Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > МУЛОҚОТИ РАИСИ КУМИТА БО ҲАЙАТИ МУЗОФОТИ БАВАРИЯ
single-product

МУЛОҚОТИ РАИСИ КУМИТА БО ҲАЙАТИ МУЗОФОТИ БАВАРИЯ

2026-05-04 15:35:53

Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд миёни раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ ва ҳайати музофоти Баварияи Олмон, ки таҳти роҳбарии Котиби давлатии Вазорати иқтисод, рушди минтақа ва энергетикаи музофоти Бавария Тобиас Готтхард бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар самти омодасозии мутахассисони баландихтисос, такмили низоми таҳсилоти касбӣ ва густариши имкониятҳои таҳсилу фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Кумита иброз дошт, ки рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, ҷалби таҷрибаи пешқадами кишварҳои пешрафта дар ин самт аҳаммияти калидӣ дорад. Таъкид гардид, ки чунин мулоқотҳо заминаи устувор барои густариши равобити судманди байналмилалӣ фароҳам оварда, ба ҳамгироии низоми таҳсилоти касбии Тоҷикистон бо стандартҳои ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд.

Ҳайати меҳмонон аз музофоти Бавария, ки яке аз минтақаҳои саноатӣ ва иқтисодии пешрафтаи Олмон маҳсуб меёбад, аз намояндагони сохторҳои муҳими соҳаи меҳнат ва касбомӯзӣ иборат аст. Аз ҷумла, дар ҳайат роҳбарони Агентии шуғли Дегендорф, Агентии шуғли аҳолӣ дар Швандорф, Агентии шуғли “Traunstein”, Палатаи ҳунармандони Мюнхен ва Бавария, Ассотсиатсияи саноати Бавария ва Маркази таълими тиҷоратии Бавария шомил буданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Қайд гардид, ки дар доираи ҳамкориҳо моҳи июни соли равон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳони забони олмонӣ аз ҷониби TELC баргузор мегардад. Ин иқдом ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки сатҳи дониши забонии худро тасдиқ намуда, барои таҳсил ва фаъолияти меҳнатӣ дар Олмон имконият пайдо намоянд. Тибқи нақша 50 нафар шаҳрвандоне, ки аз имтиҳони мазкур бо натиҷаҳои баланд мегузаранд, моҳи августи соли ҷорӣ барои идомаи таҳсил ва фаъолияти меҳнатӣ ба музофоти Бавария сафарбар карда мешаванд. Ин ташаббус ҳамчун қадами муҳим дар самти рушди неруи инсонӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти ҷавонон арзёбӣ мегардад.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуда, таъкид карданд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо метавонад ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду кишвар мусоидат намояд.