ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО БО ЧИН - ОМИЛИ ҶАҲИШИ МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
2026-05-14 11:08:18
Дар таърихи 11 майи соли 2026, бо даъвати раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин, ба ин кишвари ҳамсоя ва дӯст Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатӣ анҷом доданд, ки ин рӯйдод ба унвони як сафари муҳим дар саҳифаи таърих боқӣ хоҳад монд. Дар робита ба ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи протоколи сафарҳои давлатӣ, аз тӯпи артиллерӣ 21 маротиба гулӯла партоб шуд, ки ин шаҳодатест аз эътибори ӯ дар назди мақоми роҳбарияти олии кишвари ҳамсоя.
Ин
сафари Роҳбари давлати тоҷикон дар як даврае анҷом мепазирад, ки ҳамкории байни
Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои гуногун дар солҳои охир хеле густариш ёфта,
равобити дуҷонибаи ҳарду кишвар дар сатҳи хеле олӣ қарор гирифтааст.
Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳибаи хеш бо
шабакаи иттилоотии “Синхуа”-и Чин моҳияти аслии ин сафарро чунин маънидод
карданд: “Ҳамсояи наздики мо шарики стратегии мост. Мо беш аз 30 сол
муносибатҳои хеле дӯстона ва боэътимодро инкишоф додем ва дар ин солҳо мо барои
рушди ҳамкориҳои дуҷониба корҳои зиёдеро анҷом додем. Ҳарду кишвари ҳамсоя
эътимоди сиёсӣ ва ҳамкории судмандро пайваста тақвият медиҳанд, то вокуниши
саривақтӣ ва муассир ба чолишу таҳдидҳо ба амнияти минтақавӣ ва рушди устувор
таъмин карда шавад”.
Қобили зикр аст, ки тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва густариши
ҳамкорӣ дар мадди аввал қарор гирифта, ин ҷанбаҳо ҳадафҳои асосии музокироти
Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пекин буданд. Аз оғози
ташриф то имрӯз як қатор мулоқотҳо баргузор гардиданд, ки фарогири соҳаҳои
иқтисод ва нақлиёт, технологияҳои сабзу кишоварзӣ ва амсоли инҳо буданд.
Аз
ҷумла, мулоқот бо президенти Бонки сармоягузории инфрасохтори Осиё дар бораи
густариши ҳамкорӣ дар доираи васеи самтҳои умедбахш баргузор гардида, таъкид
гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳо мавриди амал қарор доранд
ва маблағгузории онҳо тавассути ин бонки муътабар 400 миллион долларро ташкил
медиҳад. Дар ҷараёни мулоқот қайд карда шуд, ки ин маблағ ба андозаи ду баробар
зиёд карда хоҳад шуд. Ҷолиб ин аст, ки пас аз музокирот, нақшаи дарозмуддати
сармоягузории байни Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории инфрасохтори Осиё ба
тасвиб расид.
Мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии мардумии
Чин дар бораи густариш ва тақвияти пайвастаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва
сармоягузорӣ таваҷҷуҳи бисёре аз онҳоро ба имкониятҳои васеи рушди соҳибкорӣ
дар Тоҷикистон ҷалб кард. Аз ҷумла, роҳбари яке аз ширкатҳои азими Чин Мияо
Шинглян дар мусоҳибаи худ қайд кардааст, ки мо ба тақвият ва густариши
ҳамкориҳои худ дар соҳаҳои гуногун манфиатдорем. Имкониятҳо бузурганд ва мо
омодаем, ки ҳамкории самарабахшро ба роҳ монем.
Лозим ба зикр аст, ки Тоҷикистону Чин аллакай сатҳи баланди ҳамкориҳои
тиҷоратию иқтисодиро тай карданд. Соли гузашта тақрибан 7 миллиард доллар
сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди миллии Тоҷикистон ҷалб карда шудааст, ки
12,5%-и он сармоягузории Чин аст. Ғайр аз ин, беш аз 700 ширкати чинӣ дар
лоиҳаҳои сармоягузорӣ иштирок варзида, дар бахшҳои гуногуни кишвар фаъолият
доранд.
Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон дар робита ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои
истихроҷ ва коркарди маъданҳо, металлургия, саноати кимиё ва дорусозию саноати
сабук дорои имкониятҳои васеъ мебошад. Яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати
Тоҷикистон ин эҷоди занҷираҳои қавии рушди коркарди амиқи ашёи хом дар дохили
кишвар мебошад, ки ин нукта низ дар суханронии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон қайд гардид. Ба тасвиб расидани беш аз 50 санади ҳамкорӣ ин муваффақияти
бузурги Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар буда, ҷалби беш аз 8 миллиард доллар
дар ин самт аз ҷумлаи музаффариятҳои бузурги иқтисодии кишвар маҳсуб меёбад.
Дар давоми сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Пешвои миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Донишгоҳи Пекин боздид ба амал оварда, дар
назди устодон ва донишҷӯёни он суханронӣ карданд. Дар радифи ҳамин ташрифоти
меҳмони олиқадр, бо қарори Шӯрои илмию таълимии Донишгоҳи Пекин, барои саҳми
арзишманд дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни Тоҷикистону Чин,
рушд ва густариши робитаҳои илмӣ, башардӯстона ва фарҳангӣ ва бахусус
ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи обу иқлим, ба Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон шаҳодатномаи профессори фахрӣ ва лавҳаи биринҷӣ бо дараҷаи илмӣ
ботантана супорида шуд, ки ин ҳам як дастоварди беназири дипломатияи тоҷик дар
арсаи ҷаҳон аст.
Бояд қайд кард, ки ҳоло равобити байни Тоҷикистон ва Чин ба таври хеле босуръат
рушд карда истодааст. Агар аз мулоқотҳои қаблии роҳбарони ҳар ду кишвар ёдоварӣ
кунем, дар ҳар навбат робитаҳои онҳо беш аз пеш рушд доранд. Дар ин замина,
метавон натиҷаҳои сафари давлатии раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпинро, ки
дар моҳи июли соли 2024 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода буд, қайд кард, ки
хеле пурсамар анҷом пазируфта буданд. Воқеан он як саҳифаи наверо дар таърихи
равобити дӯстонаи байни Тоҷикистон ва Чин боз карда, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро
дар давраи нав эҷод намуд. Муносибатҳои ҳарду кишвар ба сатҳи сифатан нав
расиданд, ки ин омилро метавон ҳамчун як василаи муассир ба ин мулоқоти навбатӣ
шуморид.
Сарвари давлат, ҳамчунин, дар ҷараёни мусоҳибаи хеш бо шабакаи “Синхуа” қайд
кардааст, ки ман аз сатҳи баланди эътимод ва муколамаи ошкорову созандае, ки
байни ман ва дӯстам, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқарор шудааст,
изҳори қаноатмандӣ мекунам. Ин ҳарфҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки самаранокии
механизмҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ,
фарҳангӣ ва башардӯстона хеле афзудааст ва ин боз як муваффақияти сиёсиву
дипломатиии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Албатта, ин ин ҳама дастовардҳои
Сарвари давлат дастовардҳои миллии мо буда, барои дастёбӣ ба ҳадафи асосии
стратегӣ, яъне таъмини сатҳи шоистаи зиндагӣ барои мардуми Тоҷикистон хизмат
мекунанд.
Ҳоло ҷаҳони муосир дар як давраи буҳронии пур аз ихтилоф қарор дорад. Имрӯз
ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ихтилоф ва мушкилоте рӯбарӯ аст, ки ба амнияти ҷаҳонӣ таъсири
ҷиддӣ мерасонанд. Афзоиши танишҳои геополитикӣ, зиёдшавии нобоварию рақобат ва
тавсеаи доираи мушкилот муҳити мураккаб ва пешгӯинашавандаеро дар сатҳи
байналмилалӣ ба вуҷуд меоранд. Дар ин замина, метавон ба ин натиҷа расид, ки
Тоҷикистон аз нигоҳи мавқеи геополитикӣ ва таҷрибаи таърихии худ дар самти
таҳкими сулҳу амният дорои имкониятҳои муҳим мебошад.
ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,
директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент