НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР
2026-04-16 12:15:18
(Ба ифтихори 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар ҷаҳони имрӯза, ки низоъҳо ва таҳдидҳои глобалӣ ба оромӣ
ва амнияти башарият таҳдид мекунанд, нақши роҳбарон ва давлатмардоне, ки
пайваста барои ҳифзи сулҳ ва таҳкими ҳамкории созанда дар арсаи байналмилалӣ
кӯшиш менамоянд, хеле бузург арзёбӣ мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –
Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар
тӯли 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат дар сатҳи
ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба макони сулҳу суботи минтақавӣ ва
глобалӣ табдил ёфт. Қарорҳои стратегӣ ва ташаббусҳои байналмилалии муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили эълони «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризм
ва экстремизм, ҳамоҳангсозии амният дар минтақа ва ҷаҳониёнро муттаҳид намуданд
ва Тоҷикистонро ба намунаи амалии таҳкими сулҳ ва ҳамкории байналмилалӣ табдил
доданд.
«Раванди Душанбе» ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии
Тоҷикистон мебошад, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳо дар мубориза
бо терроризм ва экстремизм таъсис ёфтааст. Ин раванд дар соли 2018 бо ташаббуси
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт ва то имрӯз
ҳамчун заминаи муҳими ҳамкории бисёрҷониба дар сатҳи байналмилалӣ эътироф
шудааст.
Дар тӯли солҳои охир, тавассути ташаббусҳои байналмилалӣ ва
сиёсати ҳадафмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии
Тоҷикистон тавонист ҳамкории кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалиро
ҷиҳати барқарорсозӣ ва таҳкими сулҳ дар Афғонистон, мубориза бо терроризм ва
экстремизм, пешгирии ҷараёнҳои хатарноки глобалӣ ва тақвияти сулҳ ва ваҳдати
миллӣ тақвият бахшад. Ин иқдомҳо собит менамояд, ки Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун раҳбари ташаббускор ва сулҳпарвар
шинохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дар шароити
душвор ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва тавонист, ки
суботи сиёсӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро таъмин кунад. Ӯ бо сиёсати оқилона ва
ҳамоҳангсозии манфиатҳои давлат ва ҷомеа эътимоди мардумро ба роҳбарият тақвият
бахшид.
Имрӯзҳо на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки дар тамоми
кураи замин Президенти маҳбуби башардӯст - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун
бунёдгузори давлати соҳибистиқлол, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳёгари
арзишҳои миллӣ ва таърихӣ, ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ ва халқиятҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон, дар маҷмуъ, чун як нафар фарзанди бонангу номус, фидокор ва
сарсупурдаи ин кишвар мешиносанд ва дӯст медоранд. Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Президенти пайвандгар аст.
Ин шахсияти барҷаста бо лаёқати сарварии худодод тавонист
дар марҳилаҳои ҳассостарини таърихи миллат, чун кафили сулҳу субот беш аз як
миллион гурезагонро ба Ватан баргардонида, дилҳои мардуми ин сарзаминро ба ҳам
пайваст. Дар солҳои мушкилтарин аркони давлатдории муосири тоҷиконро таҳким
бахшид ва ҳамзамон давлати навини Тоҷикистонро ба суннатҳои давлатдории
ниёгонамон пайванд дод. Эмомалӣ Раҳмон, чун сарвари дурандешу оқил барои
таъмини рушди босуботи кишвар ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳҳо бунёд
карда, минтақаҳои кишварро бо ҳам ва Тоҷикистонро бо ҷаҳон пайваст.
Бояд қайд намуд, ки сиёсати Пешвои муаззами миллатамон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисод асосан ба беҳбуди зиндагии
мардум равона шудааст. Чунки дар замони роҳбарии Ӯ сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар
шуд. Инфрасохтор, аз ҷумла роҳҳо, нерӯгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ ва
тандурустӣ рушд кард. Сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфт. Соҳибкорӣ ва бахусус
соҳибкории хурду миёна рушд ёфт.
Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати Президент танҳо
дар сатҳи идоракунии давлатӣ нест, балки ба зиндагии ҳаррӯзаи мардум ва
эътимоди онҳо ба давлат низ таъсир мерасонад.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои Пешвои миллат ин таҳкими
суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон ба як
кишвари муттаҳид табдил ёфт ва роҳбарӣ бо сиёсати оқилона ва ҳамоҳангсозии
манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеа ба таври устувор амалӣ гардид.
Инчунин, Президенти мардумии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон диққати махсус ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ медиҳад. Ҳифзи урфу
одатҳои миллӣ, дастгирии адабиёт, санъат ва мероси таърихӣ барои устувории
ҳувияти миллии тоҷикон ва тақвияти ҳисси ифтихори миллӣ мусоидат мекунад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз
бузургтарин абармардони таърих мебошанд, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро
дар шароити ниҳоят мураккаб ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии
миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузоштанд, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи
арзишҳои миллӣ − таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг, фидокориҳои бемисл
нишон доданд. Бо ҷонисориҳои ин фарзанди содиқи ватан мо соҳиби Истиқлоли комил
гардидем.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар
миёни сиёсатмадорони кишварҳои олам мавқеи басо бузург доранд. Чун муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон ҳамчун роҳбари ташаббускор эътироф шудаанд. Пешвои
миллат яке аз нахустин роҳбароне мебошанд, ки дар ҳалли мушкилиҳои обии сайёра
бо ташаббусҳои ҳалталаби худ гомҳои устувор гузоштанд. Боиси ифтихор ва
сарбаландист, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳон аз ҷумла 153 кишвари аъзои СММ ба
ташаббусҳои кишвари Тоҷикистон бо назари хос нигоҳ мекунанд ва ба ҷонибдории ин
кишвари ташаббускори ҳалли мушкилотҳои умдаи сайёра мавқеи худро нишон додаанд.
Таҷрибаи ҳаётӣ ва хислатҳои накуи Пешвои муаззами миллат дар
таҳкими соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷумҳурӣ, инчунин баланд бардоштани мақому
манзалати он дар арсаи байналмилалӣ шоён мебошад. Миллати тоҷик ба қудрату
тавонмандии давлатсозию давлатдории Сарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
эътимоди комил доранд ва ӯро то абад арзандаи Сарварии тоҷикону Тоҷикистон
медонанд.
Истиқлоли давлатии миллати тоҷик як армуғони бузурги таърихӣ
мебошад, ки туфайли он имрӯз дар сарзамини азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо
сулҳу суботи комил фароҳам омада, дар радифи дастовардҳои иқтисодиву сиёсӣ,
арзишҳои ахлоқӣ, маърифатпарварӣ ва ба ин васила, шинохти ҳуввияти миллӣ низ
эҳё гардид.
Соҳаи тандурустии мамлакат дар баробари дигар соҳаҳои кишвар
яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор
рафта, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром
рушд кардааст ва имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳукумати
мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ
ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои
заруриро амалӣ гардонида истодааст. Дар паёми имсола маоши вазифавии кормандони
соҳаи тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 20 фоиз зиёд карда шавад.
Дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, ғайр аз таъмиру таҷдиди
муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо бо
дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наздики 4 ҳазор
муассисаи нави тиббӣ бунёд карда ба истифодаи аҳоли супурда шудааст.
Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки соҳиби Ватани озод ва
давлати соҳибистиқлол ҳастем ва маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати
хирадмандонаву инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар баробари давлатӣ соҳибихтиёр, демокративу
ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳали мушкилоти инсоният
эътироф намудаанд.
Имрӯзҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии
Тоҷикистонро ҳамчун кишвари амнтарини дунё мешиносанд. Мардуми шарии Тоҷикистон
чун анъана ба фарзандони содиқу қаҳрамони худ вафодор боқӣ монда, ҳамаи талошу
заҳматҳои Сарвари оқилу ташаббускори худро қадр менамоянд. Ин аст, ки бо
мақсади арҷгузорӣ ба ҳамаи талошҳои бунёдкоронаву созандаи Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти намояндагии мамлакат, ки бозгӯяндагони
иродаи аҳолӣ мебошанд, ба Эмомалӣ Раҳмон унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон,
унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро сазовор донистаанд.
Ҷабборзода Умед Убайдулло, директори Коллеҷи тиббии
Ҷумҳуриявӣ