Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИЛМИ ТОҶИК ДАР 35-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
single-product

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИЛМИ ТОҶИК ДАР 35-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

2026-04-13 10:08:19

(Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи илми тоҷик)

Ба ҳар яки шумо таъкид мекунам, ки ба қадри вақт ва давраи зудгузари наврасию ҷавонӣ расед, доим дар талоши илму донишомӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар бошед, бештар китоб хонед, донишманд шавед, забони покиза ва одоби муоширати баланд дошта бошед, ояндаи давлатро соҳибӣ кунед, истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистонро ҳифз намоед, онро таҳким бахшед ва обрӯю манзалати давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоред.

Эмомалӣ Раҳмон

Илм ва дониш аз қадимтарин ва муҳимтарин неъматҳои инсоният ба ҳисоб мераванд. Аз замонҳои хеле дур инсон ҳамеша кӯшиш мекард, ки асрори табиат ва қонуниятҳои зиндагиро омӯзад. Маҳз тавассути илм ва дониш инсоният аз давраҳои ибтидоӣ гузашта, ба сатҳи баланди тамаддун расидааст. Имрӯз тамоми пешрафти ҷомеаи башарӣ ба илму дониш вобаста мебошад.

Рӯзи илми тоҷик ҳамасола 14-уми апрел ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба аҳли илму дониш, рушди тафаккури илмӣ ва саҳми олимон дар пешрафти кишвар таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо санаи идона барои муҳаққиқон ва донишмандон, балки барои тамоми ҷомеа, ҳамчун ёдоварӣ аз аҳамияти илм дар замони муосир мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, соҳаи илм дар кишвар рушд ёфта, мақоми муҳим касб намудааст. Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ба рушди илм ва қадршиносии олимон таваҷҷуҳи пайваста ва хоса зоҳир менамояд.

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илми тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр назаррас ва таърихӣ мебошад. Дар шароите ки баъди истиқлолият соҳаи илм бо мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барои ҳифз ва рушди илму маориф заминаи устувор фароҳам овард.Бо сиёсати илмпарваронаи ӯ пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои пешрафти соҳаи илм, маориф ва таҳқиқоти илмӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди фаъолияти муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои тақвияти таҳқиқоти илмӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва рушди соҳаҳои гуногуни илм дастгирии доимӣ мерасонад. Бо ташаббуси ӯ барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ барои рушди илм, технология ва инноватсия қабул гардида, шароити мусоид барои фаъолияти олимон ва муҳаққиқон муҳайё карда шудааст. Ҳамзамон, Пешвои миллат муаллифи як қатор асарҳои илмӣ-таърихӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои таърих, фарҳанг, тамаддун ва худшиносии миллии тоҷикон баррасӣ шудаанд. Аз ҷумла асарҳои машҳури ӯ Тоҷикон дар оинаи таърих, Чеҳраҳои мондагор ва Забони миллат, ҳастии миллат барои омӯзиши таърихи халқи тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди худшиносии миллӣ аҳамияти бузург доранд. Бо ташаббуси ӯ инчунин таваҷҷуҳ ба омӯзиши осори ниёгон, эҳёи мероси фарҳангиву илмии гузаштагон ва муаррифии тамаддуни тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ зиёд гардидааст. Пешвои миллат пайваста олимон ва муҳаққиқонро ба таҳқиқоти нав, истифодаи дастовардҳои илмии муосир ва рушди тафаккури илмӣ ҳидоят мекунад.

Таҷлили Рӯзи илми тоҷик, на танҳо арҷгузорӣ ба заҳмати олимон ва устодон, балки паёме барои насли нав аст, ки фардои кишварро маҳз бо нури илм метавон равшан кард. Дар дунёе, ки ҳар рӯз бо суръати бесобиқа тағйир меёбад, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати олимони созанда ба самти ояндаи донишбунёд қадам мегузорад.

