Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ МАМЛАКАТ БАРГУЗОР ГАРДИД
single-product

ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ МАМЛАКАТ БАРГУЗОР ГАРДИД

2026-04-06 10:57:36

Дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди миллӣ дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи наврӯзии соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакат таҳти унвони «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» баргузор гардид.

Ин ҳамоиши фарҳангиву маърифатӣ бо ҳузури доираи васеи намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли илму маориф, кормандони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, донишҷӯёну хонандагон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба ҷашни ҳақиқии миллӣ табдил ёфт, ки дар он анъанаҳои деринаи тоҷикон бо дастовардҳои муосири соҳа ба ҳам омаданд.

Дар чорабинӣ Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ академик Фарҳод Раҳимӣ, мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло Зувайд, муовини якум ва муовини раиси Кумита Баҳрулло Давлатзода ва Алишер Ализода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом, муовини директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиднуриддинзода Аҳлиддин Саиднуриддин, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Назарзода Маҳмуд Мирзо, Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Камолова Маҳбуба Расуловна, сармуҳаррири нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Народная газета», намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе, инчунин роҳбарону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар иштирок намуданд.

Қисмати аввали чорабинӣ бо боздиди меҳмонон аз намоиши дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ оғоз гардид. Дар ин намоишгоҳ, ки бо завқи баланд ва ороиши миллӣ ташкил гардида буд, маҳсули эҷодии донишҷӯён ва омӯзгорон, аз ҷумла намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти амалӣ, ихтироот ва корҳои эҷодӣ ба маъраз гузошта шуданд. Ҳар як гӯшаи намоишгоҳ ба таври хос баёнгари имкониятҳои муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва сатҳи баланди омодагии касбии донишҷӯён буд. Меҳмонон бо таваҷҷуҳи зиёд аз ин дастовардҳо дидан намуда, ба сатҳи кору фаъолияти муассисаҳо баҳои баланд доданд.

Дар баробари ин, хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ, аз ҷумла суманак, шириниҳо ва дигар хӯрокҳои суннатӣ ороста шуда буд, ки рамзи фаровонӣ, баракат ва эҳёи табиат маҳсуб меёбад. Бозиҳои варзишӣ, рақобатҳои ҷолиби анъанавӣ ва намоиши расму ойинҳои мардумӣ, аз қабили гулгардонӣ, суманакпазӣ ва сурудҳои наврӯзӣ фазои идонаро боз ҳам ҷаззобтар гардонданд. Ин ҳама баёнгари он буд, ки соҳаи таҳсилоти касбӣ на танҳо ба таълим, балки ба ҳифз ва тарғиби фарҳанги миллӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Сипас, маросими расмии чорабинӣ оғоз гардид. Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ дар суханронии худ аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии Наврӯзро таъкид намуда, онро ҷашни эҳё, созандагӣ ва муттаҳидсозандаи мардум номид.

Ӯ зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Наврӯз ба як ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфта, Тоҷикистон ҳамчун ватани аслии он дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисос ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи бозори меҳнат аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ ба шумор меравад ва чунин чорабиниҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ ва касбии ҷавонон нақши муҳим мебозанд.

Дар идома мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло Зувайд зимни баромади худ изҳор дошт, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва рамзи эҳёи табиат дар қалби ҳар як сокини кишвар ҳисси шодиву сурур, умед ба фардои нек ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба вуҷуд меорад. Таъкид гардид, ки таҷлили чунин ҷашнҳои миллӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонгароӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгон аҳамияти бузург дорад.

Зикр шуд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни табиат, балки ҷашни ҳамбастагӣ, дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад ва маҳз дар чунин рӯзҳои пурфайз аҳли маориф метавонад бо неруи тоза барои рушди соҳа ва тарбияи мутахассисони босалоҳият қадамҳои устувор гузорад. Ӯ ба ҳамаи ҳозирин идонаи Наврӯзро табрик гуфта, барояшон тандурустӣ, саодатмандӣ ва комёбиҳои нав таманно намуд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом зимни баромади худ иброз дошт, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамчун рамзи сулҳу дӯстӣ ва эҳёи табиат дар пойтахти кишвар ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ӯ гуфт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ҳифз ва рушди анъанаҳои миллӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Гуфта шуд, ки ҷавонон, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, бояд аз арзишҳои волои Наврӯз илҳом гирифта, дар рушду ободонии Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд. Ӯ ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯз самимона табрик намуда, барояшон сулҳу субот, файзу баракат ва дастовардҳои нав орзу кард.

Дар идомаи маросим ба як қатор кормандони фаъоли соҳа барои хизматҳои шоёнашон дар рушди таҳсилоти касбӣ мукофотҳои соҳавӣ тақдим гардиданд.

Бахши фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангини ҳунарӣ идома ёфт. Ҳунармандони маъруфи кишвар Муҳаррама Шарифзода, Лола Азизова, Лутфулло Давлатов, Шоҳин Абдуллоев, Вайсиддини Шарипов ва гурӯҳҳои ҳунарии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо суруду таронаҳои дилнишин, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳначаҳои ҷолиби фарҳангӣ хотири ҳозиринро шод гардонданд. Барнома бо мазмуну муҳтавои баланди ватандӯстона ва тарбиявӣ таҳия гардида, арзишҳои миллӣ, зебоии табиат ва суннатҳои неки тоҷиконро васф мекард.

 

single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single