НАҚШИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ МУОСИРИ ТОҶИКОН
2026-04-14 11:15:47
(Ба ифтихори 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Таърихи ҳар як халқу миллат фарзандони фарзонаеро ёд дорад, ки барои ҳифзу
ҳимояи манфиатҳои миллӣ талошу ҷонбозиҳои бемисл нишон додаанд. Тоҷикон низ
мардуми хушбахтанд ва хушбахтии мо тоҷикон дар он аст, ки насибамон чунин
абармарди даврон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ба арсаи сиёсату роҳбарӣ ворид гашт, ки ҷумҳурии
тозаистиқлоламон, баъди пошхўрии давлати абарқудрати Шӯравӣ, бо дассисаҳои
бадхоҳони миллат ва бо ҳидояту дастгирии хоҷагони аҷнабиашон ба кашмакашиҳои
дохилӣ кашида шуда, дар пешорӯи парокандагию нестӣ қарор дошт.
Дар вазъияте, ки аз беҳунарии ҳукумати мусолиҳаи миллӣ истифода карда, марказ
ва ҷануби Тоҷикистонро гурўҳҳои ба ҳам зидди ҷангиёни мусаллаҳ фаро гирифта
буданд ва ҳукумат фалаҷ гардида, дар вартаи ҳалокат қарор дошт, ки садҳо ҳазор
шаҳрванди Тоҷикистон гуреза шуданд.
Парвардигори
оламофар раҳмаш омаду барои оммаи раҳгумзадаи тоҷикон фарзанди фарзонаи миллат
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат дар мақоми роҳбарӣ баровард. Дар дилу
ақлу забони бандагонаш андохт, ки танҳо аз дили мардум аз ниҳоди ў ҳамин гуна
роҳбари далеру шуҷоъ зуҳур карда метавонад ва мамлакатро аз вартаи нобудшавӣ
наҷот мебахшад.
Бо амри тақдир дар Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тољикистон, ки дар шањри
Хуљанди бостонӣ баргузор гардид, аксарияти вакилон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
интихоб намуданд. Хушбахтона, ба шарофати иродаи қавии Эмомалӣ Раҳмон ин хатар
бартараф гардид ва ягонагии Тоҷикистон таъмин карда шуд. Ва ин дастоварди
таърихӣ ва сарнавиштсозест, ки номи ӯ дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон
ҳамчун наҷотбахши давлат бо ҳарфҳои заррин ҷовидона сабт гардидааст.
Набояд фаромӯш кард, ки сулҳи тоҷикон бо заҳмати басо сангин ва қимати ҷон ба
даст омадааст. Ҳадафи Сарвари асили мо чун кафили оромиву амнияти мардум ва
давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабл аз ҳама, гирифтани пеши роҳи хунрезӣ,
хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва муҳимтар аз ҳама ба даст овардани сулҳи
пойдор буд. Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон ақлу заковат, ҳиммату
хирад, ҷасорату диловарӣ лозим омад, ки ин вазифаи сангинро сарбаландона ба
иҷро расонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсияш қадам ба
қадам дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта,
ҷойгоҳи воқеан ҳам мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Ҳамон гуна, ки
аҳли як хонадон фарзанди худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба
як марди бузург табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти
вай ошноӣ доранд ва ӯро бовар мекунанд.
Шахсан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши ватану миллат ва дар сояи
дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу
эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ,
шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд.
Барои расидан ба ин мақоми миллию таърихӣ, Роҳбари давлат роҳеро тай намуд, ки
пур аз мушкилот, пур аз печутоб, пур аз хавфу хатар, аммо пур аз ифтихор, пур
аз муҳаббат ва пур аз комёбӣ буд. Ин аст, ки агар касе бихоҳад, то симо,
шахсият ва ҷойгоҳи ӯро назди мардуми тоҷик дарк намояд, бояд пеш аз ҳама роҳи
паймудаи ӯ ва хидматҳои таърихии вайро барои ин мардум дарк кунад.
