Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАҚШИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН
single-product

НАҚШИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

2026-05-19 11:03:49

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат арзиши бузурги таърихӣ ба шумор меравад. Барои халқи тоҷик низ ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, эҳёи худшиносии миллӣ ва таҳкими пояҳои ҷомеаи муосир гардид. Вале солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи бисёр ҳассос ва мушкил буд. Низоъҳои дохилӣ, буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва хатари аз байн рафтани давлатдории миллӣ ҷомеаро ба вазъияти душвор рӯ ба рӯ карда буданд. Дар чунин шароити сарнавиштсоз нақши Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи давлат, барқарорсозии сулҳ ва бунёди давлатдории навини тоҷикон бисёр муҳим ва таърихӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар айёме ба сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Ноустувории сиёсӣ ва мухолифатҳои дохилӣ зиндагии мардумро сангин намуда, иқтисоди кишварро фалаҷ гардонда буданд. Дар чунин вазъият роҳбари ҷавон бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ масъулияти сарнавишти миллатро ба зимма гирифтанд. Аз рӯзҳои аввал ҳадафи асосии ӯ барқарор намудани сулҳу ваҳдат ва нигоҳ доштани якпорчагии давлат буд.
Яке аз хизматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон барқарор намудани сулҳи миллӣ мебошад. Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи ӯ музокироти сулҳ баргузор гардида, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади таърихӣ барои халқи тоҷик роҳи сулҳу субот ва зиндагии осоиштаро боз намуд. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи нодири ҳалли низоъҳои дохилӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст.
Баъди барқарории сулҳ масъалаи асосӣ эҳёи давлатдорӣ ва рушди иқтисоди миллӣ гардид. Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими сохти давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ тадбирҳои муҳим андешиданд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи асосии ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро фароҳам овард. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро муайян намуда, фаъолияти мақомоти давлатиро танзим кард.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар бисёр самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, сохтмони роҳҳо, нақбҳо, пулҳо ва неругоҳҳои барқӣ барои рушди иқтисоди кишвар аҳамияти калон доштанд. Пештар баъзе минтақаҳои мамлакат аз ҳам ҷудо буданд ва рафтуомад мушкил буд. Имрӯз бо шарофати сиёсати созанда аксари минтақаҳо тавассути роҳҳои замонавӣ бо ҳам пайваст шудаанд.
Дар самти энергетика низ корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, махсусан Неругоҳи барқи обии “Роғун”, яке аз ҳадафҳои стратегии давлат гардид. Эмомалӣ Раҳмон неругоҳи “Роғун”-ро рамзи нангу номуси миллӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон арзёбӣ менамоянд. Бо ба истифода додани агрегатҳои ин неругоҳ имкониятҳои энергетикии кишвар боз ҳам васеъ гардиданд.
Нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф низ хеле муҳим мебошад. Давлат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, садҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Барои ҷавонон шароити хуби таҳсил муҳайё карда шуда, имкониятҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир васеъ гардиданд. Ҳамчунин, бо таъсиси стипендияҳо ва барномаҳои давлатӣ ҷавонони боистеъдод дастгирӣ мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон ояндаи миллат мебошанд. Аз ин рӯ, сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлат ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, барои пешрафти кишвар саҳм мегузоранд. Варзишгарони тоҷик низ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами давлатро баланд мебардоранд.
Дар баробари рушди иқтисоду маориф, масъалаи эҳёи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегарданд. Ин иқдомҳо барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон аҳамияти калон доранд.
Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ низ обрӯи баланд доранд. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати сулҳхоҳ ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудааст. Пешниҳодҳои Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи фаъол дорад.
Имрӯз Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, ором ва рӯ ба рушд мебошад. Албатта, ҳанӯз ҳам мушкилоту масъалаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд, вале дастовардҳои солҳои истиқлолият нишон медиҳанд, ки кишвар роҳи дурусти пешрафтро интихоб кардааст. Дар ин раванд нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат ва меъмори сулҳу ваҳдат хеле бузург аст.
Хулоса, метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон саҳми таърихӣ доранд. Маҳз бо сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии ӯ сулҳу субот барқарор гардида, пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфтанд. Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ намуда, барои рушди минбаъдаи кишвар талош менамоянд. Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ободии Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Холиқов Б.И., муовини директор оид ба таълими Коллеҷи омӯзгорӣ ва сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат