ИФТИТОҲИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
2026-05-04 15:32:39
Имрӯз дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ маросими ифтитоҳи даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо иштироки доираи васеи меҳмонон, аз ҷумла раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло Зубайд, муовинони раиси Кумита, роҳбарону омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъолу болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар баргузор гардид
Қабл аз оғози расмии чорабинӣ ҳайати меҳмонон аз намоиши
дастовардҳои ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, осорхона
ва озмоишгоҳҳои муассиса дидан намуданд.
Маросими расмӣ бо сухани ифтитоҳии раиси Кумита оғоз ёфт.
Академик Фарҳод Раҳимӣ зимни суханронии худ зикр намуд, ки бо ташаббуси Кумита
аз 30 апрел то 2 майи соли равон Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои
таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи як қатор фанҳои асосии таълимӣ, аз ҷумла
математика, информатика, физика, химия, биология, таърихи халқи тоҷик, забон ва
адабиёти тоҷик, забони русӣ ва забони англисӣ баргузор мегардад. Баргузории
чунин сабқатҳои илмӣ-амалӣ ба рушди тафаккури мантиқӣ, баланд бардоштани сатҳи
дониши назариявию амалӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки олимпиадаи мазкур соли дуюм аст,
ки дар сатҳи ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегардад ва аллакай тавонистааст мавқеи худро
ҳамчун як платформаи муҳими илмӣ барои рақобати солим ва муаррифии қобилиятҳои
зеҳнии донишҷӯён мустаҳкам намояд. Дар сабқат 695 нафар аз тамоми муассисаҳои
таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ иштирок доранд. Ташкили чунин озмунҳои илмӣ
нишонаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлату Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф ва
дастгирии ҷавонони болаёқат арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки Олимпиада бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол
гирифтани ҷашни муҳими миллӣ 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он тарбияи кадрҳои баландихтисос,
тақвияти шавқи донишҷӯён ба илм, таҳкими заминаҳои зеҳнӣ ва омодасозии
мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ Қувватзода Сайдулло оид ба нақши калидии
Пешвои миллат дар рушди соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва фароҳам овардани
шароити мусоид барои донишҷӯёни болаёқат ибрози назар намуда, таъкид кард, ки
дар солҳои охир соҳаи маориф, аз ҷумла зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, дар
маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ қарор дошта, барои баланд бардоштани сифати
таълим ва мутобиқ намудани он ба талаботи замони муосир тадбирҳои муҳиму
саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд.
Қайд гардид, ки чунин олимпиадаҳо майдони санҷиши дониш,
воситаи муҳими ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва баланд
бардоштани ҳисси масъулият дар байни ҷавонон ба шумор мераванд. Он имконият
фароҳам меорад, ки донишҷӯён қобилиятҳои худро дар фазои рақобати солим нишон
дода, таҷрибаи арзишманд касб намоянд.
Дар фарҷоми қисми расмии маросим донишҷӯён вобаста ба фанҳои
интихобнамудаашон ба гуруҳҳо ҷудо гардида, дар синфхонаҳои махсусгардонидашуда
ҷойгир шуданд. Бо фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои иштирокчиён,
даври ниҳоии олимпиада ба таври расмӣ оғоз гардид.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни се рӯзи баргузории олимпиада
беҳтарин донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар муайян гардида,
бо дипломҳо ва мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ карда шаванд.