилалии оби
тоза 2003”, “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт 2005-2015»”, “Соли
байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои
рушди устувор 2018-2028»” аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида,
Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба захираҳои
обӣ муаррифӣ намуданд. Ин ташаббусҳо барои баланд гардидани обрӯи байналмилалии
кишвар ва таҳкими ҳамкориҳо бо давлатҳои ҷаҳон мусоидат карданд.
Ҳамзамон,
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамкориҳои густурда дорад. Ин
созмон дар таҳкими амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва
гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нақши муҳим мебозад. Иштироки фаъоли
Тоҷикистон дар фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай ба таҳкими сулҳу субот дар
минтақа ва рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ мусоидат менамояд.
Ҳамкориҳо
бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ барои Тоҷикистон аҳамияти калон доранд.
Кишвари мо бо давлатҳои аъзои ин созмон дар соҳаҳои иқтисод, муҳоҷират, маориф,
фарҳанг ва амният робитаҳои мустаҳкам дорад. Дар доираи ин ҳамкориҳо даҳҳо
созишномаҳои байнидавлатӣ ба имзо расидаанд, ки ба рушди муносибатҳои дӯстона
ва ҳамгироии минтақавӣ мусоидат менамоянд.
Ҷумҳурии
Тоҷикистон инчунин узви фаъоли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мебошад. Ин
ҳамкорӣ барои таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи марзҳо ва мубориза бо хатарҳои
муосир аҳамияти бузург дорад. Бо дастгирии ин созмон Тоҷикистон тавонист
иқтидори мудофиавии худро тақвият бахшад ва дар самти мубориза бо таҳдидҳои
фаромиллӣ қадамҳои муассир гузорад.
Дар
баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо Созмони Ҳамкории Исломӣ
густариш дода, дар таҳкими ҳамбастагии кишварҳои исломӣ ва рушди муносибатҳои
иқтисодиву фарҳангӣ саҳми фаъол мегузорад. Ин ҳамкориҳо барои ҷалби сармоя,
рушди инфрасохтор ва татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ низ мусоидат намудаанд.
Дар
самти рушди иқтисод ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ аҳамияти
калон доранд. Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Осиёии Рушд ва
дигар ниҳодҳои молиявӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими давлатӣ саҳми назаррас
гузоштаанд. Бо дастгирии онҳо дар Тоҷикистон садҳо километр роҳҳои байналмилалӣ
бунёд ва таҷдид гардида, неругоҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншооти
муҳим сохта шуданд.
Соҳаи
энергетика яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷаҳонӣ
дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор гузошт. Татбиқи
лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои
интиқоли неруи барқ, барои рушди иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар
бахши маориф ва таҳсилоти касбӣ низ ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш ёфтанд.
Имрӯз донишҷӯёни тоҷик дар доираи барномаҳои байналмилалӣ дар муассисаҳои
таҳсилоти олии кишварҳои гуногун таҳсил мекунанд. Ҳамкорӣ бо созмонҳои
байналмилалӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи таҳсилот, омода намудани кадрҳои
баландихтисос ва ворид намудани технологияҳои муосири таълимӣ нақши муҳим
мебозад.
Соҳаи
тандурустӣ низ аз дастгирии созмонҳои байналмилалӣ бархӯрдор мебошад. Ҳамкориҳо
бо ташкилотҳои ҷаҳонӣ барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, пешгирии
бемориҳо ва баланд бардоштани сатҳи саломатии аҳолӣ мусоидат намуданд. Хусусан
дар солҳои охир татбиқи барномаҳои байналмилалӣ барои рушди соҳаи тиб аҳамияти
махсус пайдо кард.
Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим низ мавқеи фаъол дорад.
Кишвари мо пайваста ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи
захираҳои обӣ ва ҳалли мушкилоти экологӣ даъват менамояд. Пешниҳоди эълон
гардидани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ташаббусҳои муҳими
байналмилалии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад.
Дар
баробари ҳамаи ин, сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон боис гардид, ки кишвар ҳамчун макони баргузории ҳамоишу конфронсҳои
байналмилалӣ шинохта шавад. Шаҳри Душанбе қалби Тоҷикистон имрӯз ба маркази
муҳими муколамаҳои сиёсӣ ва иқтисодии минтақа табдил ёфтааст. Ин омил барои
муаррифии фарҳанг, таърих ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон низ нақши мусбат
дорад.
Дар
маҷмӯъ, рушди ҳамкориҳо бо созмонҳои ҷаҳонӣ дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ
барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани
нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузург пайдо карда. Имрӯз
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил, сулҳпарвар ва ташаббускор дар
ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд
пайваста талош менамояд. Ҳифзу таҳкими ин раванд омили муҳимми пешрафти
минбаъдаи давлат ва зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб меравад.
Ниёзов
Ш.Н., директори Коллеҷи тиббии ғайридавлатии шаҳри Турсунзода