Илм чароғи равшанест, ки роҳи зиндагии инсонро равшан месозад. Он инсонро аз ҷаҳлу нодонӣ раҳо намуда, ба роҳи дуруст раҳнамоӣ мекунад. Касе, ки дониш дорад, метавонад зиндагии худро дуруст ба роҳ монад, мушкилоти зиндагиро ҳал намояд ва дар ҷомеа мавқеи сазоворро ишғол кунад. Бинобар ин, омӯзиши илму дониш барои ҳар як инсон вазифаи муҳим ва муқаддас ба ҳисоб меравад. Илм аз қадимулайём дар сарзаминҳои таърихии мо нашъу намо ёфтааст ва тоҷикон саҳми қобили таваҷҷуҳе дар улуми табиӣ, пизишкӣ, риёзиёту кимиёву ҷабру фалсафа ва ғайра доштаанд. Афкори илмии классикони мо муаррифгари соҳибфарҳангиву баёнгари соҳибмаърифатии мо буда, андешаҳои илмии имрӯза муҳимтарин василаҳои ҳалли ҳамаи мушкилоти муосир маҳсуб меёбанд. Бузургони илму адаб ҳамеша арзиши донишро бисёр баланд арзёбӣ кардаанд. Онҳо дар осори худ мардумро ба омӯзиши илм даъват намудаанд. Чунон ки гуфтаан:

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Ин суханони пурмазмун нишон медиҳанд, ки агар инсон дониш дошта бошад ва онро дар амал истифода барад, дар ҷомеа соҳиби обрӯ ва эҳтироми зиёд мегардад. Илм танҳо дар китобҳо набояд маҳдуд шавад, балки бояд дар амал татбиқ гардад.

Дар таърихи халқи тоҷик олимон, мутафаккирон ва адибони бузурге ба дунё омадаанд, ки бо илму дониш ва осори гаронбаҳои худ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Аз ҷумла, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Саъдии Шерозӣ, Умари Хайём, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон аз зумраи чунин шахсиятҳои барҷаста мебошанд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки асосгузори адабиёти классикии тоҷик ба ҳисоб меравад, дар бораи арзиши дониш чунин фармудааст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ин маънои онро дорад, ки дониш мисли чароғест, ки роҳи зиндагии инсонро равшан мекунад ва мисли сипаре мебошад, ки инсонро аз бадӣ ва хатарҳо муҳофизат менамояд. Илова бар ин, дар таърихи илм олимони бузурги тоҷик ва форс, ба монанди Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ ва Абӯнасри Форобӣ низ саҳми бузург гузоштаанд. Осори илмии онҳо дар соҳаҳои тиб, фалсафа, математика, астрономия ва дигар илмҳо то имрӯз аҳамияти калон дорад.

Имрӯз ҷаҳони муосир босуръат рушд карда истодааст. Илм ва техника рӯз ба рӯз пеш меравад. Кашфиётҳои нав, технологияҳои муосир ва ихтироъҳои гуногун маҳз бо шарофати дониш ва таҳқиқоти илмӣ ба вуҷуд меоянд. Аз ин рӯ, барои ҳар як инсон, махсусан ҷавонон, хеле муҳим аст, ки ба омӯзиши илм таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Ҷавонон ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Пешрафти ҳар як кишвар аз донишу маърифати ҷавонони он вобаста аст. Агар ҷавонон донишманд ва соҳибмаърифат бошанд, давлат низ пешрафта ва пуриқтидор мегардад. Аз ҳамин сабаб, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди илму маориф таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.

Дар кишвари мо мактабҳо, донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ ва китобхонаҳои зиёд фаъолият доранд, ки ба ҷавонон имконият медиҳанд, донишҳои худро такмил диҳанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд ба омӯзиши илм бештар аҳамият диҳанд ва бо донишу маърифат барои пешрафти Ватан хизмат намоянд.

Илм сарвати бебаҳоест, ки инсонро ба камол мерасонад. Он чизест, ки онро на метавон дуздид ва на аз инсон гирифт. Дониш ҳамеша бо инсон мемонад ва ба ӯ дар тамоми давраҳои зиндагӣ кӯмак мерасонад. Аз ҳамин сабаб, ҳар як инсон бояд кӯшиш намояд, ки дониши худро рӯз ба рӯз зиёд намояд. Дар ҳақиқат, инсон бе илму дониш наметавонад ба комёбӣ расад. Чунон ки дар суханони ҳикматомез гуфта шудааст:

Илм агар андак бувад, хораш мадор,

Чунки дорад илм қадри бешумор.

Ин суханҳо моро водор месозанд, ки донишро қадр намоем ва ҳамеша барои омӯхтани он талош кунем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки «Дар марҳалаи имрӯзаи тараққиёти башарият, ки даврони дастовардҳои бесобиқаи илму техника ва технология мебошад, неруи илмиву зеҳнӣ ба муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа табдил ёфтааст». Ин суханон бозгӯи он мебошанд, ки дар маркази сиёсати миллии мо, инсон, дониш ва нерӯи фикрӣ қарор доранд. Таъмини шароити мусоид барои фаъолияти пажӯҳишгарон, маблағгузории лоиҳаҳои илмӣ ва таҳкими заминаи ҳуқуқии рушди илм аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз соли 2020 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» оғоз гардид. Ин иқдоми стратегӣ ба омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо такони тоза бахшид. Омодасозии кадрҳои баландихтисос, таҷдиди барномаҳои таълимӣ ва таъмини пойгоҳи техникии муассисаҳои илмӣ-таҳсилотӣ бо технологияҳои навин яке аз самтҳои амалӣ шудани ин барнома мебошад. Аз ҷониби дигар, рушди босуръати технологияи муосир, ки боиси рақобатпазирии носолим дар давлатҳои мухталиф гардидааст, ногузир оғози тасаллуту тасарруфи «адабона» низ гаштааст.

Аз ҷумлаи ташаббусҳои муҳими Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва тарбияи кадрҳои наврас Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”-ро қайд намудан мумкин аст, ки аз соли 2021 инҷониб баргузор мешавад. Ин озмун ба дарёфти истеъдодҳои ҷавон, рушди тафаккури техникӣ, вусъати фаъолияти ихтироъкорӣ ва ҷалби насли нав ба пажӯҳиш равона шудааст. Соли 2025 ба ин озмун номинатсияи нав “Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ”, илова гардид. Ин навоварӣ дар партави эълон шудани “Солҳои 2025–2030 ҳамчун солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” амалӣ шуда, иқдоми олӣ барои чолишҳои талаботи асри рақамӣ мебошад. Ҳадаф он аст, ки ҷавонон дар соҳаҳои муҳимтарини илм ва технология имконияти равнақ ёбанд ва дар оянда кишварро ба сӯи иқтисоди рақамӣ роҳнамоӣ намоянд.

Илм бузургтарин сарвати инсон аст. Он инсонро аз торикии ҷаҳолат раҳо намуда, ба роҳи нур ва маърифат роҳнамоӣ мекунад. Танҳо бо шарофати илм инсон метавонад ба қуллаҳои баланди пешрафт ва муваффақият расад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша ба омӯзиши илму дониш рӯ оварем ва бо донишу маърифат барои ободии Ватан ва рушди ҷомеа саҳми арзанда гузорем. Зеро ояндаи ҳар як миллат аз донишу маърифати фарзандони он вобаста мебошад.

Хулоса, ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи мероси илмии гузаштагон, омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ ва рушди илмҳои дақиқ низ аҳамияти калон доранд. Бо дастгирии давлат олимон имкони бештар барои анҷом додани таҳқиқот, иштирок дар ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ пайдо намуданд. Ҳамин тавр, сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат боис гардид, ки илми тоҷик дар даврони истиқлолият марҳилаи нави рушдро оғоз намояд. Таваҷҷуҳи доимии давлат ба илму маориф барои баланд гардидани сатҳи дониш, тарбияи кадрҳои илмӣ ва таҳкими нуфузи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон мусоидат намуда, барои пешрафти минбаъдаи ҷомеа заминаи боэътимод фароҳам овард.

Тоҳир ОДИЛОВ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ

 

single