Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАШАББУСКОРИ МАСОИЛИ ОБ ДАР ҶАҲОН
single-product

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАШАББУСКОРИ МАСОИЛИ ОБ ДАР ҶАҲОН

2026-04-23 11:38:21

(Бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 

Инсоният аз давраҳои қадим ба об ҳамчун неъмати муқаддас муносибат дошт. Аҷдодони мо об – манбаи ҳаёт ва онро ифлосу олуда карданро аз нодонӣ ҳисобидаанд, ки дар ривояту гуфтор, зарбулмасалу мақол ва достону ҳикоятҳо ба ин масъала ишораҳои фаровон шудааст.

Об манбаи ҳамаи мавҷудоти олам буда, захираи бузургест, ки ҷаҳону зиндагиро таровату зебоӣ ва сарзабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву ободӣ ва пурбаракоту зебоӣ аз об вобаста аст. Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шуморидани он, арзишманд донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони комил ва асил аст, зеро он натанҳо ҳамчун манбаи ҳаёт, балки махзани нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олам аст.

Ҳанӯз дар оғози асри XXI, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ аввалин шуда, доир ба масъалаҳои истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обии сайёра таваҷҷуҳи оламиёнро аз минбари Созмони Милали Муттаҳид иброз намуда буданд:ки “Агар мо имрӯз муносибати худро ба захираҳои табиӣ, аз он ҷумла оби тоза дигаргун накунем, моро дар оянда фарзандонамон намебахшанд”. Дар радифи муҳимияти об дар ҳаёти инсоният пешниҳод намуданд, ки соли 2003 дар миқёси ҷаҳон Соли “Оби тоза” эълон карда шавад ва ин иқдоми хирадмандонаю дурандешона бо ҳамовозии зиёда аз 193 мамлакати ҷаҳон қабул гардид ва асоси меъёрӣ – ҳуқуқӣ дар дипломатияи соҳаи об маҳсуб дониста шуд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2007 зимни суханронӣ дар Саммити 1 – уми оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором зикр карда буданд, ки «Рушди ояндаи ҷаҳонӣ чунин аст, ки арзиши об метавонад аз арзиши нефт, газ, ангиштсанг ва дигар захираҳое, ки барои рушди устувори ҳар як мамлакат ва минтақа заруранд, боло равад». Ҳудуди 10 сол қабл тадқиқоти зиёде гузаронида шуданд, ки бо далелу рақамҳо дуруст будани ин гуфтаҳоро тасдиқ карданд ва ин боис гашт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи худро барои ҳалли мушкилоти об тақвият бахшад.

 

Қабул гаштани ташаббусҳо дар СММ кори саҳл нест, зеро ҳамарӯза аз ҷониби сарони давлатҳо даҳҳо пешниҳодҳои гуногун ироа мешаванд, аммо на ҳамаи онҳо қобили қабул мегарданд. Пешниҳодҳо бояд мушаххас бошад, масъалаҳои глобалии ҷаҳониро ифода кунанд. Дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз рӯи ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

 

Сарвари давлат дар робита ба тағйирёбии иқлим масъалаи норасоии оби ошомиданиро таҳлил намуда, чунин баён доштанд: «Тибқи баҳогузории пажӯҳишгоҳҳои мухталиф ва коршиносон то ҳоло зиёда аз 844 миллион нафар одамон дар рӯи замин ба оби ошомидании безарар дастрасӣ надоранд, 1,8 млрд. нафар одамон аз обҳое менӯшанд, ки сарчашмаҳои онҳо олудаи ифлосӣ ҳастанд, 2,4 млрд. нафар одамон ба шароити беҳтари санитарӣ дастрасӣ надоранд. Интизор меравад, ки то соли 2050 шумораи одамоне, ки дар минтақаҳои аз об танқисӣ дошта зиндагӣ мекунанд, то ба 2,3 млрд. мерасад.

 

Таъсир ва зарари тағйирёбии иқлим бар асари офатҳои табиии ба об алоқаманд бештар ҳувайдо мешавад. Давоми солҳои 2000-2016 бар асари селу обхезиҳо зиёда аз 107 ҳазор одамон ба ҳалокат расидаанд. То соли 2050 ҳаҷми иқтидорҳое, ки таҳти хатари обхезӣ қарор мегиранд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ метавонад 45 триллион доллари ИМА-ро ташкил кунад. Яке аз оқибатҳои ҷиддӣ дар ин маврид вайрон шудан ва аз кор баромадани инфрасохторҳои гуногуни хоҷагии халқ мебошад». Ба андешаи Пешвои миллат як қатор масъалаҳое вуҷуд доранд, ки дар қадамҳои минбаъда дар ин самт онҳо бояд ба назар гирифта шаванд.

