МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
2026-05-04 15:44:25
Имрӯз дар Кохи Суруш маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши муҳими илмӣ-маърифатӣ доираи васеи меҳмонони расмӣ, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарони сохторҳои соҳавӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъолу болаёқати кишвар иштирок намуданд.
Дар
маросим раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, мудири бахши маориф ва илми Раёсати
маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қувватзода Сайдулло Зубайд, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид, раиси Кумитаи
кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода
Зулфиқор Аҳмад, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор, муовини вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин Сангалӣ, муовини директори Агентии
ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиднуриддинзода
Аҳлиддин Саиднуриддин, инчунин дигар шахсони расмӣ ва намояндагони муассисаҳои
таълимӣ ҳузур доштанд.
Маросим
бо сухани ифтитоҳии раиси Кумита оғоз гардид. Академик Фарҳод Раҳимӣ зимни
суханронии худ таъкид намуд, ки Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои
таҳсилоти миёнаи касбӣ бо ташаббуси Кумита аз 30 апрел то 2 майи соли ҷорӣ аз
рӯи фанҳои асосии таълимӣ, аз ҷумла математика, информатика, физика, химия,
биология, таърихи халқи тоҷик, забон ва адабиёти тоҷик, забонҳои русӣ ва
англисӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Чунин сабқатҳои илмӣ-амалӣ барои
рушди тафаккури мантиқӣ, такмили дониши назариявию амалӣ ва дарёфти истеъдодҳои
ҷавон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Зикр
гардид, ки олимпиадаи мазкур соли дуюм аст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ роҳандозӣ
гардида, аллакай ҳамчун платформаи муҳими илмӣ барои рақобати солим ва
муаррифии қобилиятҳои зеҳнии донишҷӯён мавқеи худро мустаҳкам намудааст. Имсол
дар ин сабқат 695 нафар донишҷӯ аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии
ҷумҳурӣ ширкат варзида, сатҳи баланди омодагӣ ва шавқи онҳоро ба илму дониш
бозгӯ намуд.
Таъкид
карда шуд, ки баргузории Олимпиада ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлолияти
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он тарбияи
кадрҳои баландихтисос, тақвияти шавқи ҷавонон ба илм, таҳкими неруи зеҳнӣ ва
омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат мебошад.
Дар
идомаи чорабинӣ Қувватзода Сайдулло Зубайд доир ба нақши калидии сиёсати
давлатӣ дар рушди соҳаи маориф ва дастгирии ҷавонони болаёқат суханронӣ намуда,
таъкид кард, ки дар солҳои охир таҳсилоти миёнаи касбӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи
Ҳукумати кишвар қарор гирифта, барои баланд бардоштани сифати таълим ва
мутобиқсозии он ба талаботи замони муосир тадбирҳои муассир амалӣ гардида
истодаанд.
Ҳамзамон,
зикр шуд, ки чунин олимпиадаҳо на танҳо майдони санҷиши дониш, балки василаи
муҳими ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва баланд бардоштани ҳисси
масъулияти шаҳрвандӣ миёни ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Онҳо имконият фароҳам
месозанд, ки донишҷӯён қобилиятҳои худро дар фазои рақобати солим нишон дода,
таҷрибаи арзишманд андӯзанд.
Дар
фарҷоми чорабинӣ ғолибони Олимпиада аз рӯи 9 фанни таълимӣ, ки сазовори ҷойҳои
якум, дуюм, сеюм ва ифтихорӣ гардида буданд, бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои
хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, роҳбарони муассисаҳои таълимие, ки
шогирдонашон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, бо сипосномаҳои Кумита
сарфароз гардонида шуда, ба беҳтарин дастаҳои олимпӣ ифтихорномаҳо тақдим карда
шуданд.
Қисмати
фарҳангии чорабинӣ бо ҳунарнамоии овозхонҳои маъруфи мамлакат рангу ҷилои хоса
бахшида, ба ин ҳамоиши илмӣ фазои идона зам намуд.