ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
2026-04-14 11:02:16
(Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо
рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрӣ, балки заминаи боэътимоди рушди устувори тамоми
соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо
такя ба арзишҳои миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумат ба марҳилаи
нави рушд ворид гардида, дар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла тандурустӣ, ба
дастовардҳои назаррас ноил шудааст.
Соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз бахшҳои калидии сиёсати
иҷтимоии давлат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор
дорад. Бо роҳбарии дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолият
як қатор барномаҳои давлатӣ ва ислоҳоти фарогир амалӣ гардида, заминаи
мустаҳкам барои рушди ин соҳа фароҳам оварда шудааст.
Чунончи, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид
намудаанд:
«Саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати
иҷтимоии давлат буда, рушди он кафили пешрафти ҷомеа мебошад».
Дар давоми 35 соли истиқлолият соҳаи тандурустӣ ба
тағйироти куллӣ рӯ ба рӯ гардид. Бунёд ва азнавсозии муассисаҳои тиббӣ, таъмини
онҳо бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат, баланд бардоштани сатҳи
хизматрасонии тиббӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос аз ҷумлаи
дастовардҳои муҳими ин давра маҳсуб меёбанд. Имрӯз дар саросари кишвар
марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои муосир ва муассисаҳои махсусгардонидашуда
фаъолият доранд, ки ба аҳолӣ хизматрасонии босифат мерасонанд.
Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи
тандурустӣ рушди захираҳои инсонӣ мебошад. Дар ин замина, таваҷҷуҳи махсус ба
омодасозии кадрҳои баландихтисоси тиббӣ зоҳир гардида, муассисаҳои таълимӣ бо
барномаҳои муосир ва технологияҳои нав таъмин карда мешаванд.
Тавре
Пешвои миллат иброз доштаанд:
«Ояндаи
соҳаи тандурустӣ аз сатҳи дониш, малака ва масъулиятшиносии мутахассисони он
вобаста аст».
Дар
баробари ин, татбиқи технологияҳои муосир, рақамикунонии соҳа, ҷорӣ намудани
усулҳои нави ташхису табобат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба рушди босуръати
соҳаи тандурустӣ мусоидат намуда истодаанд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи давлат ба
пешгирии бемориҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати
тиббии аҳолӣ ба беҳтар гардидани вазъи саломатии ҷомеа замина гузоштааст.
Муассисаҳои
таълимии соҳаи тиб, аз ҷумла коллеҷҳои тиббӣ, дар ин раванд нақши калидӣ
доранд. Омӯзгорон бо истифода аз усулҳои муосири таълим кӯшиш менамоянд, ки
донишҷӯёнро ҳамчун мутахассисони соҳибкасб, дорои ахлоқи ҳамида ва ҳисси
баланди масъулият тарбия намоянд. Зеро маҳз ҷавонон ояндаи соҳа ва кафили рушди
минбаъдаи он мебошанд. Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи худро мустаҳкам намояд ва дар
самти рушди тандурустӣ бо кишварҳои пешрафта ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.
Ин раванд ба табодули таҷриба, ҷалби технологияҳои нав ва баланд бардоштани
сатҳи хизматрасонии тиббӣ мусоидат мекунад.
Дар
маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар даврони истиқлолият
натиҷаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат ва заҳмати содиқонаи кормандони
соҳа мебошанд. Имрӯз вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки ин дастовардҳоро ҳифз
ва боз ҳам рушд дода, сатҳи хизматрасонии тиббиро ба зинаи баландтар бардорем.
Бо
итминони комил метавон изҳор дошт, ки соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар заминаи
истиқлолият ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар оянда низ бо қадамҳои
устувор пеш хоҳад рафт.
Директори “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” номзади илмҳои тиб, Одилзода Исмоил Ёқубҷон