Таҳлили
ҳамин роҳ ва дарки ҳамин дастовардҳо худ ба худ нишон медиҳад, ки Эмомалӣ
Раҳмон кист ва барои мардум ва давлати Тоҷикистон чӣ ҷойгоҳ ва чӣ арзише дорад,
зеро имрӯз вақте дар бораи роҳи тайшуда ва дастовардҳояш дар марҳалаи
пурпечутоби 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сухан меравад, бешубҳа, симои ин
шахсият пеши назар меояд.
Маҳз ҳамин нигоҳи ҷомеъ ва маҳз таҳлили қадам ба қадам ва зина ба зина ӯ дар
роҳи худшиносӣ ва худогоҳӣ нишон медиҳад, ки чаро Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Пешвои дӯстдоштаи миллат аст ва чаро ин мақоми ӯ ҳолати табиӣ ва бисёр устувор
дорад.
Ҳамин тавр, имрӯз бо камоли ифтихор метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун
кишвари мустақили соҳибихтиёр ҷойгоҳи муносиб ва сазовори худро дар арсаи
байналмилалӣ пайдо кардааст. Ин тантана як ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик аст,
ки хушбахтона, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари
оддӣ, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили
сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири
миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба як меъмори соҳибфазли давлатдории навини тоҷикон
ва Пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад.
Пас Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон фақат як мансаб ё як унвони ҳуқуқӣ
нест, балки Пешвои миллат будани ӯ як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати
таърихиест, ки ӯ дар шоҳидии тамоми мардум ба ҷой овардааст ва Тоҷикистонро дар
арсаи ҷаҳон ба мардуми олам муаррифӣ намудааст.
Имрӯз ҳамагон шоҳид он мебошем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
дастовардҳои пешин қаноат накарда, дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ пешниҳодҳои бемисл
менамоянд. Бо сиёсати хирадмандона ва бобарори фарзанди фарзонаи миллати
тамаддунофари тоҷик, Тоҷикистон аз як давлати аграрӣ ба кишвари саноатию аграрӣ
табдил меёбад.
Бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон, дар
оянда аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада ба кишвари транзитӣ мубаддал
мегардад. Бо ба анҷом расидани иншооти аср, НБО – и Роғун ба истиқлолияти
энергетикӣ мерасад, ки ин ба пешрафти тамоми паҳлуҳои хоҷагии халқамон аз он
ҷумла, ба давлатҳои Осиёи Марказӣ шароити мусоид рушд фароҳам меорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корнамоиҳои хеш ба қатори симоҳои мондагори таърихи
миллати тоҷик ворид гашта, дар радифи абармардони дунё қарор дорад. Дар таҳкими
пояҳо ва устуворсозии давлатӣ миллии тоҷикон саҳми Сарвари давлат хеле калон
буда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бузургеро соҳиб гаштааст.
Имрӯз, Тоҷикистони соҳибистиқлол бо таҷрибаи сулҳофараш намунаи оламиён гашта,
ба сарзамини рушдёфта табдил меёбад. Беҳуда нест, ки ҷаҳониён таҷрибаи сулҳи
тоҷиконро омўхта, барои ба эътидол овардани манотиқи ноороми сайёра онро
роҳандозӣ менамоянд.
Имрӯз мо бояд шукрона аз он кунем, ки дар кишвари ободу озод, зери ливои сулҳу
ваҳдат ва истиқлолият зиндагии шоиста дорем. Обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони
соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ торафт афзун гашта, кишвари мо ҳамчун сарзамини
ташаббускор ва меҳмоннавоз дар ҷаҳон маълуму машҳур аст. Тоҷикистон сиёсати
дарҳои бозро пеш гирифта, бо тамоми кишварҳои олам риштаҳои дӯстиро барқарор
намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон маҳбубияти
хосро сазовор буда, бо унвони «Президенти мардумӣ» мушарраф гаштааст, зеро
миллати тоҷик дар симои Пешвои миллат наҷотбахш, сулҳофар, бунёдкор ва шахсияти
меҳрубону ғамхорро дарёфтааст.
Иматчоев ЗИНАТШО , н. и. и. дотсент., директори Литсейи касбии техникии
нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе