ИДОМАИ САФАРИ ДАВЛАТӢ БА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ДАР ШАҲРИ ЧОНГЧИН
2026-05-13 12:14:26
13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Чонгчин ташриф оварданд.
Нахуст
боздиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр аз корхонаи саноатии
Серес оғоз ёфт.
Дар ин
ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иқтидор, самти фаъолият
ва маҳсулоти корхонаи саноатии “Серес” оид ба истеҳсоли мошинҳои ширкати
“Хуавей Аито” маълумот дода шуд.
Иттилоъ
дода шуд, ки ширкат аз якчанд корхонаи калони истеҳсолӣ иборат буда, танҳо дар
як коргоҳи мошинбарорӣ 1500 мутахассис фаъолият мекунад.
Тибқи
маълумоти масъулини ширкат дар корхона ба ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ, ки кори
пурсифати истеҳсоли мошинро назорату идора мекунад, афзалият дода шудааст.
Баъди
боздид аз корхонаҳои саноатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ба роҳбарони марбутаи соҳаи саноати Тоҷикистон супориш доданд, ки бо
ҳамин гуна корхонаҳои кишвари ҳамсоя ҳамкории пурсамар ба роҳ монанд.