Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ПЕШРАФТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ БО РОҲБАРИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
single-product

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ПЕШРАФТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ БО РОҲБАРИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

2026-04-10 08:39:42

(Ба ифтихори 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 

Тоҷикистон дар давоми 35-соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз яке аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳони мақоми хоссаеро дорост

Ватани азизу маҳбуби мо 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро ба даст овард ва ин санаи таърихӣ ҳар сол дар ҷумҳурӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Истиқлолияте, ки орзуи ҳамешагии ҳар миллати озода аст. Истиқлолият барои мо ҷавонон имкони воқеи фароҳам овард, ки дар даврони тинҷу ором дониш омӯзем, касбе аз худ намоем ва озодона дар кадом системае, ки набошад кору фаъолияти худро идома диҳем. Ин ҳама имкониятҳои беназир махсусан дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ба мо муяссар гардид.

Истиқлолият ба мо ҷавонон рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омузонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

 

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 35 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, бо шарофати истиқлолият соҳиби рамзҳои давлатӣ -Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

 

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар ҷаҳон чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон-манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми миллати тоҷик аст.

 

Ҷумҳурии мо бо тамоми мамлакатҳои ҷаҳон робитаи дӯстӣ барқарор намудааст. Тоҷикистонро қариб ҳамаи давлатҳои дунё ба расмият шинохтаанд. Тоҷикистони азизи мо узви Созмони Миллали Мутаҳид гашт ва ба оилаи кишварҳои озоди ҷаҳон пазируфта шуд, ки аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар тӯли соҳибистиқлолиятии худ мебошад.

 

Яке аз музаффариятҳои дигари даврони истиқлолият ин ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем. Маҳз бо шарофати истиқлолият Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзии хеш боз намуд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти миллӣ зикр карда буданд: “Баҳри ноил гаштан ба истиқлолияти комил зарур буд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон моҳияти давлати миллиро дарк кунад, аз ҳадафҳои аслии истиқлолият, унсурҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва оинаи ватандорӣ огоҳ бошад.

 

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибтамаддуни тоҷик бо дарки қадру қиммат ва арзиши таърихии истиқлолият ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.

 

”Ҳамин ҳисси баланди масъулияти дар назди худ гузошта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки мо ҷавононро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои миллию давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем.

 

Маҳз мо ҷавонон бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳем гузошт.

 

Имсол мо 35 солагии Истиқлолияти давлатиамонро ҷашн мегирем. 35 сол дар назди таърих як лаҳза аст, вале барои мо тоҷикон, ин 35 сол қиммати чандин асраро дорост. Ҳамаи мо вазифадорем, ки Ватанамонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, пеш аз ҳама худамон намунаи ибрати дигарон бошем.

 

Мо, бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: «Бигзор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳо оварад!»

Бигзор Истиқлолияти миллӣ чун қуллаҳои сарбаланди кишвар устувору поянда бод!

 

ҲАКИМЗОДА ФАЙЗАЛӢ ИСМАТУЛЛО, н.и.ф., директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

 

single