Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - КАФОЛАТИ САОДАТУ ХУШБАХТӢ
single-product

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - КАФОЛАТИ САОДАТУ ХУШБАХТӢ

2026-04-14 11:33:36

(Ба истиқболи 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Баъди пошхурии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ барои миллати Тоҷик ба даст омад, ки ҳаёти мардуми Тоҷикистонро ба таври куллӣ тағйир дод.

Ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 дар пойтахти ҳамонвақтаи ИҶШС - шаҳри Москва, рух додани табаддулоти давлатӣ бо номи "ГКЧП" (Кумитаи давлатии вазъи фавқулода) ва шикасти он ҳама ҷумҳуриҳои ҳамонвақтаи ИҶШС- ро водор намуданд, ки масъалаи истиқлолияти худро бо дарназардошти шикасти воқеии ИҶШС аз нав баррасӣ намоянд.

Ҳамин тариқ, Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9- уми сентябри соли 1991 қабул гардида, тавассути ин санад Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд.

Санаи фараҳбахш – 9 сентябри соли 1991 расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Маънии Истиқлолиятро Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ шарҳ додаанд:

«Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад».

Аммо фаромӯш набояд кард, ки замони истиқлол ва хусусан солҳои аввали он барои давлати навбунёди мо давраи ниҳоят вазнину душвор буд. Дар Тоҷикистон он замон дар натиҷаи амалҳои ғаразнок ва фитнаи қувваҳои бадхоҳ ҷанги таҳмилии дохилӣ сар зада, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони мо ва пароканда гардидани миллатамон ҳамчун воқеияти талху даҳшатнок таҳдид мекард. Дар ин давра дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи ниҳоят мушкилу масъулиятноки таърихӣ, яъне ҳифзи манфиатҳои халқу Ватан ва таъмини амнияти кишварро ба миён гузошт. Хушбахтона, бо азму иродаи қавии Сарвари давлат мардуми шарифи Тоҷикистон аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои мазкур баромаданд. Халқ дар атрофи сиёсати созанда ва сулҳпарваронаи Пешвои худ муттаҳид гардида, бо саъю талоши ватандӯстонаву ҷонфидоёна истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллиро ҳифз кард. Маҳз бо иродаи сиёсӣ ва қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанг дар кишвар хомӯш гашт, Истиқлолияти давлатӣ ҳифз гардид ва бинои давлатдории миллӣ шакл гирифта, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот таъмин гардид. Миллати тоҷик ҳамчун миллати созанда дар як муддати кӯтоҳ на танҳо мушкилоти зиёди баъдиҷангиро бартараф карда, сулҳу суботро дар кишвар барқарор сохт, балки рушду пешрафти мамлакат ва бунёди ҷомеаи солимро таъмин кард.

Тоҷикистон имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ тараққӣ мекунад ва мардум ҳаёти осудаю хушбахтона доранд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки тамоми корҳои бузургу азими созандагиро, ки то имрӯз бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари маҳбубамон амалӣ намудем, ба номи мубораку муқаддаси истиқлолият анҷом додем. Зеро истиқлол барои мардуми мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад.

Хулоса, дарки маънои сиёсии Истиқлолият мафҳуми хеле васеъ мебошад. Дар маънои умум, моҳияту мазмуни истиқлолият дар тамоми муборизаи тулонии ин ё он халқу миллат барои ба даст овардани озодӣ, барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, соҳиб гардидан ба худшиносӣ, ташаккули ҳиссиёти миллӣ, устувор гардонидани ваҳдат, таъмини амнияти мардум ва сулҳу осоиштагиро дар мамлакат ифода менамояд. Аз ин рӯ истиқлол нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Истиқлоли давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд. Дар баробари ин, истиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Ба шарофати татбиқи сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳмати софдилонаи мардуми арҷманди кишварамон мо дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ дар масири таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардидем. Бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд, роҳбарияти давлат дар ин давра барномаи мукаммали ислоҳоти куллии сиёсиро амалӣ намуда, барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Соҳаҳои муҳимми иқтисоди кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, сохтмону нақлиёт, кишоварзӣ ва ғайра рушд ёфта, дар ин самтҳо давлатамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоту ислоҳот ба амал оварда шуда, инкишофи онҳо таъмин карда шуд. Бо назардошти он, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлатдорӣ, пешрафти миллат, ҳифз ва афзун кардани дастовардҳои истиқлол аз сатҳи донишу омодагии наврасону ҷавонон вобаста мебошад, таълиму тарбияи шоистаи насли наврас яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлату Ҳукумат қарор дода шудааст.

Давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон дарк кардаанд, ки бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ бе рушди сармояи инсонӣ, яъне бидуни тарбия ва ба воя расонидани насли донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ободгар, инчунин, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ба самти мазкур диққати бештар дода мешавад.

Имрӯзҳо Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу мустақил ва аъзои комилҳуқуқи СММ дар арсаи байналхалқӣ мавқеи шоистаи худро ишғол карда, миллати мо ҳамчун миллати тамаддунсозу соҳибватан ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Фаромуш набояд кард, ки мо танҳо бо доштани давлати соҳибистиқлол, Ватани озоду соҳибихтиёр ва ҷомеаи пешрафтаи мутамаддин метавонем дар ҷаҳони муосир мақоми арзанда дошта бошем ва ҳамчун миллат соҳибэҳтиром бошем. Дар масири истиқлолият дастовардҳои бузург хеле зиёданд, вале муҳимаш он аст, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромади нахустини Роҳбари давлати тоҷикон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин созмон аст. Бинобар ин, мо бояд ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ормонии миллати тоҷик мебошанд, шукрона карда, онро чун арзиши бебаҳо ҳифз намоем.

Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 35 соли Истиқлолият таҳти сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи кишвар беназиранд. Тавре мушоҳида менамоем дар замони Истиқлолият бо ташаббуси Пешвои миллат ташкил намудани конференсия ва симпозиумҳои сатҳи баланд бахшида ба эҳёи фарҳанги миллӣ ва гиромидошти таърих ва фарҳанги миллат ва бузургдошти адибону донишмандони миллат Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Румӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Имоми Аъзам ва таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардида, доир ба ҷашнвораҳо як қатор асарҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ нашр гардиданд.

Ҳамин тавр соҳибихтиёрӣ, истиқлолталабӣ арзиши олӣ барои ҳамаи инсонҳо, халқҳо, миллату давлатҳо мебошад ва барои ба даст овардани ин мақом дар тули асрҳои гуногун мардуми миллатҳои гуногун миллионҳо нафар муборизаҳо бурдаанд, то ин ки истиқлолияти комили худро ба даст оваранд. Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад.

Воқеаҳои пурошӯби охирҳои асри гузашта моро водор мекунад, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, рӯ ба тараққӣ ниҳодани иқтисодиёт, саноатикунонии кишвар ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем.

Мусаллам аст, ки дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо танҳо дар сурати доштани ваҳдату сарҷамъӣ ва саъю талоши ватандӯстонаи тамоми сокинони кишварамон метавонем истиқлоли Ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта гардонем ва ҳамаи нақшаву ҳадафҳои миллиамонро амалӣ намуда, миллати хушбахт бошем.

Ҳоло мо дар арафаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем ва аз ин рӯ, орзу мекунем, ки сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон ҳамеша ҳукмрон ва амну суботи ҷомеаи фарҳангсолорамон ҷовидону бегазанд бошад!

Орзумандем, ки нури хуршеди истиқлол то абад сарзамини биҳиштосои моро равшан намояд. Миллати сарбаланди мо бо роҳбарии Пешвои муаззами худ ба зинаҳои баланди тараққию пешрафтҳо ноил гардад!

Хоҷазода Давронҷон, директори Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

 

single