 

Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ итминони комил изҳор намуда, фармуданд: «Мо боварӣ дорем, ки ҷомеаи байналхалқӣ аз Даҳсолаи нав, имкониятҳо ва афзалиятҳои он ҷиҳати ҳалли масъалаҳои об дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, ки ба об алоқаманданд, ба таври зарурӣ истифода мебаранд»

 

Ҳамин тавр, мусоидат ба рушди инсоният, татбиқи идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об, таъсири манфии тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, истифодаи судманди захираҳои гидроэнергетикӣ, такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, таҳияи инфрасохтор ва бунёди заминаи дахлдори воситаҳои амалисозӣ, аз ҷумла системаи иттилоотӣ ва системаҳои иттилоотӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, рушди тавонмандӣ ва дигар воситаҳои идоракунии об, беҳтар кардани дастрасӣ ба санитария аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки дар мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.

 

Ҳадафи ниҳоии Даҳсолаи байналхалқии амалиёти “Об барои ҳаёт” барои тадбиқи вазифаҳое, ки дар Эъломияи ҳазорсола пешгирии истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои об аз тариқи таҳияи стратегияи фаъолияти хоҷагии об дар сатҳи минтақавӣ, миллӣ ва маҳаллӣ, ки ҷиҳати дастраси одилона ба об ва пешниҳоди кофӣ, ҳамчунин ҳалли яке аз вазифаҳои умдаи ҳадафи рушд дар остонаи ҳазорсола, маҳз ду баробари коҳиш додани шумораи аҳолии Замин, ки ба об безарар таъмин нестанд, кӯмак менамояд, дар миён гузошта шудааст, бояд амалан мусоидат кунад.

 

Бар замми он баҳри таъмини иҷрои ҳатмии чорабиниҳо дар самти ҳифзи захираҳои об ва истифодаи оқилонаи онҳо бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷаҳон соли 2013 – Соли байналхалқии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардид ва тибқи барномаи махсус конференсия бо иштироки намояндагони зиёда 80 давлатҳо ва 60 ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ дар моҳи августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар натиҷаи баргузории конференсия дастовардҳои зиёд, аз қабили муайян мавқеи Тоҷикистон ар ҳалли масоили глобалии экологӣ, хатари кӯли Сарез, обшавии пиряхҳо, ифлосшавии техногении обҳои зеризаминӣ ва ғайраҳо амалӣ шуданд. Вобаста ба ин пешниҳод ва дар амал татбиқ намудани он 28 – ноябри соли 2013 Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории Саммити оби Будапештро воситаи муҳими ҳамоҳангсозии талошҳои муштараки байналмилалӣ дар солҳои об арзёбӣ намуда, аз нақш ва мақоми устувори Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон ёдоварӣ карда иброз намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои Ҳазорсолаи рушди устувор оид ба об фароҳам овардани заминаи мусоид ва имконоти мусоидро дар ин самт зарур шуморида, ҷонибдории пешниҳодро доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти унвони “Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028” амали муҳими башардӯстона арзёбӣ карданд. Аз нигоҳи Сарвари давлати Тоҷикистон ин ташаббус заминаи мусоиди таҳкими нақши об дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқ шударо фароҳам оварда, ба ҳамкории бештару зичтари давлатҳо дар соҳаи об мусоидат менамояд. Хушбахтона, ин пешниҳод санаи 22 - декабри соли 2016 аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт. Ин ташаббус дар давоми даҳ соли оянда давлатҳои ҷаҳонро вазифадор мекунад, ки ҳадафҳои рушди устуворро дар сатҳи дастҷамъӣ дар доираи талаботи замони муосир пиёда гардонанд.

 

Санаи 3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Сарвари давлат яке аз аввалинҳо шуда, дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд.

 

Таъкид гардид, ки мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажӯҳишҳо нишон медиҳад, ки фақат дар тӯли 70 – 80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравӣ нӯги (забона) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳолии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо таҳдид ба бор овард. Дар ин робита, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешинҳод карданд, ки соли 2025 – ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.

 

Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст. Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки ин иқдомҳои мазкур ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд ба ҷунбиши нави сатҳи глобалӣ ҷиҳати андешидани чораҳои зарурии дастаҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ва нобудшавӣ такон хоҳад дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 35 соли истиқлолият ба даст овардан дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои мутараққии олам касб намудааст.

 

Бояд тазаккур дод, ки ҳама пешравию муваффақиятҳои назаррас маҳз бо ибтикор ва пеш аз ҳама тавассути заҳмату талошҳои зиёди Пешвои оқилу ободкор, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд ва ба вуқуъ пайвастанд. Таҳти сарварии хирадмандонаи ин абармарди бузург кишвари соҳибистиқлоли моро дар арсаи олам ба хубӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд. Ифтихор аз он бояд кард, ки Тоҷикистон зери роҳбарии оқилонаю сиёсати дурандешонаи Президенти кишвар ҳамчун давлати мустақил таҷдид шуд.

 

Мо ифтихор аз он дорем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои башардӯстонаи худ миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун халқи соҳбтамаддун муаррифӣ намуда, баъд аз гузашти ҳазор сол давлати мустақил ва сарсабзу хуррам бунёд намуданд.

 

Идимоҳи САИДНАСРИДДИН,

омӯзгори фанни биология-химияи

Коллеҷи ҷумҳуриявии ба номи М. Собирова